logo

Хабарҳо

ДУ ТОРИ ЯК ДУТОР

 
Чанде пеш нашриёти «Шарқи озод» маҷмуаи эссе, сафарнома ва ҳикояҳои рӯзноманигор ва адиб Алӣ Ҷӯра «Тулуи беғуруб» - ро ба табъ расонд. Китобро сарсухани ба хубиву бо меҳр нигоштаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ҳусни оғоз бахшидааст. Устод аз рӯзгору осори муаллиф ба некӣ ёд карда, роҷеъ ба махсусияти эссе ва сафарномаҳояш хеле батафсил андешаҳояшро иброз намудааст. Қисмати сеюми маҷмуа низ, ки ҳикояҳои муаллифро дар бар гирифтааст, аз назари адиб дур намонда. Мо низ сафари хешро ба олами эҷоди Алӣ Ҷӯра аз ин ҷода пеш гирифтем. 
Ҳикояи нахустини китоб «Дутор» аст. Дар он аз қисмати талхи наврасе ҳикоят мешавад, ки замони пурташвиши ҷанг вайро пеш аз муҳлат бузург карда. Ӯ нишонае аз падари хеш ва писари дар ҷанг шаҳидгаштаи мӯйсафеди Карим Фарҳод ва ягона такягоҳи модар аст. Мӯйсафед, ки ба ғайр аз духтараш Соҷида фақат ҳамин  писару модарро дошт, пеш аз марг ягона дороии арзишманди хеш-дуторро ба ӯ медиҳад. Аз ин ба баъд дутор таскинбахши қалби пур аз дарду ғами аҳли деҳ ва моломоли ишқу зиндагии худи ҷавон мегардад. 
Як лаҳзаи ҳаёти мушкили баъдиҷангиро муаллиф дар ҳикояи хеш устокорона ба қалам кашида, дар он ҳам дарду алами мардум, ҳам мушкилоти зиндагии замони ҷангу баъдиҷангӣ ва ҳам ҷӯш задани меҳри зиндагӣ дар қалби ҷавонону наврасон хеле нишонрас мунъакис намудааст. Ба мисли мусиқии ҷолиби зиндагӣ, ки дар он ҳам ғаму ҳасрат ҳасту ҳам ишқу умед, ҳикоя дар худ марги мӯйсафеду писари ягонааш, падари писару маросими ёдкарди бобои Карим ва низ нафаси субҳи атрогини деҳро тавъам бо ҳарфу ҳиҷоҳои одамону ғалоғулаи атроф ва хаёлпардозиҳои ошиқбачаеро хеле зебо дар худ ғунҷондааст. 
Қаҳрамони ҳикояи «Зоғи сиёҳ» низ писарбачаи хурдсолест, ки ҳоло ба ҳодисаҳои дар атрофаш рухдиҳанда дуруст сарфаҳм намеравад. Ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳодисоти замонашро бо дид ва ҷаҳонбинии худ мутобиқ созад. Падарро савори аспи сафед дидан аз қалбу нияти покаш дарак медиҳад. Дар тасвири падар низ аз тахайюлоти бойи кӯдаконааш истифода мебарад. Падар шубон аст, мардест, ки масъулияти нигаҳбонии як тӯдаи калонро бар дӯш дорад. Чун паҳлавон (дар қисса човандоз омада) аз иҷрои ин кор ба хубӣ ҳам мебарояд. Фақат чун балои осмонии ба сарашон омада дар чормағзи ҳавлӣ ҷой гирифтани зоғи сиёҳ писаракро нороҳат месозад. Вай бо ҳисси зотии хеш аз пешомади нохуше дарак меёбад ва мутобиқ ба тавони хеш бо он мубориза мебарад. Дар ин ҳикоя низ воқеаҳо бо марги падар ба охир мерасанд, вале нуктаи ҷолиб ин аст, ки писар чун идомадиҳандаи умри ӯ ба ҳимояи модар бармехезад.
Ҳикояи «Камони қомат» бо чунин суханон оғоз мегардад: «Гоҳе дар кӯчаҳои деҳ бо пире нуронӣ дучор меоям, ки қоматашро бар асои дасташ такя дода роҳ меравад». Воқеаҳои зиёде, ки Абдулло-паҳлавон аз сар мегузаронад, дар инкишофи табиати хислаташ таъсири амиқ доранд.  «Қомати камони бобои Абдулло замоне рост мисли сарв буд. Чун ӯро мебинам қиссаҳои зиндагияш ёдам меояд. Қиссаҳое, ки бо шавқ нақл мекунад. Ҳамон қиссаҳое, ки осори худро дар ҷисми Абдулло - паҳлавон гузоштаанд ва ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанду шояд баъди ӯ чун афсонаҳои рангин боқӣ монанд...» Акнун ягона такягоҳаш асои ӯст, ки ҷисми пирамардро ҳамвора бо тамоми бори гарони хотироташ мебардорад... 
Дар маҷмуъ, гирудорҳои Алӣ Ҷӯра нишон медиҳанд, ки ба адабиёти мо боз як нафари дигаре бо ҷиддияти том ворид мешавад, ки даъвоҳои зиёде ҳам дорад. Кӯшиши ба адабиёт ворид намудани навгониҳояш ҳам аз чашми тезбин панаҳ нахоҳад монд.  Малака ва маҳорати кофии эҷодӣ низ дорад. 
Ҳар кас мувофиқи андеша ва завқи худ аз маҷмуаи нави Алӣ Ҷӯра «Тулуи беғуруб» чизеро мехоҳад, дарёфт менамояд. Муҳим ин, ки навиштаҳояш бо забони хеле фаҳмо ва самимияти хос офарида шудаанд. Дар замони мо ин ду чиз хеле камёфт ва пурарзишанд.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед