logo

Хабарҳо

Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо фиристодаи Президенти Корея

 
Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, бо фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданд, мулоқот кард. Гуфта шуд, ки бо назардошти имконияти ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муносибатҳои ду кишвар сол ба сол аҳамияти бештар касб мекунанд. 
Таъкид рафт, ки таҷрибаи Корея дар татбиқи технологияи замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гунгогун метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Корея дар Тоҷикистон ниҳоят муфид мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода зиёд намудани бурсияҳои таҳсилро ба донишҷӯёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи барномаи бурсиявии глобалии Корея таъкид намуд.
 
 
Эрон хостори таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ мулоқот намуд. 
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки Ҳукумат ва парлумони кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар заминаи робитаҳои байнипарлумонӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст, ки ҷаласаи фосилавии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки моҳи марти имсол баргузор гашт, далели гуфтаҳост.
Ҷалил Раҳимӣ сафари ҳайати парлумони Маҷлиси Шурои Исломии Эронро ба Тоҷикистон оғози фасли нав дар раванди муносибатҳои парлумонии ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкорӣ аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.
 
 
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷон Айлиев 
Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ  Ҷон Айлиевро ба ҳузур пазируфт, - иттилоъ дод Вазорат.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, аз ҷумла раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо Салиби Сурх
Дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо роҳбари намояндагии Миссияи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ангелика Шопп гуфта шуд, ки намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дошта, дар ин муддат даҳҳо барномаҳоро дар самти ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ роҳандозӣ намудааст.
Ба иттилои Вазорат, ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва ташкили семинару тренингҳои омӯзиширо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ангелика Шопп ба сатҳи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
 
 
Гуфтушунид миёни намояндагони вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Кувайт
Миёни ҳайати намояндагони Вазорати молия бо роҳбарии сардори сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ Шодиён Завқибек ва Вазорати молияи Давлати Кувайт – назораткунандаи шартномаҳои байналмилалӣ, сардори шуъбаи созишномаҳои сармоягузорӣ Суҳайл Фаҳд Занкӣ лоиҳаи протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» муҳокима шуд.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи протоколи мазкур, мутобиқ намудани муқаррароти Созишнома ба талаботи таҳрири нави Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя ба ҳисоб рафта, он ба рушди табодули иттилоот, батанзимдарории манбаъҳои воқеии андозбандишаванда ва беҳтар намудани фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ нигаронда шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед