logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ. ЧАРО ФАЪОЛИЯТИ ПАЖӮҲИШГОҲ ҒАЙРИҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ШУД?

 
Бахши дар вилояти Суғд будаи Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (воқеъ дар мавзеи Овчӣ – Қалъача) замоне яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои илмӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёфт. Олимону мутахассисони ин ниҳоди илмӣ ба деҳқонони вилоят усулҳои дар заминаи илмӣ асоснокшударо бо назардошти талаботи агротехникӣ мебоист роҳандозӣ мекарданду барои парваридани тухмии аълосифати сабзавоту полизиҳо ва интихоби дурусти ниҳоли навъҳои ҳосилхези ток роҳнамоӣ менамуданд. 
Мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки дар асл чунин набуда, фаъолияти ниҳоди мазкур бо сабабҳои воқеиву субъективӣ ҳамон тавре, ки замон тақозо дорад, самаровар нест. То ҳадде метавон гуфт, ки он худ як хоҷагии деҳқониро мемонаду халос. Бисёр масъулони навоҳии кишоварзии вилоят ба хотир оварда наметавонанд, ки ба онҳо кай филиал навъҳои аълосифати тухмӣ ва ниҳолҳои серҳосили  токи илман санҷидашударо пешниҳод намуда бошанд. Фаъолияти ин ниҳоди илмии як замон басо машҳури ҷумҳурӣ то ҳадде аз мадди назарҳо дур мондаасту то андозае аз рисолати аслии худ - аз пажӯҳишҳои илмии бавуҷудоварии навъҳои муосири ниҳолҳои серҳосили мевагии донакдору тухмидор, сабзавоту полизиҳо фарсахҳо дар канор мондааст.
Барои кушодани гиреҳи масъала бо суоли “Чаро имрӯз филиал номи баландашро аз даст додааст?!” бо Рустамҷон Каримзода, номзади илмҳои кишоварзӣ, директори филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ нияти суҳбати тахассусӣ доштам. Номбурда, агарчи баъди хатми мактаби олӣ фаъолияташро маҳз аз ҳамин ҷо оғоз бахшидаву солиёни тулонӣ дар вазифаҳои гуногун кор карда бошад ҳам, хоҳиши моро бо узрхоҳиҳои он ки: “сарбориҳоям ниҳоят зиёд асту ба омодасозии ҳамоише бандам” рад намуд. Р. Каримзода тариқи суҳбати телефонӣ ба пешниҳод кардани гузориши фаъолияти нимсолаи 2022 розӣ шуду халос. 
Ба суоли мо аз ин хусус Мавлуда Эргашева, номзади илмҳои кишоварзӣ, нафақахӯр, собиқ корманди бахши суғдии Институт то андозае посух дод. Ба гуфтаи ӯ, мақоми пешоҳангии худро аз даст додани ин ниҳоди илмӣ нахуст куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти ташхисгоҳҳо мебошад. Дигар ин ки воқеаҳои солҳои ахири асри ХХ боис гардиданду олимони варзидаи мо Тоҷикистонро тарк намуданд. Бо вуҷуди ин, бархе аз олимон, ки дар вазъи душвори сиёсии кишвар берун аз Ватан иқомат ихтиёр накардаанд, ба мисли Янгибоев, Тошматов ва Бойматов ҳанӯз ҳам ба фаъолият машғуланд. 
Бино ба гузориши пешниҳоднамудаи директор филиал дорои 563,8 гектар замин буда, аз он қисмати бештари масоҳати ин майдонро боғот ва масоҳати боқимондаро токзор ташкил медиҳанд. Барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар филиал 7 шуъба, озмоишгоҳи мевапарварӣ ва буттамевагиҳо, технологияҳои инноватсионии токпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва боғдории интенсивӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ, механиконии кишоварзӣ, агрохимия, озмоишгоҳи илмии коркард ва нигоҳдории маҳсулот, пунктҳои такягоҳии “Сомғор”, “Ашт” ва “Исфара” фаъолият мебаранд.
Дар филиал 30 ходими илмӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо ду нафараш доктори илму 13 нафари дигар номзади илм мебошанд. Мутаносибан аз шумораи умумии ходимони илмӣ 50 дарсадашро номзад ва доктори илм ташкил медиҳад.
Чуноне аз маълумот бармеояд, олимони филиал дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар дохилу хориҷи кишвар 8 мақолаи илмӣ ба нашр расондаанд. Дар ин муддат аз тарафи олимони филиал ду китоб “Агротехникаи парвариши навъҳои ангури кишмишу мавизшаванда ва технологияи хушконидани онҳо”, “Механизатсияи корҳои меҳнатталаб дар боғу токпарварӣ” таҳия ва ба нашр расиданд. Олимон дар семинари “Баланд бардоштани савияи дониши кормандони комплекси агросаноатӣ”, ки бо қарори раиси вилояти Суғд баргузор гардид, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин давра кормандони филиал барои тарҳрезӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзорҳо тавсияи худро дода, дар рафти бунёди боғу токзорҳо иштирок намуданд. Аз ҷумла, боғҳои интенсивӣ ва токзор дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” -и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АХД ба номи Бобоҷон Ғафуров бо тавсияҳои олимони филиал бунёд ёфт. Моҳи марти соли ҷорӣ дар филиал аз майдони модарии тагпайвандҳои қадпаст зиёда аз 15 ҳазор қаламча (аз 11 намуди тагпайванд) омода ва қисман дар гармхонаву боқимонда дар қитъаи ниҳолхонаи филиал барои решагиронӣ шинонда шуд. Дар гармхонаи шуъбаи картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ кӯчати 32 навъи помидор тайёр ва дар қитъаи таҷрибавӣ мувофиқи нақшаи барнома шинонда шуд. Барои истеҳсоли тухмии хушсифат ва вусъат бахшидан ба тухмипарварии ибтидоӣ дар қитъаи таҷрибавӣ кишти модартухмии ду навъи пиёзи сафед “Кулча”, “Дарозшакл” ва модартухмиҳои навъҳои сабзии “Мушаки сурх”, “Тиллоранг” “Нантская - 4” гузаронда шуд. Дар самти парвариши картошкаи барвақтӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ картошкаи навъҳои “Невский”, “Пикассо”, “Жуковский”, “Аладдин”, “Белла”, “Роза” ва “Скарлетт” кишт шудаанд, ки ҳоло ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Тавре бармеояд, ҳамаи ин тадбирҳо хушнудкунандаанд, аммо инҳо аз оғози корҳои филиал гувоҳӣ медиҳанду нишондодҳо ҳанӯз номаълуманд. Пас, нигаронӣ аз фаъолияти чанд соли ахири филиал бесабаб нест. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2022    №: 164    Мутолиа карданд: 1113
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед