logo

иҷтимоиёт

ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН. ЯГОНА ИДОРАЕ, КИ РАҚАМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISBN» МЕДИҲАД

Ба шарофати сиёсати ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон гардид, ки соҳибистиқлолии кишварамонро нигаҳ дошта, онро таҳким бахшем. Роҳбарияти олии мамлакат аз рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳу мароқи хосса зоҳир намуда, ба хотири инкишоф ва пешрафти ин самти ҳаётан муҳими ҷомеа як қатор қонуну қарор, фармону санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расонд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” яке аз санадҳое мебошад, ки   фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад.  Фарҳангиёни мамлакат низ сиёсати  пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, баҳри муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.  
Аз ҷумла, Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” марҳилаҳои  ибратбахши таърихиро аз сар гузаронда, тадбирҳои муҳимеро то имрӯз татбиқ намудааст.  
Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 - уми июни соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмуи китобхонаҳо ва беҳтарнамоии фаъолияти китобхонаҳо дар Тоҷикистон» ва қарори Шурои комиссарони халқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1935 таъсис ёфтааст. Фаъолияти Муассиса дар замони соҳибистиқлолии мамлакат густариш ёфта, он ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. 
Бо дарназардошти пазируфтани Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони байналмилалии ISBN тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 - юми июли соли 2005 Муассиса тағйири ном намуда, ҳамчун Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуда, салоҳияти додани рақами байналмилалии «ISBN»-ро ба муаллифон ва муассисаҳои нашриявӣ пайдо кард. 
Самти дигари фаъолияти Муассиса ба ҷамъоварии маводҳои чопие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нашр мегарданд, равона шудааст. Бо ин мақсад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 - уми августи соли 2012 «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ба имзо расидааст, ки саҳми Муассиса дар татбиқи ин қарор хеле назаррас аст. Тайи ин солҳо воридоти ҳама гуна осори чопӣ ба бойгонии Муассиса бомаром идома дорад. Ғайр аз ин, аз ҷониби мутахассисони соҳа бо масъулони соҳаи табъу нашр ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонуну қарорҳои амалкунанда ҷиҳати воридоти нусхаҳои ҳатмӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару машваратҳо ва конфронсҳои амалӣ гузаронда мешаванд, ки онҳо ба пешрафт ва ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмӣ мусоидат карда истоданд.
 
Акбар АБДУСАМАДОВ, 
мудири шуъбаи нозироти стандарт ва воридоти нусхаҳои ҳатмии МД  “Хонаи китоби Тоҷикистон”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2022    №: 164    Мутолиа карданд: 575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед