logo

Хабарҳо

МУҲАММАД ОСИМӢ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РАВАНДИ РУШДИ ИЛМИ ВАТАНӢ

 
23 августи соли ҷорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои нави илмӣ – тадқиқотӣ баргузор гардид. Китобҳои тозанашр ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии академик Муҳаммад Осимӣ бахшида шуда, бо ибтикори кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш омода гардидаанд. Дар рӯнамоии асарҳои тозанашр олимон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки бо академик ҳамкорӣ доштанд, ширкат варзиданд. 
 
Пас аз рӯнамоии китобҳо, ҳамоиши бузурги илмӣ доир шуд.  
Ҳамоишро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ чунин иброз намуд: «Солҳои роҳбари Академия будани хеш равоншод дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон чораҳо андешида, имкон фароҳам меовард, ки мутахассисон аз зумраи ашхоси маҳаллӣ камол ёбанд. Ҳеҷ фардеро, ки он солҳо дар Академия фаъолият доштааст, намебинед, ки аз устод Осимӣ фикри манфӣ дошта бошад. Ҳама якмаром аз сатҳи олии инсонгарӣ ва донишмандии шодравон сухан мекунанд. 
Муҳаммад Осимӣ дар рушди илм, бавижа илмҳои табиатшиносӣ, нақши муассир гузоштааст. Пайванди илму истеҳсолот он солҳо аз такмил ёфтану тараққии бемайлони илми тоҷик гувоҳӣ медод». 
Олимон дар мавзуъҳои гуногуне чун "Муҳаммад Осимӣ - олим ва ходими давлатӣ", "Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ", "Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон", "Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик", "Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО", "Муҳаммад Осимӣ - пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон", "Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон", "Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик", "Муҳаммад Осимӣ - истилоҳшинос ва қомуснигор", "Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ" андешаҳояшонро баён намуда, осор ва фаъолияти муҳаққиқро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед