logo

Хабарҳо

«ГУЛЗОРИ МАЪРИФАТ». БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ФИРДАВСӢ САЗОВОРИ «ШОҲҶОИЗА» ШУД

 
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» баргузор гардид. Дар Озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии Озмун дар толори Вазорати фарҳанг бо иштироки роҳбарони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва кормандони Вазорат баргузор шуд.
 
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода зимни суханронии хеш боғҳои фарҳангӣ-фароғатии кишварро оинаи шаҳр, муаррифгари тамаддуни миллӣ, илҳомбахши шоирону ҳунармандон арзёбӣ намуд. 
– Бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бамаротиб меафзоянд. Ба ҳар минтақае, ки Президенти мамлакат сафар мекунанд, дар ифтитоҳи боғи фарҳангие ширкат меварзанд. Имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 93 боғ мавҷуд аст, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллии мост. Моро зарур аст, то ин гулгаштҳои зеборо ҳифз намуда, хуб нигаҳдорӣ кунем, - гуфт Д. Сафарзода. 
Сипас, дар фазои тантанавӣ ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ ба ғолибони Озмун супурда шуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон барои иштироки фаъолона боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор, “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус, “Хуталон”-и шаҳри Кӯлоб, Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе, «Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе, Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб, Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон, «Боғи тиллоӣ»-и шаҳри Панҷакент, Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.
Ба ҷои сеюм боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовор шуданд. Боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияҳои Дарвозу Данғара ва шаҳри Ваҳдат ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф гаштанд. Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ, «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум шуданд. 
Шоҳҷоизаи Озмунро Боғи фарҳангӣ-фароғатии Фирдавсии шаҳри Душанбе гирифт. 
 
Марям ХОЛИҚЗОДА, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед