logo

Хабарҳо

СУҒД. АЪЗОИ ҲХДТ БА БЕШ АЗ 160 ҲАЗОР НАФАР РАСИД

 
Дар шаҳри Хуҷанд конфронси XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар конфронс раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакилон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
 
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доир ба фаъолияти  Кумитаи иҷроия дар давоми дую ним соли охир ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аъзо ба 161 134 нафар ва шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 1432 адад расонда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун неруи созанда ва раҳнамо эътимод  дорад ва ба он такя мекунад. Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо роҳнамоиву дастгириҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст. Бо иштироки Раиси ҳизб мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, мулоқоти озоду самимӣ бо фаъолон ва чанд рӯз қабл дар остонаи ҷашни таърихии давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии Конибодом ва Истаравшан бозгӯи гуфтаҳои болоянд.
Хайринисо Юсуфӣ гуфт, ки ҲХДТ чун ҳизби фардосоз дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакат сазовори эҳтиром гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамояд.
Бо иштироки аъзои нав ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят доир шуда, 15 аъзои нави раёсат интихоб гашт. Ҳамчунин, Зуфар Исмоилзода бо ризоияти роҳбарияти олии ҳизб раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Замира Мансурӣ муовини раис интихоб гардиданд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед