logo

Хабарҳо

«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе»

Бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, сарояндагону овозхонон, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари нав-расону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоиди эҷоду пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти мамлакат – 
шаҳри Душанбе ва, дар ин замина, эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, инкишофи қобилияти ҳунариву эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолии милливу давлатӣ, соли 2022 дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор мегардад.
Ба иттилои шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр, дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, бо қарори раиси шаҳр 26 август озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» аз рӯи 6 номинатсия: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл доир мешавад. 
Озмун дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 барпо шуда, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
 
 
 
Вазири корҳои дохилӣ сафири Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт 
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт, - хабар дод маркази матбуоти Вазорат. 
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот баррасӣ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва суботу осоиш изҳори бовар намуданд.
 
 
 
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван зимни вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия имзо карданд.
Ба иттилои Агентӣ, Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки ниҳод ҳамеша ҷонибдори бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия буда, имзои Ёддошти мазкурро заминаи мусоид барои рушди муносибатҳои минбаъда бо Давлати Фаластин дар ин ҷода медонад.
 
 
 
Дар Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодӣ доир мегардад
Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки 26 – 27 август дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб – 2022» баргузор мегардад. 
Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони  ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ  ва  хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мешавад.
Аз ин рӯ, аз тамоми сармоягузорон даъват шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед