logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА БУНЁДИ ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ин руҷуъ бесабаб чунин сарлавҳаороӣ нашудааст ва дар ҳақиқат бунёдкориву сулҳсозии ин абармард сархати ҳазорон корнамоиҳои дигарашон барои халқи тоҷик аст. Ихтирои ин ибораи ҷолибу маҷозӣ ба ягон эҷодкору қаламкаши ватанӣ марбут нест. Муаллифи он публитсисту адиби шинохтаи рус Александр Проханов мебошад. Мавсуф эҷодкори ҳамабин ва шарқшиноси бузургест, ки ҳақиқатҳои олами шарқ (Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва кишварҳои арабзабон)-ро дар ҳама асарҳояш хеле хуб ташхис намудааст. Ҳанӯз панҷ сол муқаддам мақолаи ӯ бо номи «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон» («Минбари халқ», 10.01.2018) ҳар як хонандаро ба олами андешаву тафаккури нав роҳнамун гардонд. Нуқтаи меҳвариро дар он нигошта симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташкил медод ва дар нисбати бунёдкориҳояшон аз ташбеҳи аҷибу таъсирбахш корбаст менамояд: «НБО "Роғун" сохтмони президентист. Ин «фарзанди дӯстдошта»-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ӯ онро ҳамчун хотираи роҳбарии худ бунёд мекунад». 
Ҳикмати бузургест, ки як сиёсатмадор, публитсист, журналист ва шахсияти бегона заҳмату талошу тавонмандии Роҳбари давлати моро холисонаву беғаразона ба қалам медиҳад: «Ӯ аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ меорад, буҷети кишварро ончунон пешбинӣ намудааст, то ки барои сохтмони "Роғун" ягон доллари қарзӣ сарф нагардад». Нангу номусро омили аслии бунёди Неругоҳ медонад ва миллатсозиву миллӣ будани ин сохтмонро ба донишҳои Пешвои миллат марбут медонад: «Ҳама маблағ, ҳамаи захираҳо тоҷикист». Мавсуф доир ба Тоҷикистон дар ҳама асарҳои қаблияш низ назари мусбат дошта, мардуми сарбаланди тоҷикро бунёдкору сулҳдӯст қаламдод менамояд. 
 
ТАЪРИХЧАИ НБО "РОҒУН"
Ин неругоҳ ҳамчун иншооти стратегии қисмати ҷанубӣ барои Иттиҳоди Шуравӣ аҳамияти вижа дошт. Сохтмони он ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шудаву солҳои шастуми асри гузашта дар баробари бунёди НБО "Норак" корҳои омӯзишии он ҷараён пайдо кардаанд. Назар ба маълумоти матбуоти маҳаллии он солҳо (Ҳоким Сафар, мухбири суратгири “Меҳнати коммунистӣ” (алҳол “Набзи Файзобод”)), 7 сентябри соли 1971 дар мавзеи Чушони Майдон (имрӯза ҳудуди шаҳри Роғун) бо иштироки роҳбарони ҷумҳуриву ноҳия, адибону меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори кишвар ва журналистону наворбардорони бисёр аз Душанбеву Москва ҷамъомади бошукӯҳе оғоз мешавад. То омадани дигар меҳмонон дар бораи аҳамияту бузургии ин сохтмон бисёриҳо сухан мегӯянд. Соати 10:00 ба воситаи чархбол Котиби аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва вазири энергетикаи Иттиҳоди Шуравӣ Г. А. Непорожний ба ҷамъомад шарик мегарданд ва лентаи рамзӣ бурида мешавад. Дар аввал шаҳрчаи сохтмончиҳо сохта шуда, минбаъд намояндагони 17 халқияту миллат дар бунёди ин Неругоҳ ширкат менамоянд. Ҳарчанд сохтмон идома дошт, корҳои зиёди он бо иллатҳои гуногун ба таъхир меафтоданд. То оғози солҳои навадум чилу се фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом меёбанд ва баландии сарбанди он ба 40 метр мерасад. Бо сабаби буҳронҳову пош хӯрдани ИҶШС сохтмон қатъ гардид ва дарғоти сохташудаву бисёр амволи Неругоҳро сел хароб гардонд. Техникаву таҷҳизоти зиёди онро ё бозпас ба шаҳрҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ бурданд, ё аз нобасомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба яғмо рафтанд. Хуллас, ИҶШС бо бузургтарин буҷет онро сохта натавонист.
Таърихи Неругоҳ дар замони истиқлолият барои ҳамагон маълум мебошад. Фишору маҳдудиятҳо аз хориҷи кишвар зиёд буданд ва кам касон ба бунёди дубораи он бовар доштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳама мушкилоту монеаву баҳонаҳо сохтмони онро ба таври ҳақиқӣ зинда карданд. Ба сохтмон қариб бо пуррагӣ техникаву таҷҳизоти нав оварда шуд. НБО "Роғун" аз ҳама ташхисҳои байналмилалӣ гузашт. Дар бунёди он бештар аз замони шуравӣ мутахассисону кормандони хориҷиву дохилӣ ҷалб гардиданд. Аз замони бунёди дубораи  он Роҳбари давлат, бо вуҷуди масруфияти вақт, пайваста ба рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос мешаванд. Нангу номуси баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва, умуман, халқи тоҷик буд, ки солҳои 2018 - 2019 ду агрегати он мавриди истифода қарор гирифт, ки рухдоди таърихиянд. 
 
НБО "РОҒУН" МАНФИАТИ ҲАМАГОН АСТ
Муҳандису бунёдгузори неругоҳҳои бузурги барқи обӣ  Николай Григоревич Савченкои рус, ки мутахассиси шинохта дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд, баён доштааст: «Агар НБО "Норак" намешуд, канали Қароқум, ки биёбонҳои Туркманистонро ба гулистон табдил дод, бунёд намегашт.
 
Ман дар сохтмони ин канал иштирок доштам ва ҳамаро хуб медонам... НБО "Роғун" бошад, дар асоси мактуби муштараки роҳбарони аввали Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба бюрои сиёсии КМ ПК Иттиҳоди Шуравӣ тарҳрезӣ гашт ва сохтмонаш шуруъ гашт…». Албатта, мухолифатҳо дар бунёди ин Неругоҳ вуҷуд доштанд ва гузашти вақту азми дурусти Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, ки ҳамаи гумонҳои манфӣ дар атрофи он ботил аст. 
Эмомалӣ Раҳмон он шахсияти бузургу дурбине мебошанд, ки ҳар як ҳушдорашон асоси воқеӣ дорад. Проблемаҳои Афғонистон, сулҳу амонии минтақа ва ҷаҳон, хатари терроризму экстремизм, проблемаҳои тағйирёбии иқлиму оби тоза ва амсоли он моҳияту аҳамияти умумибашарӣ доранд, ки аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллатанд. Чор ташаббусе, ки дар масъалаи таъмини оби ошомиданӣ ва кам гардидани захираи пиряхҳо чандин сол қабл гуфтанд, имрӯз ба проблемаҳои рақами яки сайёра табдил ёфта истодаанд. Имрӯз бузургтарин кишварҳои саноатӣ низ бо тағйирёбии иқлим пеши роҳи сӯхтори ҷангалзору камобии худро гирифта наметавонанд. Пиряхҳои куҳансоли Антарктидаву Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ босуръат об мешаванд. Хатари зери об мондани минтақаҳои наздисоҳилӣ торафт бештар мешавад. Дар баробари ин, шумораи сокинони сайёра, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, тадриҷан зиёд мегардад. Аҳамияти стратегии Неругоҳи мазкур он аст, ки дар чунин хушксолиҳову камобиҳо НБО "Роғун" як омили наҷот барои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мешавад. Аз ҷониби дигар, Неругоҳи "Роғун" танҳо Тоҷикистонро чароғон намекунад, бо баракати он давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо бо энергияи арзони барқ таъмин мегарданд.
 
ОН РӮЗ ДУР НЕСТ
Иқтидори энергетикии кишвари мо зиёда аз 580 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳад, ки чунин захира пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон барои имрӯзу оянда ба шумор меравад. Бунёди НБО "Роғун" Тоҷикистонро ба як кишвари саноатӣ табдил медиҳад, ки ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумати кишвар маҳз ба ин омил нигаронда шудааст. Равандҳо нишон дода истодаанд ва ҳам маълум аст, ки захираҳои нафту газ дар ҷаҳон ба ҳолати ниҳоӣ наздик мешаванд. Дар баробари ин, инсоният ногузир барои наҷоти сайёра (гармшавии иқлим, босуръат обшавии пиряхҳо дар хушкиву об, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва ғ.) ва барои пешрафти саноат ба энергияи безарару аз нигоҳи экологӣ тоза рӯ меорад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, чанд даҳсола баъд дар ҷаҳон талабот ба чунин неруи энергия, ки аз ҳама лиҳоз безарар мебошад, 2 - 3 маротиба афзоиш меёбад. Ин нуқтаи назарро он давлатҳое баён дошта истодаанд, ки феълан бо пешрафти саноату истеҳсолот дар ҷаҳон нуфуз доранд. Тоҷикистон бошад, аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ ва истеҳсоли энергияи безарар дар радифи даҳ кишвари бузурги ҷаҳон қарор дорад. Манзур он аст, ки Тоҷикистон рӯзе ба абарқудрати энергетикиву иқтисодии минтақаву ҷаҳон табдил меёбад. 
 
БА ҶОИ ХУЛОСА
НБО "Роғун" бо сарбанди баландияш 335-метра дар синаи кӯҳҳои осмонбӯс дар ҷаҳон беназир аст. Бо пурра анҷом ёфтани он, баҳри дарозии тулаш зиёд аз 70 километр гирду атрофи худро ба як минтақаи тамошобобу сайёҳӣ табдил медиҳад. Имрӯзҳо дар бунёди ин Неругоҳ 53 ташкилоти сохтмонӣ бо фарогирии навтарин техника (зиёда аз 3000) сафарбар гардида, 13300 нафар ба меҳнати софдилона машғул аст. Ин маънии онро дорад, ки чунин майдони азим ба мактаби бузурги бунёдкорӣ табдил меёбад ва баъди анҷоми он дар баробари 360 неругоҳҳои хурду бузури барқии обӣ “Роғун”-ҳои дигар бунёд мешаванд. Ҳеҷ аз хотирҳо зудуда намешавад, ки дар оғози дуюмбораи ин сохтмон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон гуфта буданд: "...Коре мекунам, ки ин Неругоҳ сохта шавад". Ин қавли худро иҷро карданд, аввалин неруи истеҳсолшуда ба ҳалқаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст. Ин муждаи аввалин аз бунёди чунин иншооти бузург аст. 
Дар ҳошияи андешаҳои А. Проханов илова бояд кард, ки барои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи корҳои хайру созандагӣ иқдом калиди комёбиву муваффақиятҳост. Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ кадоме дар нимароҳ намондаанд ва чи ҷои пӯшида, ки дар оғоз баъзеҳо ба амалӣ гаштани ин иқдомҳо бовар ҳам надоштанд. Душвортарину сангинтарин кор сулҳу ваҳдат буд, ки ба шарофати роҳнамоии Пешвои миллат ба даст омад. Бунёдкориҳои бешумори замони истиқлолият ба баракати роҳбарии ин абармард марбутанд. НБО "Роғун" сохтмони ягон бинои истиқоматӣ нест, балки аҳамияти стратегии ҷаҳонӣ дорад, ки онро Иттиҳоди Шуравӣ сохта натавониста буд. Пас, дар ҳақиқат, он барои Эмомалӣ Раҳмон баробари фарзанд азизу дӯстдоштанист.
 
 
Бахтиёри ҚУТБИДДИН, декани факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2022    №: 165    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед