logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. ТАҲКИМИ МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНӢ

 
Таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хос касб намудааст, зеро ҳимояи истиқлоли сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ афзалияти миллӣ дорад. Дар шароити феълӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи кишвар, аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Истиқлоли сиёсии тоҷикон натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгон, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷаллӣ ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллат маҳсуб меёбад. Дар ин замина истиқлоли фикриро ҷавҳари истиқлоли сиёсӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷаи буҳронҳои сиёсию иҷтимоии солҳои 90-ум баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлоли сиёсии бадастомада зоҳир гардида буд. Дар ин масир ба саҳнаи сиёсат ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати тоҷикро аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва пояҳои Истиқлоли давлатиро устувор сохт. Дар натиҷа сангари ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ эҷод гашта, эҳёи давлатдории миллӣ дар сахттарин вазъият ба роҳ монда шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷанги таҳмилӣ идомаи мантиқии стратегияи тоҷикситезии душманони қадимаи мо тоҷикон дар масири ҳазорсолаи охири таърихӣ буд.
Истиқлоли сиёсӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор сохта, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият бахшид, барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар раванди пуртазоди байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Ин арзиш озодии ирода, шаъну шараф, қудратмандӣ, рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии мо тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 
Дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтавои истиқлоли сиёсиро ба як қатор дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне истиқлоли сиёсӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар фаросӯи зоҳиршавии таҳдидҳо ба истиқлоли сиёсӣ авлавияти стратегӣ касб намудааст.
Аз нигоҳи фалсафаи сиёсат, истиқлоли сиёсӣ ҳолатест, ки дар он миллат ҳамчун як умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя менамояд. Бидуни истиқлоли сиёсӣ на танҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст. Истиқлоли сиёсӣ волоияти ҳокимияти сиёсие мебошад, ки дар қаламрави мамлакат машруияти миллию дохилӣ ва дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ машруияти байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, машруият ҷавҳари арзишии истиқлоли сиёсиро дар муҳити дохилию берунаи системаи сиёсӣ ташкил медиҳад. Истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд, ки ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бидуни дахолати кишварҳои беруна мебошад.
Аз назари мантиқӣ бошад, истиқлоли сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии кишвар маънои ҳимояи истиқлоли сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ ин, бешубҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, бақодорӣ, ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлоли сиёсист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Мавқеи мазкур метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.
Таҳкими ваҳдати миллӣ пояи устувори истиқлоли сиёсист ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ маънои таҳким бахшидани ваҳдати миллист. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ ду мафҳуми аз ҳам  ҷудонопазиранд. 
Ҳамин тариқ, ифтихор аз истиқлоли сиёсӣ ва арзишҳои дунявият дар шароити рушди давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ифтихор аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикон буда, маънои дар сатҳи баланди худшиносӣ ҳимоя намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатро дорад.
 
Исроил БАРОТОВ,
муовини сардори раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2022    №: 165    Мутолиа карданд: 649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед