logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. КУРСҲОИ САЙЁРИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ ҶАМОАТҲО

 
Дар шаҳри Ҳисор аз 22 то 24 август дар доираи нақшаи курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал” барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Истаравшан, Нуробод, Вахш ва Шамсиддин Шоҳин курси сайёри таҷрибаомӯзӣ баргузор гардид.
Тавре аз Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, давраи омӯзишӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори шурои олимони Академияи идоракунии давлатӣ дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронда мешавад.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар маросими оғози давраи сайёри омӯзишӣ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузории онро дар доираи татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ҳамкорӣ бо Агентии хизматии давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани машғулияти амалию омӯзишӣ мусоидат менамояд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, муовини ректори Академияи идоракунии давлатӣ Исмоил Абдуалимзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанӣ оид ба нақши ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал ва масъулияту вазифаҳои раисони ҷамоатҳо дар ин самт сухан намуданд.
Иштирокчиёни курси таҷрибаомӯзӣ дар доираи машғулияти амалӣ аз ҶСП “Агротехсервис”, ҶДММ “Ситабр Агро”, ҶДММ “Труба ва профили тоҷик”, ҶДММ ба номи Латиф Муродов, ҶСП “Корпоратсияи Баракат”, мавзеъҳои сайёҳии экологии шаҳр ва деҳоти Сомон дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва, инчунин, коргузорӣ дар деҳоти Сомон ва Деҳқонобод дар самти ҳуҷҷатнигорӣ барои мубодилаи таҷриба шинос гардиданд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6528
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед