logo

Хабарҳо

ВМКБ. ЗИЁДА АЗ 3,5 ҲАЗОР НУСХА КИТОБИ ТОЗАНАШР БА КИТОБХОНАҲО ДАСТРАС ШУД

 
Чанде пеш Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг дар доираи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 бо мақсади мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо  ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб»-ро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа) бурд.
 
Дар назди Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиш - фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид, ки дар он аҳли фарҳангу маориф, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ дидан намуда, китобҳои мавриди таваҷҷуҳи хешро хариданд. Мардуми сарбаланди Хоруғ “Корвони китоб”-ро бо шодию нишоти беандоза истиқбол намуда, бо самимияту ихлос аз намоиш-фурӯш дидан карданд.
Дар намоиши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиёти илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.
Қобили зикр аст, ки “Корвони китоб” аз ҳисоби барномаи мазкур ба китобхонаҳои шаҳри Хоруғ 473 нусха китоб ба маблағи 15852,96 сомонӣ ройгон тақдим намуд.
Дар маҷмуъ, 3440 нусха китоби тозанашр ба маблағи 100 000 сомонӣ ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят тақдим гардиданд.
 
М. ХОЛИҚЗОДА
корманди Вазорати фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед