logo

Хабарҳо

Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор шуд, - хабар доданд аз Маҷлиси намояндагон.
Дар иҷлосия лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар хусуси тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод кардани муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва таъин намудани муовини аввал ва муовинони нави раиси Бонки миллӣ баррасӣ шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
 
 
 
ХАТЛОН. Рамазон Раҳимзода бо лоиҳаҳои иншооти соҳавӣ шинос шуд
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Бохтар омада, бо лоиҳаҳои бунёди маҷмааи ҳавзи шиноварӣ барои кормандони милитсия, маркази таълимии раёсати Хадамоти оташнишонии ВКД дар вилояти Хатлон ва бинои маъмурии раёсати мазкур, ки оғози сохтмонашон  рӯзҳои наздик дар назар аст, шинос шуд.
Ба иттилои Вазорат, инчунин, вазир аз рафти корҳои ободонӣ дар раёсати ВКД дар вилоят, ДТММ-и вилоят ва қисми ҳарбии 3503-и раёсати Қӯшунҳои дохилӣ дидан намуда, бо хизматчиён ва афсарону сарбозон мулоқот кард. 
Сардори раёсати ВКД дар вилоят Файзулло Нозимзода ба вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шуъбаҳои ВКД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод.
 
 
 
Пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба COVID – 19 ҳатмӣ мебошад
Бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID – 19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории COVID – 19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксиназанӣ талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумоти заруриро дастрас намоянд.
 
 
Академияҳои Тоҷикистону Озарбойҷон табодули таҷриба хоҳанд кард
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Алакбаров Урхан вохӯрд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки зимни мулоқот миёни ҷонибҳо оид ба ҳамкории Академияи мазкур бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷиҳати табодули иттилоъ ва таҷриба, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили коромӯзии кормандони соҳавӣ табодули афкор сурат гирифт.
 
 
Наврасони тоҷик ба Москва рафтанд
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як гурӯҳ таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷиҳати иштирок дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки аз 24 то 28 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷараён мегирад, сафар намуд. 
Директори муассиса Комилҷон Холов хабар дод, ки дар Форум зиёда аз 1,5 ҳазор кӯдакону наврасон аз тамоми минтақаҳои Россия, инчунин, намояндагони 10 кишвар иштирок карда, тибқи барнома, дар 60 чорабинии гуногун ширкат меварзанд. Инчунин, ба воситаи форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд. Иштирокдорон бо шахсиятҳои барҷастаи Россия низ вомехӯранд. 
Форум ба наврасон имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод созанд. Беҳтарин лоиҳа маблағгузорӣ мешавад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед