logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. АЗ ЗАМОНИ ҚИСМАТСӮЗ ТО ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

 
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт аст, ки ҳарчанд дар оғози Истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба мушкилоту печидагиҳои зиёд гирифтор шуд, аз файзи хиради сиёсатмадори тавоно - Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳи таърих аркони давлатдорӣ истеҳком ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ нуфузи байналмилалӣ касб кард. 
 
Маълум аст, ки ин ҳама нусрату комёбиҳо дар як давраи хоси таърихӣ осон ба даст наомадаанд. Талошҳои хастанопазири Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи барқарории сулҳ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ буд, ки ба чунин рӯзҳои нек расидем. Ин абармарди таърих баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ тавассути аввалин ҳарфу калом ва иқдомоти амалгароёна умед ба фардои рӯшан ва зиндагии шоистаро дар дили мардуми дар чорроҳаи навмедӣ қарордошта зинда карданд. Бале, Сарвари давлат баъд аз интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба минтақаҳои даргир сафар намуда, бо мардум аз наздик суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Чи сафарҳои пурхатаре буданд, ки бо ҷасорати бемисле анҷом шуданд ва мунтаҳо моро ба қаламрави саодат расонданд.
Акнун Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рағми нотавонбинонаш фазои орому осуда дорад ва дар партави сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат сол ба сол уфуқҳои нави рушду тараққиётро фатҳ менамояд. Агар нек назар намоям, кишвари мо дар зарфи 31-сол ба дастовардҳои шоёне мушарраф шуд, ки дар ҳеҷ як давраи дигар чунин иттифоқ наафтода буд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудан, тавассути сохтани роҳу нақбҳо сарзамини чандпорчаро ба як кишвари воҳид табдил додан, таъмини истиқлоли энергетикӣ, ки ҳоло дар марҳилаи ниҳоии он қарор дорем, бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти стратегӣ, гулгашту хиёбонҳои нав дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотиву тандурустӣ, ислоҳоти соҳавӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумлаи музаффариятҳое мебошанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омаданд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои матлуби сиёсати дохилӣ дар сиёсати хориҷӣ низ ба комёбиҳои қобили мулоҳиза даст ёфта, дар шахси Роҳбари башардӯсти худ ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ном баровард. Ҳоло ҳамгирое, ки дар мавриди татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идома дорад, баёнгари он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти Сарвари давлати тоҷикон бо камоли майл истиқбол мекунанд. Ин ҳақиқатро баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6 – 9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар муҳри тасдиқ зад. Шуморе аз меҳмонони олимақоми ин конфронс, ки дар маҷмуъ, беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медоданд, иқрор шуданд, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар пешниҳоди роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ фаъоланд, балки ҷиҳати татбиқи нақшаву барномаҳои мушаххас вобаста ба амалӣ намудани пешниҳодоти худ дар сафи пеш қарор доранд.
Албатта, чунин эътибор ва нуфузи баланд аз файзи истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ буда, ҳифзу таҳким бахшидани ин арзишҳои зиндагисоз, ҳамчунон, имкон медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири сиёсати дохиливу хориҷӣ уфуқҳои нав ба навро фатҳ намояд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки душманони миллати тоҷик, бахусус хоинони фирорие, ки ҳоло дар Аврупо паноҳ бурда, бо истифода аз тамоми василаҳо кӯшиш доранд сулҳу ваҳдати моро халалдор созанд ба ҳадафҳои муғризонаи хеш бирасанд. 
 
 
Муҳаммадвалӣ НАЗРӢ, муовини раиси суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед