logo

фарҳанг

АҲМАД ЗОҲИР ВА ҶӮРАБЕК НАЗРӢ

 

Аҳмад Зоҳир дар замоне по ба майдони ҳунар ва мусиқию овозхонӣ гузошт, ки дар Афғонистон як фазои мусоид ва нисбатан муътадили демокративу маорифпарварӣ ҳокимият мекард. Ҷомеа  андак-андак рӯ ба сӯи тамаддун меовард ва илму фарҳангу маданияти пешқадами ҷаҳон барои худ дар ин кишвари ақибмонда ҷо боз мекард, занон бидуни ҳиҷоб мегаштанд, шеър гуфтан ва шунидани мусиқӣ мамнуъ набуд. Хусусан, мусиқии Ҳинд, ки Афғонистон замоне яке аз қисматҳои он маҳсуб мешуд, таъсири чашмгир дар ин кишвар пайдо карда, овозхонҳое чун Сароҳанг, Залонд, Ношинос, Хаёл, Сорбон, Маҳваш, Зоҳир Ҳувайдо на танҳо дар Афғонистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, аз чеҳраҳои шохис ва матраҳ ба ҳисоб мерафтанду ихлосмандону пайравони зиёд доштанд. Овозхонони машҳури мо Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Дӯстмуроди Алӣ ба шеъру оҳангҳои ҳунармандони Афғонистон пайравӣ мекарданд ва бисёре аз сохтаҳои онҳоро дар барномаи ҳунарии худ ворид карда, месуруданд. Дар ҳамин замон ва ҳамин гуна фазои муътадил ва мусоид барои кишвари Афғонистон буд, ки Аҳмад Зоҳир ба саҳнаи мусиқию овозхонӣ омад ва бо истеъдоди зотӣ дар камтарин муҳлат ба дараҷаи хонандаи рақами як расид. 
Ӯ бо овози худодод, фаҳмиши баланди мусиқӣ, завқи суханфаҳмӣ, ҳушу салиқаи хосси ҳунарӣ ва маҳорати вижаи овозхонӣ санъати мусиқӣ ва овозхонии тоҷикону форсҳоро аз маҳдудаи Афғонистону Тоҷикистону Эрон берун бурд, то ба Россияву Урупову Амрико густариш дод ва ба мусиқию овозхонии мо руҳи байналмилалӣ бахшид. Имрӯз садҳо шеъру оҳангҳои сурудаи ӯро овозхонон пайравию тақлид менамоянд, мехонанд. Аз ҳама ҷо садои шеъру оҳангҳои «Аз ғамат, ай нозанин» «Агар баҳор биёяд», «Аё сайёд», «Бандагӣ даркор нест», «Аз ноз чӣ механдӣ», «Ай гулъузори ман», «Ба доғи номуродӣ», «Нола ба дил шуд гиреҳ», «Бароям гиря кун имшаб», «Ба осмон бигӯед», «Баҳори ҷавониям рафт, афсус», «Биёед, биёед», «Бинозам қалби покат, модари ман» «Бути нозанинам», «Вой, ман беҳудаам», «Омад нафаси субҳ», «Чун дарахти фарвардин», «Даст аз талаб надорам», «Дилам дар ошиқӣ овора шуд», «Ёди он сарви равон», «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест», «Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ», «Кош, будам лола», «Ман найнавозам», «Танҳо шудам, танҳо шудам» ва садҳо таронаву сурудҳои дигар ба гӯш мерасанд, дилҳоро ба ҷӯш меоранд, гармию ҳарорат ва умеду орзу мебахшанд. Дареғ, ки ин булбули шурида дар айни  авҷи камолоти эҷодӣ аз байн рафт, киштии зиндагиаш дар нимароҳ монд, шикаст, дилҳоро ҷигархун ва синаҳоро захмдор кард. 
Аҳмад Зоҳир ба бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Амрико ва ғайра низ сафар кард, аммо, мутаассифона, ба Тоҷикистон, ки аз ҳама зиёд ҳаводорону мухлисону пайравон дошт, сафар кардан ба ӯ муяссар нагардид, то ба мардуми ин кишвар ошноӣ, дидорбинӣ намояд, бо овозхононаш аз наздик ошно шавад. 
Хушбахтона, ба ӯ муяссар гардид, ки ба яке аз овозхонони мо, яъне устод Ҷӯрабек Назрӣ, ки ҳам дар қаламрави илм ва ҳам ҳунар фаъолият дошт, аз наздик ошно шавад ва дар бораи кишвари мо ва мардуми ҳунардӯсти он маълумот пайдо намояд. Бахти баланди устод Ҷӯрабек Назрӣ ҳам буд, ки ҳангоми хидматаш дар Афғонистон имконият пайдо кард, ки бо ин сарояндаи камназир аз наздик ошно шавад, ҳамкорӣ намояд ва хотироте нек аз мулоқотҳояшро ба мухлисони ӯ бирасонад, аз вохӯрӣ, муносибат ва суҳбатҳояш бо Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон сухан бигӯяд. Масалан, ӯ дар яке аз мусоҳибаҳош, ки бо Султон Ҳамад сурат гирифтааст, чунин арзи матлаб менамояд: «Шиносоии ман бо Аҳмад Зоҳир, агар иштибоҳ накунам, 11 феврали соли 1976 дар Кобул рух дод. Мо дар як маҳфил нишаста будем. Ӯ чанд суруд хонд. Дар маҳфил нафарҳое буданд, ки аз овозхонии ман огаҳӣ доштанд. Ва онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки суруд хонам. Ягона асбоби мусиқӣ дар он маҳфил рубоби бадахшонӣ буд… Ман ҳам се-чор суруди ҷолиб хондам, ки боиси истиқболи гарми ҳозирон шуд. Аз ҷумла, худи Аҳмад Зоҳир маро ба оғӯш кашида, табрик гуфт… Баъди анҷоми маҳфил ман ба хона омадам. Мо дар маҳаллаи «Микрорайони Кобул» зиндагӣ мекардем. Дар хона будам, ки чанд лаҳза пас ба ман хабар доданд, ки Аҳмад Зоҳир дар берун маро интизор аст, Ба берун баромада дидам, ки дар ҳақиқат, Аҳмад Зоҳир аст. Боз бағал кушода якдигарро бо оғӯш гирифтем. Ӯ ба ҳамроҳи Довуд ном дӯсташ омада буд. Ман онҳоро ба хона даъват кардам… Ҳини суҳбат Аҳмад Зоҳир аз он ибрози ҳайрат мекард, ки чӣ гуна як шуравӣ на танҳо ба забони дарӣ хуб ҳарф мезанад, балки суруд низ мехонад, аз таъриху фарҳанги Афғонистон хуб бохабар аст. Баъд ба ӯ фаҳмондам, ки Тоҷикистони мо бо Афғонистон як таърих дорад, дину фарҳанги мо якест. Мардум таронаҳои афғониро дӯст медоранд… Хулоса, он рӯз мо боз хеле суҳбат кардем ва суруд хондем. Дар хонаи ман як рубоб буд. Ман он рубобро гирифта, хеле суруд хондам ва дидам, ки меҳмонони гиромиям аз кори ман хеле шод шуданд. Рӯзи дигар Аҳмад Зоҳир боз ба хонаи мо омад. Бо ҳамроҳии худ як ҳармония овард. Он ҳармонияро ӯ ба ман туҳфа дод. То ба имрӯз онро бо худ дорам». 
Албатта, хотираҳои устод Ҷӯрабек Назрӣ дар бораи Аҳмад Зоҳир хеле зиёданд, аммо маҷоли сухан танг. Як хотироти ҷолиби дигари ӯ ба оҳанг бастану овозхонии як шеъри устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби Аҳмад Зоҳир иртибот мегирад, ки мо ҳоло порае аз онро нақл менамоем:  «Як чизи дигар ба ёдам омад, ки бародарам Шаҳбоз ва хоҳари азизам Меҳринисо дар як суҳбатамон ба Аҳмад Зоҳир китоби «Мушоират»-ро, ки солҳои шастум дар Иттиҳоди Шуравӣ ба нашр расида буду дар он намунаи осори шоирони форсзабони Эрону Афғонистон, Покистону Тоҷикистон чоп шуда буданд, ба ӯ туҳфа доданд. Аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки чӣ тавре ки фолномаро мекушоянд, китобро кушояд ва ҳар шеъре, ки баромад, онро Аҳмад Зоҳир ба оҳанг дароварда мехонад. Аҳмад Зоҳир вақте китобро кушод, шеъри устод Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» баромад. Мо ҳама хурсанд гардидем, ки билохира Аҳмад Зоҳир як шеъри шоири мумтози мо Мирзо Турсунзодаро низ бо оҳанг мехонад. Дар ҳақиқат, дафъаи дигар дар хонаи Шаҳбоз ҳамин шеъри устод Мирзо Турсунзодаро бо як оҳанги хеле ҷолиб суруд». 
Ҷӯрабек Назрӣ, зимни нақли хотираҳои худ дар бораи Аҳмад Зоҳир, роҷеъ ба ҳунару овозхонии ӯ низ суханони пурарзиш мегӯяд. Воқеан, вай ба маҳорати овозхонии ӯ баҳои баланд медиҳад. Ба қавли ӯ, «садои Аҳмад Зоҳир ба мисли чашмаи оби зулолест, ки дар гармои тобистон ҳар қадар онро менӯшӣ, ҳамон қадар боз ташнатар хоҳӣ шуд. Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи овозхонҳое ҳаст, ки ҳар чӣ қадар гӯш кунӣ, хаста намешавӣ. Ӯ ҳасби ҳоли ҳар касро гуфтааст… Дар Тоҷикистони мо намояндагони чанд насли овозхонҳо аз пушти Аҳмад Зоҳир рафтаанд. Ҳарчанд ба мақоми ӯ касе то ба ҳанӯз нарасидааст». 
Агарчи Ҷӯрабек Назрӣ яке аз мубаллиғони суруду ҳунари овозхонии Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон буда, бархе аз сохтаҳои ӯро хондааст, аммо эҷодкоронаву муҳаққиқона, бо зарбу лаҳну садои хоси худ, ки барои як ҳунарманди асил ва соҳибмактаб ҷоиз ва шоиста аст, яъне бо гулуи худ хондааст. Аз ин рӯ, дар байни мухлисон маҳбубияти хос пайдо кардааст. Ба ҳарфи дигар ӯ аз Аҳмад Зоҳир омӯхтааст, бо ӯ ҳамкорӣ кардааст, маслиҳат гирифтааст, аз таҷриба, дониши мусиқӣ ва санъати овозхониаш файзҳо бардоштааст, аммо таҳтушшуои ӯ қарор нагирифтааст. Баъзе бар онанд, ки сабаби асосии маҳбубият касб кардани Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун овозхон сурудҳое буданд, ки Ҷӯрабек Назрӣ  онҳоро аз репертуари Аҳмад Зоҳир гирифтааст. Ба фикри банда, ин гуна натиҷагирӣ чандон дуруст нест. Ҷӯрабек Назрӣ аз осори Аҳмад Зоҳир чандон сурудҳои зиёдеро ба репертуари худ ворид накардааст. Адади ин сурудҳо аз 10-15 зиёд нест. Ин асосан сурудҳое ҳастанд, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир умдатан дар ҳавои асбобҳои мусиқии миллӣ, аз қабили рубобу ситор, таблаку най ва армония гуфтааст. Ҷӯрабек Назрӣ аз Аҳмад Зоҳир дигар чизи муҳимтарро гирифтааст. Тарзу услуби сарояндагӣ, роҳи дар миёни мардум маҳбубият пайдо карданро аз ӯ ёд гирифтааст. Чизи муҳими дигар ин буд, ки маслиҳати ӯро гирифтааст. Аҳмад Зоҳир ба овозхонҳое, ки ба ӯ пайравӣ мекарданд, борҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳар кадом бояд бо ҳанҷараи худ суруд бихонад, то маҳбуби дилҳо шавад. Ва Ҷӯрабек Назрӣ чунин ҳам кард. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир «Ханда ба лабҳои туро», «Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ», «Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ», «Шаб чу дар бастаму маст аз маи нобаш кардам», «Дилакам, ай дилакам, ай дилакам», «Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам», «Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман»-ро дар иҷрои Ҷӯрабек Назрӣ ҳаводорони санъати овозхонӣ бо шавқу шӯри хоссае пазируфтаанд. 
 
Ҷамолиддин САИДЗОДА

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед