logo

иқтисод

“ТУХМИПАРВАРӢ. КАНӢ ШУҲРАТИ ПЕШТАРАИ КОРХОНАИ ФАЙЗОБОД?”

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи сокини ноҳия Ҳоким Сафарро, ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”  № 134 (24 493), 14 июли соли равон зери унвони “Тухмипарварӣ. Канӣ шуҳрати пештараи корхонаи Файзобод?” нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
 
Муаллиф дар мақола оид ба Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров (собиқ хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза Ҳакимзода) навиштааст. Корхонаи мазкур соли 2009 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ворид карда шуда буд. То ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии мамлакат ворид гардидани корхона, дар асоси қарори шурои  коллективӣ соли 1998 бо фармони роҳбарияти хоҷагӣ 15 адад мошину механизмҳои он бо мақсади пардохти қарзи андозҳои хоҷагӣ ба коргаронаш тариқи музояда фурӯхта шудааст. Сипас, соли 2009 боз аз сабаби қарздор будан аз андоз 14 техникаву механизмҳои боқимондаи он ба тарзи музояда ба фурӯш меравад.
Тавре муаллиф дар мақолаи худ зикр намудааст, солҳои 2000-2010 заминҳои хоҷагӣ низ ба саҳомони хоҷагӣ ба иҷораи дарозмуҳлат дода шуд, ки дар як қисмати заминҳои он хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтаанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, солҳои охир Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва маъмурияти корхона барои беҳтар намудани вазъи он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати аз иҷоракорон баргардонда гирифтани заминҳои хоҷагӣ ва васеъгардонии майдони кишти картошка барои таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо тухмии хушсифат ҳамасола чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар натиҷаи тадбирҳо ду соли ахир майдони кишти картошка дар заминҳои хоҷагии номбурда аз 60 гектар ба зиёда аз 100 гектар расонда шуд. Бовар аст,соли оянд ин миқдор боз бештар мешавад. Ҳоло вазъи молиявии Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров хеле беҳтар гардида, хоҷагӣ маблағи андозҳоро сари вақт пардохта, маъмурияти он соли равон дастрас намудани як қатор механизму мошинҳои кишоварзиро низ ба нақша гирифтааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар мақола оварда шуда ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи молиявию ҳолати хоҷагидории корхона минбаъд низ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. 
 
Ҷ. АМОНАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Файзобод  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед