logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ДАВРА»
1. Муродифи вожаи «булбул». 2. Бас-такори шинохтаи немис. 3. Исми маркази хабаргузории давлатии Тоҷикистон.  4. Донаи шоҳмот. 5. Мева. 6. Ҳаммаънои «аҳсан, бале». 7. Фатҳу  кушоиш. 8. Асбоби мусиқӣ. 9. Муқобили «хурд». 10. Исми маъмулии занонаи тоҷикӣ. 11. Пойтахти давлат дар Осиёи Миёна. 12. «*** ояд, гарм дар оғӯш  гир». 13. Ноҳия дар Тоҷикистон.  14. Воситаи техникии ахбор. 15. Маҷмуаи ашъори Лоиқ Шералӣ. 16. Шоири инқилобӣ. 17. Бино, сохтмон. 18. Навъи либоси тоҷикӣ. 19. Амали математикӣ. 20. Қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 21. Нотарс, далер. 22. Ҳафт, нуҳ, даҳ. 23. Ҳарфи алифбои ниёгон. 24. Ҳаммаънои давлат, кишвар. 25. Унвони давраи амирӣ. 26. Ҷирми осмонӣ. 27. Асари Абдураҳмони Ҷомӣ. 28. Навъи ширинӣ. 29. Омурзиши гуноҳ.
 
Мураттиб  Муҳаммадсафар ЯТИМОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат  
 
Ҷавоб ба муаммои «Самарқанд»
1. Рафиқ. 2. Қоф. 3. Феъл. 4. Ломоносов. 5. «Вафо». 6. Осимӣ. 7. Имло. 8. «Оскар». 9. Раъно. 10. Офтоб. 11. Бурҳон. 12. Назира. 13. Атр. 14. Ромб. 15. Бурҳонов. 16. Волга. 17. Ампер. 18. Рақс. 19. Сталин. 20. Нома. 21. Аммо. 22. Олу. 23. Урдубиҳишт. 24. Тоқӣ. 25. Икс. 26. Самарқанд. 27. Дуд. 28. Думбра. 29. Амак. 30. Китоб. 31. Бикр. 32. Рӯй. 33. Йод. 34. Дамованд. 35. Дарё. 36. Ёдхишетак. 37. Кабӯтар. 38. Регар. 39. Рухом. 40. Моиндар. 41. Рубоӣ. 42. «Ирфон». 43. Наск. 44. Карам. 45. Маъмур. 46. Реостат. 47. Титан. 48. «Нисо». 49. Оҳиста. 50. «Ахбор». 
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
ҚУДРАТИ ИШҚ
Ё ЧӢ ТАВР НИКОЛАЙ ОЛГАРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД?
Княз Николай Сметской, яке аз шахсони саховатманди машҳури рус, дар ҷавонӣ бо духтари бостоншиноси маъруфи Россия Юрий Филимонов – Олга оила барпо мекунад. Вале бо амри тақдир Олга ба бемории сил гирифтор шуд, ки он замон (солҳои 20-уми асри ХХ) муолиҷанашаванда буд. Дарди бедаво навхонадоронро маҷбур месозад ба шаҳри Сухумии Абхазистон кӯч банданд, зеро шаҳр наздикии баҳр буд ва ҳавояш барои чунин беморон муносиб. Бо вуҷуди ин, саломатии завҷаи меҳрубону дилнавози Николай рӯ ба беҳбудӣ намеовард. Табибон дар муолиҷаи ӯ оҷиз монданду дар зинда мондани Олга лаҳзашуморӣ мекарданд. Ниҳоят, тавсияи табиби мумтозе дар дили Сметской шуълаи умедро мунаввар гардонд, агарчи мушкил буд:
 - Барои шифо ёфтани завҷаатон зарур аст, ки ӯ ҳар рӯзро дар ҷои нав гузаронад.
Ашрофзодаи хайрхоҳ ва барои ҳамсараш содиқу меҳрубон тибқи маслиҳати табиб, ба хотири сиҳатии завҷааш қасри бузурге иборат аз  365 ҳуҷра бунёд кард. Дар атрофи он, ки  «Кохи муҳаббат» номаш бурданд, аз гулҳову дарахтони рангоранг боғи камназире сохт. Меҳнати самимонаи Николай  Сметской бор овард ва дар ниҳоят Олга аз бемории марговар шифо ёфту 90 сол умр дид.  
Аз русӣ тарҷимаи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
29.  МАРИУШ КОНРАД: 
«ҲАРГИЗ НОУМЕД НАБОШЕД!»
Мариуш Конрад 10 ноябри соли 1992 дар Полша таваллуд шуда, бо вуҷуди маҳрум будан аз ду даст тавонист дар олами ҳунари рассомӣ номи худро абадӣ гардонад. 
Маҳорати ӯ аз сесолагӣ зуҳур кард ва то 12 - солагӣ, аллакай, рассоми чирадаст шуда буд. Имрӯз мусаввараҳои ӯ дар кишварҳои пешрафтае чун Амрикову Бритониё харидорони зиёд доранд. Яке аз силсилаи расмҳои машҳури ӯ «Мариуш расм мекашад» ном дорад, ки ҳангоми саёҳати Аврупо дар кӯчаҳои Берлину Амстердам, Лондону Париж, Барселонаю Марсел, Риму Венетсия ва Афина офарида шудааст. 
- Ҳаргиз маъюбӣ садди расидан ба қуллаи мурод нест. Агар шубҳа доред, ба рӯзгори ман нигаред. Дар озмуни «Беҳтарин рассоми сайёра», ки соли 2013 дар Вена (Австрия) барпо гашт, ҷойи дуюмро ба даст овардам. Дар намоишгоҳҳои байналмилалии зиёде дар Красову Вена ва Оксфорд ширкат доштам. Бовар кунед, бо ақли солим метавон зиндагиро тағйир дод. Аз ин рӯ, ҳаргиз ноумед набошед! 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТОҚАТ 
 
Дар хандақ:
- Прапоршик чаро беҳуда мепарронӣ, душман ҳоло аён нест - ку?
- Ман фармон дорам, ки то тири охирин бояд тоқат кунам, рафиқ капитан. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК 
ГАРОНТАРИН ЛЕГИОНЕР ДАР БОШГОҲИ ЭРОНӢ ШУД
Тавре Спутник-Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев гаронарзиштарин легионер дар тими наваш “Нафт” – и Эрон гардид. Ӯ дар қатори Ваҳдат Ҳанонов («Персиполис») ва Эҳсони Панҷшанбе («Зубоҳан») сеюмин легионери гаронбаҳо дар ин кишвар шуд. Бобоев ҳамчун бозигари машҳури тоҷик 250 ҳазор евро арзиш  пайдо карда, дар ҳайати умумии тимаш ба қатори 7 бозигари қиматтарини даста ворид шуд. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ТАКСИҲОИ БЕСАРНИШИН  ДАР КӮЧАҲОИ ЧИН
– Ширкати «Baidu» барои роҳандозии аввалин робот - таксиҳои комилан автономӣ ҷиҳати ҳамлу нақли мусофирон дар роҳҳои Хитой иҷозат гирифт. Хидматрасонии таксиҳои бесарнишинро мақомоти шаҳрҳои Вуҳан ва Чунтсин дар ҳудуди худ иҷозат доданд, - хабар медиҳад «Bloomberg».
«Baidu» дар ҳар шаҳр панҷ мошини насли панҷуми «Apollo» - ро ба кор медарорад, ки ҳудуди хидматрасонии онҳо дар маркази шаҳрҳои Вуҳан 13 км ва дар Чунтсин 30 км – ро ташкил медиҳад. Таксиҳо дар Вуҳан аз соати 9:00 то 17:00 ва Чунтсин аз соати 9:30 то 16:30 ҳаракат мекунанд. Айни замон ширкат барои гирифтани иҷозатномаи хидматрасонии таксиҳои бесарнишин дар Пекин ва Гуанчжоу гуфтушунид дорад.
 
Таҳияи Ҳамзаи ДАВЛАТХОН
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КОР Ё ХИЗМАТ?
Аз суҳбати кормандони БДА:
- Гӯш кун Смирнов, мо дар ҳамин БДА кор мекунем ё хизмат?
- Кор мекунем, рафиқ капитан, агар хизмат мекардем, мисли муаллимон ду баробар хароб мешудему дар нақлиёти ҷамъиятӣ мегаштем.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АЗ ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
АШЁҲОИ КАТИБАДОР
"Қаҳр нишони бохт аст!". Ин навиштаҷоти ба забони арабӣ ҳаккокишуда дар зарфи сафолии марбут ба ёдгориҳои Қасри Ҳулбук тасвир ёфтааст. 
Чунин анъанаи ҷолиб дар замони давлатдории Сомониён миёни ҳунармандон, аз ҷумла кулолгарон, роиҷ буд. Онҳо бо истифода аз рангҳо ва навиштани суханҳои пандомез дар зарфҳои сафолӣ рафтору хислатҳои некро миёни мардум талқин менамуданд. 
Маҳз дар ҳамин давр сир (моеи ҷилодор) ихтироъ ва истифодааш дар ороиши зарфҳои сафолӣ оғоз гардид. Ин гуна ашёҳои катибадори рӯзгор, албатта, дар тарбияи маънавии мардум таъсири нек мегузоштанд.
Фаридун КЕНҶАЕВ, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон
 
 
 
МУҲАММАД ВА ҲАМАДОНӢ
БОЗИГАРОНИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР ДАСТАҲОЯШОН ГАРОНБАҲОЯНД
 
Ҳамлагари тоҷикистонии дастаи «Торпедо» (Москва) Муҳаммад Султонов гаронарзиштарин футболбози тимаш ба ҳисоб меравад. Нархи трансферии ӯ ҳоло як миллион еврост. Вақте ӯ соли 2021 аз дастаи «Нижний Новгород» ба ин тим пайваст, 600 ҳазор евро арзиш дошт.
Ҳамадонӣ Камолов, футболбози ҷавони тоҷик, бозигари дастаи испании «Паракуэлос Антамира» ба шумор меравад. Ӯ ин мавсим аз бошгоҳи дигари Испания «Райо Махадаонда», ки дар Сегунда Б бозӣ мекард, ба ин тим гузашт. «Паракуэлос Антамира» дар дивизиони сеюми Испания ҳунарнамоӣ мекунад ва арзиши бозигари тоҷик 125 ҳазор евро мебошад.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ОДАМОНЕ, КИ ГУРБА ДОРАНД       
ДАРОЗУМР, КАМТАР МОИЛИ СТРЕСС МЕШАВАНД
 
Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Миннесотаи ИМА ба чунин хулоса омаданд. Ҳарчанд ин ҳақиқат шарҳи илмӣ надошта бошад ҳам, ба фикри мутахассисон робита бо ҳайвонҳо муфид аст. Аз ҷумла, дар хона гурбаҳоро парвариш намудан, аз ҳолатҳои стрессии табобатнашаванда эмин нигоҳ медорад.
Тарҷимаи 
Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
МУАЙЯН НАМУДАНИ БЕМОРИИ САРАТОН БО ЁРИИ МАЛАХҲО
Олимони Донишкадаи технологии Массачусетс ҳуҷайраҳои саратонро аз рӯи  узви шомиаи малахҳо аниқ намуданд. Бо ин мақсад, онҳо мағзи сари малахро кушода, барои таассур (реакция)-ро хондан электродҳоро ворид намуданд.
Муҳаққиқон хулоса бароварданд, ки дар оянда барои бо ёрии ин ҳашаротҳо саратонро барвақт муайян намудан имкони таҳия кардани санҷиш (тест)-и одӣ ва боварибахш фароҳам месозад. 
 
Тарҷумаи М. ПАЙК
 
 
 
СУХАН БО СУХАН ҶУБРОН ШУД, НА ГАНДУМ 
 
Шоире пеши дорое рафт ва ӯро бисёр ситоиш кард. Тавонгар аз ин хушҳол шуду гуфт: - Бо худ ҳоло нақд надорам, фардо биё, гандум хоҳам дод.
Шоир ба хонааш рафту субҳи дигар дари сарватмандро кӯфт. Соҳибхона дарро кушоду савол кард: - Чаро омадӣ?
- Дирӯз ваъдаи додани гандум додӣ, аз ин рӯ, омадам.
Тавонгар гуфт: - Аҷаб сода будаӣ. Ту сифатҳои дар ман набударо ба ман часпондӣ, маро бо сухан хуш кардӣ, ман низ ба лутфе туро хуш намудам.
Таҳияи Б. БАҲОДУР
 
 
 
ДАР ДУНЁ АВВАЛИН РОҲИ ОҲАНИ ОВЕЗОН ИФТИТОҲ ШУД
Роҳи оҳани овезони озмоишии дарозиаш 800 метр дар музофоти Сзянси Хитой воқеъ аст. Муҳандисон дар сохтани он аз оҳанрабоҳои доимӣ истифода намуданд. Бо ёрии онҳо қатораи дорои 88 мусофирро механизмҳо ба баландии даҳ метр бардошта метавонанд.
Фарқаш аз роҳҳои овезони магнитии то ин вақт бунёдшуда ин аст, ки роҳи овезони хитойиҳо ба қатора намерасад. Мувофиқи гуфтаи тадқиқотчиҳои Донишгоҳи илм ва технологияҳои Сзянси вазифаи қувваи соишхӯрии барои ҳаракати вагонҳо даркориро қувваи ниҳоят ками барқ ба ҷо меорад. Чунин роҳҳоро сохтан нисбат ба бунёди метро 10 баробар арзон аст.
 
Тарҷумаи М. БЕРДИЁРОВ
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
23. ҒОРИ ЛАСКО
Ғори Ласко (Lascaux) дар ҷанубу шарқии Фаронса ҷойгир буда, дар худ беш аз 900 намунаи санъати хеле қадимиро маҳфуз медорад. Он ба туфайли гардиши аҷиби ҳаво дар системаи зеризаминӣ, то рӯзҳои мо бениҳоят хуб боқӣ мондааст.  Имрӯз ин объектро яке аз ёдгориҳои муҳимтарини палеолитӣ ҳисобида, “қатраи рассомии ҳаёти ибтидоии сикстинӣ” меноманд. Аз соли 1963 дастрасии ҷамъиятӣ ба ин ғор мамнуъ аст, зеро бо сайёҳон ба ин ҷо занбӯруғи зарарнок роҳ ёфта, ба экосистемаи беназири Ласко зарар расонд. Дар баробари ин, гази карбони аз ҳад зиёд, ки издиҳоми меҳмонон аз худ хориҷ мекарданд, ба коҳиши расмҳои рӯисангӣ сабаб шуд. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
ТАВСИЯ
 
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
 
26. ТАСЛИМ НАШАВЕД!!!
 
Ҳаргиз ақиб нанишинед. Дар масири расидан ба ҳадаф ҳазору як монеа рӯбарӯи шумо хоҳад шуд. Ба худ ҷуръати мубориза кардан диҳед. Ақибнишинӣ кори тарсуҳост. Ба самти пеш ҳаракат кунед! Таслим нашавед!!! 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
АГАР ЗАВҚ БОШАД...  
Рут Флауэрс баъди расидан ба синни нафақа хост, ки идомаи умрро бо шавҳараш дар минтақаи наздибаҳрии Португалия сипарӣ кунад. Аммо тақдир ба орзуяш раҳм накард. Шавҳараш вафот намуду вай ба ватан - Бристол баргашт. 
Наберааш ӯро ба ҷашни зодрӯзи худ ба клуби шабона даъват намуд, вале ӯ умед надошт, ки ин даъватро бибии куҳансолаш мепазирад. Бибӣ ғайриинтизор дар шабнишинӣ на танҳо ҳузур дошт, балки то саҳар он ҷо монд. Рут Флауэрс он шаб ба наберааш гуфт, ки мехоҳад дар чунин шабнишиниҳо худро ба сифати Бибӣ – Диҷей санҷад. Набераи дӯстдор бо хушнудию эҳтиром барои бибии 70-солааш продюссереро дарёфт намуд. Продюссер аз неруи зиёд доштаи зани солхӯрда ба ваҷд омада буд. Ҳамин тавр, пиразан дар шабнишиниҳои хосса бо ҳунармандони шинохта ҳунарнамоӣ мекард. Рафта-рафта рӯйхати сафарҳои ҳунариашро тартиб доду дар 80-солагӣ ситораи ҳунар гардид. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
5 РОҲИ  БЕМАРГӢ
2. АБАДИЯТИ МОЛЕКУЛАВӢ
Ҳуҷайраҳо ҳамеша тағйир ёфта, тоза мешаванд, механизми дифоъ барои токсинҳои куҳна месозанд, аммо боз ҳам пир мешавем. Сабаб он аст, ки ҳуҷайраҳо пир мешаванд.
Олими рус Скулачев пешниҳод мекунад, ки ба ҳуҷайраҳо бояд ёрӣ дод ва нагузошт, то оксигени «туршшуда» ба организм ворид шавад. Аз ҷумла, пеши роҳи ҳавои ифлос, радиатсияро гирифта, ҳуҷайраҳоро дар «озодӣ» нигаҳ доштан лозим меояд. Барои ин амал, аллакай, номгӯйи доруҳо омода аст ва интизори таҳқиқи клиникии таҷрибаанд.
Ҳуҷайраҳо, ки «пир» нашуданд, барои ҷавонии тан хуни тоза ё «ҷавон» лозим аст. Гурӯҳи пажӯҳишгарон судманд будани ин усулро собит кардаанд, аммо аз куҷо дастрас кардани хуни тоза суол боқӣ мемонад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 1095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед