logo

илм

БИГӮМАГӮҲОИ ИЛМ ДАР КОА

Як сол аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) аз мушкилоти илми ватанӣ мегӯяд ва роҳбарияти он дар ҷаласаву конфронсҳои сатҳи баланд пажӯҳишгарони тоҷикро ба муносибати ҷиддӣ ба таҳқиқ даъват мекунад. Таъкидҳои паёпайи ин ниҳодро сабаб "сохтакориҳои дағал, асардуздӣ, корҳои пурғалату дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ҳатто диссертатсияҳое, ки довталабон аз мазмуну муҳтавои онҳо огоҳӣ надоранд", мебошад. 
- Агар пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро нагирем, он рӯз дур нест, ки илми ватанӣ ба буҳрон дучор гашта, дар кишварамон мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир пайдо карда натавонем. Мавзуъ то ҷое доғ гардид, ки Роҳбари давлат чанд маротиба ба он дахл карданд ва пешниҳоду дастурҳо дар ин самт низ дода шуданд, - мегӯяд Абдулҳаким Розиқзода, раиси КОА, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 
«ИЛМИ ВАТАНӢ ДАР ДАСТИ  ХУДИ МОСТ»
Абдулҳаким Розиқзода гуфт: «Азбаски ниҳоди мо замони шуравӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт ва ба фаъолияташ тоза панҷ сол пур мешавад, дар ибтидои кор ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ омад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ин мушкилиҳо роҳи ҳалли худро ёфтанд. Комиссия соҳиби бино шуд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, кормандон ҳам пайдо гаштанд ва кори амалӣ оғоз ёфт». 
Ба комиссия то 30 июни соли ҷорӣ 1588 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шуд. Аз ин 124 парвандаи аттес-татсионию диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1379 парванда номзади илм ва 85 - тои дигар ҷиҳати гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ворид гардидааст. То имрӯз 1370 диссертатсия тасдиқ шудааст. 
- Аз теъдоди умумии ҳимояҳои доиршуда 195 диссертатсия рад шуд. Дар назар ин рақам нигаронкунанда намояд ҳам, вале таҷрибаи КОА-ҳои кишварҳои ИДМ, бахусус Федератсияи Россия, Беларус, нишон медиҳад, ки ин омори воқеист ва КОА-и миллӣ  дар  масири дуруст қарор дорад. Фаъолияти ниҳоди мо собит кард, ки ояндаи илми ватанӣ дар дасти худи мост, агар мо ба таҳқиқ ва тарғиб ҷиддан машғул нашавем,  касе  илми  моро  поягузорӣ намекунад, - афзуд раиси КОА.
 
КОА АКНУН «АНТИПЛАГИАТ» ДОРАД
Чор сол боз унвонҳои илмии олимони моро пойгоҳи “Диссернет” зери суол мебарад ва бигӯмагӯҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО меафзоянд. "Диссернет" як пойгоҳи ҷамъиятӣ буда, фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимони дар КОА-и Россия ҳимоякарда нигаронда шудааст. Он то имрӯз бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмӣ муҷрим донист. 
Бино ба гуфтаи Абдулҳаким Розиқзода, беинсофона рӯйбардор ва ё плагиат шудани корҳои илмӣ ҳақиқат дорад, аммо  аз корҳои «Диссернет» бӯйи ғараз меояд ва пайдост, ки фармоишӣ кор мекунад, зеро аксари олимоне, ки дар рӯйхати он ворид мешаванд, хизматчиёни давлатиянд.
- КОА бинобар зиёд шудани рӯйбардор, сохтакорӣ ва ё плагиат дар корҳои илмӣ соли гузашта бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи компютерии «Антиплагиат»-ро дастрас кард, ки дар ифшои чунин ҳолатҳо ёрӣ мерасонад. Акнун, кори мо осонтар мешавад. Аслияти матни кори илмиро тавассути ин махзан ба зудӣ месанҷем. Дар донишгоҳҳо ҳам барномаи антиплагиат амал мекунад, вале онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута тасмим гирифтанд, ки  корҳои илмӣ танҳо дар барномаи антиплагиати КОА санҷида шаванд. Дар барномаҳои антиплагиатҳои донишгоҳҳо омили инсонӣ эҳсос мешавад. Яъне, агар диссертатсия 100 саҳифаро ташкил диҳад, 75 саҳифааш бояд моли худи рисоланавис бошад, - афзуд Абдулҳаким Розиқзода.
 
ШИКОЯТ АЗ ХОРИҶИЁН
Ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ду олим аз Қазоқистон ва Украина шикояти расмӣ қабул карданд ва баъди санҷиш рисолаҳои сирқатшудаи пажӯҳишгарони мо бозпас гардонда шуданд, зеро онҳо корро рӯйбардор ва тарҷума кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни тоҷик 19 марти соли 2020 изҳор доштанд: «Дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд. 
Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа, ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “беморӣ”-и замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст. Зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шуроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика, дифоъ кардаанд. Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд».
 
ТАВОНОИИ ИЛМӢ НОКИФОЯ АСТ,  ЧАРО?
 
Дар суҳбат аз базаи моддиву техникии муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ташкили шуроҳои илмӣ сухан рафт. Абдулҳаким Розиқзода зикр кард, ки бо сабаби дағалона вайрон кардани муқаррароти санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии соҳа  пас аз огоҳии чандинкарата фаъолияти 7 шурои диссертатсионӣ боздошта шуд. 
Ҳарчанд ҷиҳати рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ тадбирҳо меандешем, аммо ноустувории пояҳои илмӣ кори моро ба қафо мекашад ва намегузорад, ки дар баъзе ихтисосҳо шурои диссертатсионӣ боз кунем. 
 
ЧӢ КОР БОЯД КАРД?
 
Бино ба таъкиди пайдарпайи раиси КОА, чанд омил ҳаст, ки илми ватаниро ба мақоми баланд мерасонад. Якум, мустаҳкам кардани ҷойгоҳи кишвар дар радабандиҳои байналмилалии пажӯҳиш ва таҳсилот. Масалан, ҳанӯз 6 моҳ пеш коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дақиқ карда буд, ки Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди радабандии интишороти тақризшаванда дар рӯйхати Web of Science ва Scopus дар соли 2019 байни 197 кишвари олам дар зинаи 140-ум бо 62 мақола дар нашрияҳои бонуфузи тақризшаванда қарор дорад; дувум, дастгирии олимони ҷавон ва фароҳам овардани шароити ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти силсиладор; севум, аз рӯйи адолати виҷдонӣ ба ҳам омадани пажӯҳишгарони кишвар ва рафъи муборизаҳои носолими байни онҳо; таъмини озоди равобити академикии муҳаққиқони мо бо ҳамтоёни худ дар хориҷи кишвар; мубодилаи афкор ва иштирокашон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва ниҳоят маблағгузории калон ба равнақи илм. Пайдост, ки илм барои дар амал татбиқ шудан, базаи моддӣ, майдони таҳқиқ, сафарҳои хориҷӣ ва асбоби баландсуръату муосири технологиро мехоҳад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 2522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед