logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ШОҲИД

26 август  дар Қасри  миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва вазъи имрӯзаи сайёраро муҳокима карданд.
Бо таъкиди алоқамандӣ ба идомаи ҳамкории судманду гуногунарса бо Созмон, Сарвари давлати мо аз истифодаи минбари он барои муаррифии ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳми хоссаи Тоҷикистон дар пешбурди барномаҳои Созмон ва татбиқи онҳо таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъсиси Гурӯҳи ҷаҳонии вокуниш ба буҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва молиявии Созмони Милали Муттаҳид, баргузории саммит оид ба дигаргунсозии маориф, саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ, саммити ояндаи мо ва пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаи мушкилоти тағйирёбии иқлим, офатҳои табиии марбут ба об, гармшавии ҳаво ва обшавии пиряхҳо, ки ҳамасола зарарҳои моливу моддии зиёд ба бор меоранд, таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълони Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузошта шуд. 
Ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.
Зимни баррасии вазъи Афғонистони ба мо ҳамсоя ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷиҳати идомаи расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, зарур шумурда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расондани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 2134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед