logo

порлумон

ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои аъзои интихобшуда
Мувофиқи моддаҳои 12, 43, 51, 52, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аз 26 августи соли 2022, ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5-ро гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 салоҳиятнок ҳисобида шавад.
2. Номзадҳо Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Исматзода Азизулло Убайдулло бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, ки дар интихоботи рӯзи 26 августи соли 2022 интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд.
3. Ба аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.
 
Раиси Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА 
            
Котиби Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА   
шаҳри  Душанбе, 26 августи соли 2022, № 178
 
 
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
 
26 августи соли 2022 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, ки 26 август баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳодҳои маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр ду номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. 
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ 26 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе гузаронда шуд. Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии бисёрмандатӣ дар интихоботи миёнадаврӣ 97,5 % вакилони интихобкунанда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он  ва  83,45 % вакилони  интихобкунанда аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд.
Дар асоси моддаҳои 51 ва 52 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи рӯзи 26 августи соли 2022 номзадҳо Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Исматзода Азизулло Убайдулло бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ шуданд.
Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 2172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед