logo

иҷтимоиёт

НИГАРОНӢ

 
Солҳои охир намуди зоҳирии пойтахти азизамон тамоман дигаргун шуда истодааст. Пешравиҳо, беҳбудиҳои нав ба нав, иморатҳои пурҳашамат қомат рост кардаву мекунанд, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту растаҳо пойтахтро дучанд зебо кардаанд. Чунин пешравиҳо, пеш аз ҳама, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сар шуда, равнақу ривоҷ ёфта истодаанд. Вале ашхосе ҳам вуҷуд доранд, ки ба ҳамаи ин зебоиву ҳашамати имрӯза ороиши иморату иншоотҳои замонавӣ халали ҷиддӣ мерасонанд, кайфияти тамошои зебоиҳои бунёдшударо коста сохта, як шакли “эклектикӣ”-ро ба миён меоранд ва ба гуфтаи мардум,  аз ҳад мегузаронанд. Ин проблемаро ман дар баҳудаву беҳуда овехтану насби банеру овезаҳои тарғибӣ мебинам. Хусусан, банерҳои калони тарғиботӣ, ки на маънои амиқ доранду на маданӣ; такрори он чизҳоеанд, ки дар телевизион мебинанд, аз радио мешунаванд ва ғайраву ҳоказо. Ба андешаи ман ҷойи ин кӯшиш кардан лозим аст, ки  асарҳои монументалии рассомони шинохтаи худро, ки хеле кам мондаанду баъзе иморатҳои пойтахтамонро оро медиҳанд, таҳти назорат гирифта, нигоҳубин намоянд, то барои наслҳои ояндаи мо ба ёдгор аз наслҳои пешин чизе боқӣ монад.  
 
Дар яке аз деворҳои иморати куҳан ва таърихии шабакаи Телевизиони “Сафина”, (собиқ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев) асари монументалии устоди зиндаёди тоҷик Асрор Аминҷонов кӯчаи марказии пойтахтамонро оро медиҳад. Фахр дорам аз он, ки дар овони ҷавониям дар амалӣ гардондани ин шоҳасари устодам, андаке бошад ҳам, кумак расондаам. Ин асар, ки аз сангҳои табиии диёрамон кошинкорӣ шудааст ва бо номи “Шашмақом” ба шаҳрвандони пойтахт шинос аст, бо гузашти айём ва солҳои дарозу тулонии азбайнрафта  мақому манзалати худро гум накардааст, барои мардуми тоҷик маҳбуб мебошад. Тамоми раҳгузарони кӯчаи марказии пойтахт, меҳмонони хориҷии он, пиру ҷавони шаҳр  аз назди ин асар гузаштан баробар ҳаракаташонро паст карда ё истода, ба ин асари безавол ва зебои монументалӣ диққат медиҳанд, фикр мекунанд, андешаҳои худро баён медоранд, сурат мегиранд ва лаззати маънавӣ мебаранд. Ҳамнаслҳои ман ва банда, солҳои пешини ҷавониашон, симои фаромӯшнашавандаи  устод Асрор Аминҷоновро ба ёд меоранд, ба шоҳасари ӯ нигариста, меҳри  Ватан, ҳисси беназири ватанпарвариашон дучанд гашта, фахр мекунанд. Чун ба болои ин асар менигаранд, табъашон аз манзараи иҳотакардаи асар бо рекламаву банерҳои дабдабаноки хушку холӣ,  хира мегардад. Дар ин бора на танҳо ман ва дигар ҳамкасбонамон фикру андешаҳои худро аз тариқи васоити ахбори умум гуфтаем, огоҳонидаем,  ҳатто баъзе пешниҳодҳо ҳам буданд, вале сад афсӯс, ки ба ягон суоламон ягон мутасаддии мақомоти дахлдор ҷавобе намедиҳанд, ба мардум намефаҳмонанд, ки чаро лаҷоми рекламадиҳандагонро каме намекашанд. Имрӯзҳо бошад, дар баробари тараққиёти босуръати сохтмонҳои нави баландошёна   суоле пеш меояд: “оё ин асарро мемонанд ё намемонанд?”. Чунин  андешаҳо дар гирду атрофи  вазъи имрӯзаву фардои  беҳтарин офаридаҳои ҳайкалтарош Валимад Одинаев, рассомони ороишгар ва  асари сегонаи банда “Фазои вақту замон” ҳам айни ҳол вуҷуд дорад, ки шахсан маро хело нигарон сохтааст. Чунин тақдир насиби яке аз кошинкориҳои (мозайикаи) шодравон, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев  гардид. Истиқоматкунандагон ва меҳмононе, ки аз минтақаи  кинотеатри “Тоҷикистон” мегузаштанд, то ҳол мегӯянд, ки зебу зинати ин гӯшаи шаҳрамон ҳамон асари устод Ҳабибуллоев буд. Имрӯз аз будану набудани ин асар танҳо сурате дар яке аз албомҳои ба санъати монументалии Тоҷикистон бахшидаи  даврони шуравӣ боқӣ мондаасту халос. Илоҷи чунин асарҳоро раҳонидан ҳама вақт мавҷуд аст, танҳо ашхоси масъул чанд дақиқаи вақти худро сарф намуда, барои маслиҳат мутахассиси соҳаи санъати монументалиро даъват кунанд, кофист.
Баъди ин қадар нофаҳмиҳоро диданам, ҳамроҳи суратгир Амир Исоев дигар ба ягон иншооти пойтахтамон нарафта, тасмим гирифтем, ки ба шаҳри Кӯлоб барои аксбардории объектҳои ороишдодаи худам ва бо бригадаамон биравем. Ба шаҳри Кӯлоб омадем ва рост ба назди иншооти номбурда равон шудем. Боварии комил доштам, ки дар ин ҷо кошинкориҳои ман осебе надидаанд, гарчанде солҳои 1985 иҷро шуда буданд. Бинои истиқоматии 4 - ошёнае, ки дар собиқ кӯчаи Ленин ва даромади шаҳр ҷойгир аст, бо пешниҳоди роҳбарияти онвақтаи шаҳр ороиш ёфта, бо номи “Равзанаи Илич” муаррифӣ шудааст. Дар маркази асар симои хастаи “пешвои пролетариати тамоми дунё” Владимир Илич Ленин тасвир ёфтааст, ки  аввалин ва охирин асари ба ин образ бахшидаи ман аст. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои пеш аз ҷониби  кормандони хизмати коммуналии мақомоти иҷроияи шаҳр ин асари кошинкоришуда ҳар 5 сол бо об ва туршоб аз чангу хок шуста мешуд, аммо имрӯзҳо он зери чангу хоки бисёрсола мондааст ва касе парвояшро надорад. Бо вуҷуди ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ки ин девор ва асарро ҳамчун мероси таърихӣ маҳсуб донистааст, бояд нигоҳубин кунад. Ҳамчун муаллифи асар аз он шукргузорам, ки сангчаҳои рангини он низ ҳамчунон беосеб боқӣ мондаанд.
Сипас, мо ба назди бозори “Саховат”-и шаҳр омадем. Баъди Ҷашни 2700 - солагии Кӯлоб, онро надида будам. Солҳои 1988-89 бо бригадаам ин иншоотро бо кошинкориҳои худ оро дода будем ва он яке аз гӯшаҳои зебо ва иншооти наву замонавии шаҳр дар солҳои гузашта ба ҳисоб мерафт. Мо дар ороиши худ дар се паҳлуи бозор чор фасли соли ватанамонро тасвир карда будем. Сад афсӯс, ки аз он иншооти зебову боҳашамат танҳо бинои чиркину ифлос мондааст ва аз кошинкориҳои мо танҳо фасли тобистонашро аз тарафи кӯчаи марказии шаҳр  мебиниву халос! Панелҳои меҳроби  меъмориро имрӯзҳо бо ранги кабуди сунъӣ ранг кардаанд, ки ба ороишҳо ҳеҷ мувофиқ нест. Кошинкориҳои ду тарафи дигари бозор – чапу рост бо латтапораҳо, тахтапораҳо, бо фанераву пластикаҳову селофан пӯшонда шудаанд, ки амалкарди ношоям аст. Хуллас, аз дидани вазъи имрӯзаи иншоот қариб буд, ки беҳуш шавам! Дилам ба меҳнату заҳматҳои кашидаи худам ва аъзои бригадаам сӯхт.
Бояд бигӯям, ки барои ороиши иморати навсози қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маро собиқ сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Зариф Валиев  пешниҳод намуданд. Аз номуси ватандориям ороиши дохиливу берунаи он биноро ба уҳда гирифтам. Солҳои 1980-88, баъди ба анҷом расидани сохтмони иншоот, мо ба кор шуруъ карда будем. Асари монументалие, ки “Тӯйи сарзаминам” ном дорад, бо тарзи кошинкорӣ (мозайика) дар толори маъракаҳои расмии қаср иҷро шудааст ва то имрӯз вуҷуд дорад. Баъди солҳои тулонӣ вақти гузарондани корҳои таъмирии бино, қисми болоии асар, бахусус чор мисраъ шеъри устод Рӯдакиро пинҳон намудаанд. Дар ин бора аз норозигии худ ба муовини Сарвазири онвақтаи ҷумҳуриямон, ки роҳбарии Ҷашни 2700-солагии Кӯлобро ба уҳда доштанд, хаттӣ муроҷиат намудам, аз лоиҳакашоне, ки реконструксияи шифти толорро ба уҳда доштанд, хоҳиш намудам, ки муроҷиати маро ба инобат гиранд, вале баръакс кор ранги дигар гирифт ва қисми болоии асар бе мисраъҳои шоир маънои худро гум кардааст. Додамро масъулон нашуниданд ва бар замми ин, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз офаридаҳои шодравон В.Одинаев валангор карда шуда, гобелени заҳмати дастони рассом Дод Самадов ба яғмо бурда шуд. 
Бо ҳамин бори гарони нофаҳмиҳо ва хотираҳои ғамгин ба шаҳри Душанбе баргаштам ва дар андеша мондам...
 
Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф,
Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед