logo

Хабарҳо

Ваколати дипломатии роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба охир расид

 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро бинобар анҷоми ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла муносибати байнипарламентӣ, баррасӣ шуданд.
Тавре аз Маҷлиси Олӣ хабар доданд, Рустами Эмомалӣ аз сатҳу сифати робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятиву фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Мэрилин Йосефсонро дар ривоҷу равнақи муносибатҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, инчунин, ҷонибдории Иттиҳод аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим миннатдорӣ баён дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Вазъи Афғонистон дар меҳвари суҳбат қарор гирифт
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Раиси иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид, ки бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-ум то 28-уми август дар шаҳри Душанбе қарор дошт, атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир, иқдомҳои муштарак, инчунин, татбиқи муассири Рӯзномаи 2030 ва ҳадафҳои устувори он мубодилаи афкор намуданд. 
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин росто, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, обу энергетика ва амният дар минтақа, бавижа вазъи Афғонистон, дар меҳвари суҳбат қарор гирифтанд.
 
 
 
Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон – Россия» доир мегардад
15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон – Россия» баргузор мешавад. 
Тавре Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзуъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт.
Форумро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Федератсияи Россия доир мекунад. 
Дар назар аст, ки аз ҳар ду ҷониб дар ин чорабинӣ намояндагони Ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок менамоянд.
Аз рӯи натиҷаҳои он байни соҳибкорони кишварҳо созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.
 
 
 
Имзои 14 санади ҳамкорӣ ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб – 2022» 14 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияи иттилоотӣ ва ғайра ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид.
Тавре шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, дар форум роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва соҳибкорони шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат карданд.
Иштирокдорон аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию ҷаҳонгардӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4289
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед