Хабарҳо
МУАЛЛИФИ КИТОБИ “АЛИФБО” – “ОМӮЗГОРИ ИФТИХОРИИ ХАТЛОН”
Маҳмадулло Лутфуллоев, собиқадори соҳаи маориф, муаллифи китоби «Алифбо», бо нишони сарисинагии «Омӯзгори ифтихории Хатлон» ва мукофотпулӣ қадр гардид,- иттилоъ доданд аз раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, сардори раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода нишони сарисинагӣ ва мукофоти пулии 3 ҳазор сомониро ба Маҳмадулло Лутфуллоев тақдим намуд.
Гуфта мешавад, ки ҷоизаи мазкур ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои бебаҳои устодону омӯзгорон, саҳми шоёну арзандаи онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҳиссаи шоиста дар беҳтарнамоии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти иловагӣ ва пешрафти кори соҳаи маорифи вилоят таъсис ёфтааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5317