logo

иқтисод

АГЕНТИИ СОДИРОТ. ИҚДОМҲОИ БЕНАЗИР ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ

Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияташро ба роҳ монда,  оид ба амалисозии се самти асосии соҳаи содирот - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсоли ба содирот нигарондашуда ва содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои зиёд  роҳандозӣ кардааст.
 
БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ВА РИВОҶИ ҲАМКОРИҲО 
Тавре директори Агентӣ Шавкат Бобозода, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» баён дошт, Агентӣ якҷо бо мақомоти дахлдор ва шарикони рушд дар самти дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидори  содиротӣ, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ҳамчунин,  ҷалби харидорони  хориҷӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар самти афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо мақсади тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ қабул гардид.
Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори Барнома бо мақсади самаранок намудани ҳавасмандгардонии молиявии содирот ва тавсияҳои судманди рушди соҳа Стратегияи дохилии Агентии содирот барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид. Инчунин, аз ҷониби Агентӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» бо мақсади дарёфти содироткунандагони боэътимод ва маҳсулоти содиротии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои миллию байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст.Баҳри муаррифии имкониятҳои содиротӣ сомонаи интернетии Агентӣ такмил дода шуда, дар таҳрири нав ташкил ёфт. Ҳамзамон, пайваста маълумоти соҳавӣ ва маълумоти вобаста ба дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистон бо номгӯи маҳсулоти содиротӣ дар сомона ҷойгир мегардад. 
Агентӣ бо мақсади пайдо намудани шарикони хориҷӣ феҳристҳои маҳсулоти содиротии саноатию кишоварзиро таҳия карда, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корбарӣ ба вазорату идораҳо пешниҳод намуд. Илова бар ин, ҳуҷҷати мазкур бо мақсади дарёфти бозорҳои содиротӣ дар сомонаи Агентӣ ҷойгир шудааст. Дар баробари ин, каталоги маҳсулоти кишоварзӣ барои муаррифии маҳсулоти содиротӣ таҳия гардид.

МАКТАБИ СОДИРОТ - ЗАМИНА БАРОИ ТАВСЕАИ ФАЪОЛИЯТИ СОДИРОТӢ
Дар самти дастгирии истеҳсолку-нандагону содироткунандагон ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави содироти маҳсулоти ватанӣ, бахусус намак, ангишт, обҳои нӯшокӣ, тухми мурғ, ангуру гелос бо иштироки роҳбарони ширкатҳои содироткунандаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҷаласаҳои корӣ баргузор шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот масъалаи таъсиси Мактаби сайёри содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта шудааст. Бо мақсади дастгирии иттилоотию таълимӣ барои субъектҳои содироткунанда ҷиҳати ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо айни замон консепсияи Мактаби содирот таҳия гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Илова бар ин, Агентӣ Тартибу меъёрҳои бақайдгирии субъектони содиротиро барои ташаккул ва пешбурди Феҳристи давлатии содироткунандагони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, онро ба вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд муаррифӣ намуд. Мақсад аз таҳияи ҳуҷҷат дуруст ва дақиқ кардани дурнамои иқтидорҳои содиротии кишвар буда, дар оянда ба содироткунандагони боэътимод ва хизматрасон ҷиҳати бархӯрдор шудан аз имтиёзҳои соҳа мусоидат менамояд. 
 Ҳамзамон, Агентӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба  омӯзишу баррасии масъалаҳои муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот, баҳри ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи содирот,  рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар сатҳи минтақаву ҷаҳон пайваста ҷаласаҳои гурӯҳи кориро мегузаронад. Инчунин, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи байналмилалии пешбурди содирот, баланд бардоштани малакаи касбии кормандон, рушди содироти маҳсулоти ватанӣ ва муаррифии имкониятҳои содиротӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, кормандони Агентӣ соҳиби сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардиданд. Дар баробари тадбирҳои болозикр, Агентӣ якҷо бо созмону лоиҳаҳои байналмилалии соҳавӣ ҷиҳати мукаммалгардонии низоми миллии дастгирӣ ва рушди содирот, аз ҷумла дар самти ташкили Платформаи рақамии содирот ва бартараф кардани монеаҳои содиротӣ тадбирҳои заруриро меандешад.
 
ИМКОНИЯТИ СОДИРОТ БА БОЗОРИ АВРУПО АФЗУН МЕГАРДАД
Ба иттилои директори Агентии содирот, дар баробари дигар дастовардҳо, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентӣ сертификати гузариш ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупоро моҳи декабри соли 2020 дастрас намуд. Дар натиҷа, низоми REX 61 ширкатҳои ватании содироткунандаро ба қайд гирифта, содироти ин ширкатҳо бо истифода аз тиҷорати электронии низоми REX ба Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария, Норвегия, Туркия ва дигар давлатҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз тарафи онҳо ба маблағи қариб 20 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид. Айни замон пешбурди кори низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Агентӣ тариқи сомонаи REX ройгон (бе пардохти маблағи барасмиятдарорӣ) ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон тариқи электронӣ амалӣ мегардад. Ин кор барои ҳавасмандгардонии содирот бо сарфаи вақту хароҷот мусоидат мекунад. Илова бар ин, бо соҳибкорону содиркунандагони ватанӣ оид ба тартиб ва қоидаҳои REX  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ баргузор гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. 
 
ТАКОНИ ҶИДДӢ ДАР АФЗОИШИ СОДИРОТ
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда талаботи бозори дохилии кишвар тадриҷан қонеъ гардида, сохтори содирот сол ба сол васеъ мегардад. Дар шашмоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон бо 101 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва 91 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро ба роҳ мондааст. Дар асоси маълумоти оморӣ, дар ин муддат гардиши савдои хориҷӣ 3513,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад бештар аст. Тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ба он мусоидат намуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти оморӣ, аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардид. 
Тибқи иттилои директори Агентии содирот, тайи шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 1180,3 миллион долларро ташкил дод. Сохтори содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар, дар ин давра, асосан, аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо аз ҷиҳати арзиш (33,4 дарсад аз ҳаҷми умумии содирот), нахи пахта (10,5), консентрати мис (7,1), алюминийи аввалия (7,2), консентрати руҳ (7,1), консентрати сурб (4,8), сурма (4,5), риштаи пахтагӣ (2,3), семент (1,7) ва неруи барқ (3,7 дарсад) ташаккул ёфтааст. Дар ин давра, ба маблағи 6,9 миллион доллар ангишт содирот гардид, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 миллион доллар (18,8 ҳазор тонна) афзуд.

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ХАРИДОРИ  БЕШТАР ПАЙДО МЕКУНАД 
Дар байни маҳсулоти содиротшаванда маҳсулоти кишоварзӣ нақши намоён дошта, тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли равон содироти он ба хориҷи кишвар 27 миллиону 727,5 ҳазор долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 15 миллиону 570,5 ҳазор доллар ё 28,1 дарсад бештар мебошад. Аз рӯи ҳаҷм бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 ҳазор тонна афзуда, ба 115,2 ҳазор тонна расид, - гуфт Шавкат Бобозода ва афзуд: “Инчунин, дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи 10 номгӯи маҳсулот 95,5 дарсад, аз ҷумла пиёз 66,4 ҳазор тонна (54,9 фоиз), меваи хушк 22,1 ҳазор тонна (18,3 фоиз), сабзӣ 5,6 ҳазор тонна (4,6 фоиз), ангур 5,3 ҳазор тонна (4,4 фоиз), олу 4,3 тонна (3,6 фоиз), зардолу 3,6 ҳазор тонна (2,9 фоиз), карам 3 ҳазор тонна (2,5 фоиз), арахис бо пӯстлох ва тозакардашуда 3 ҳазор тонна (2,4 фоиз), тухми мурғ 1,2 ҳазор тонна (1 фоиз) ва лимӯ 1 ҳазор тонна (0,9 фоиз) рост меояд. Илова бар ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба хориҷи мамлакат ба маблағи 1 миллиону 203 ҳазор доллар 19,5 миллион дона тухми паранда содирот гардид.

ФОРУМИ БОШУКӮҲИ  «BOKHTAR FOOD - 2022» 
Дар баробари дигар дастовардҳо, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду соли охир бо мақсади рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тавассути муаррифии имкониятҳои содиротии кишвар Форуми байналмилалии содиротии "Бохтар Фуд" баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар роҳбарону масъулони мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дип-ломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд, аз ҷумла Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, лоиҳаҳои USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ташкили ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон, Маркази тиҷорати байналмилалӣ, Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти саҳомии «Ширкати суғуртавии содиротии KazakhExport», Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ЮНДП), намояндагони тиҷоратии Россия ва бахши хусусӣ, роҳбарону аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ташаббуси чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, дарёфти механизми мусоидат ба рушди содирот, муаррифии маҳсулоти тарутозаи кишвари офтобии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, устуворӣ ва рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалию минтақавӣ ва пешгирии маҳсулоти воридотӣ арзёбӣ мешавад. Дар Форуми имсола намояндагони 9 кишвари дунё, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия ширкат варзиданд.
Воқеан, бо таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик ва истифодаи иқтидори мавҷудаи содиротӣ тақозо мегардад, ки меваю сабзавоти тарутоза, инчунин, маҳсулоти босифати хӯроквории истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба таври назаррас содирот карда шаванд. Меҳмонон ва намояндагони ширкату корхонаҳои гуногун аз намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсулоти содиротии деҳқонони вилояти Хатлон, сифати аълои анвои ғизоӣ ва рақобатпазири маҳсулот дар берун аз марз шинос гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои баъдӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Дар намоишгоҳ сабзавоти тоза, меваҳои донакдори барои содирот равонашуда, обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти ширию хоҷагиҳои ҷангал, саноатӣ, асали аълосифати табиӣ, полизиҳо, меваҳои ситрусӣ ба умеди иртиботи баъдию ҳамоҳангӣ ҳамчун намуна пешкаши ҳозирон гардиданд. Меҳмонон оид ба пешниҳоди маҳсулоти тарутозаи кишвари офтобии Тоҷикистон баҳои баланд дода, бо бовару самимият барои таҳкими ҳамкориҳо дар содироти маҳсулот ҳарф заданд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар аз лиҳози маҳсулоти тозаву табиӣ хуб мешиносанд ва раванди баргузории форумҳои васеъмиқёс роҳҳои нави густариши ҳамкориҳоро барои соҳибкорон ва кишоварзон боз мекунад. Бояд гуфт, ки дар доираи Форум ба маблағи 21 миллион доллари амрикоӣ 12 созишномаю шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат менамояд. 
Директори Агентӣ иброз намуд, ки 4 - 7 июли соли равон якҷо бо соҳибкорони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром”, шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок намуда, дар натиҷа ҳафт ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 
Ин, воқеан, як дастоварди бахши иқтисодии Тоҷикистон аст, ки сарфи назар аз рақобатҳои зиёд  дар бозори ҷаҳон ба чунин нишондиҳандаҳо даст ёфт. Бовар аст, ки минбаъд низ Агентии содирот ҷиҳати пешбурди сиёсати содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, тавозуни савдои хориҷӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти содиротӣ, бандубасти маҳсулот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ талош варзида, барои расидан ба ҳадафҳои баландтар гом мезанад. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 1224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед