logo

иҷтимоиёт

ҶАШНИ ОЛИШОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

«Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем».
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Солҳои истиқлолият мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр ҳадафҳои худ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодию иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг расидем. 
Истиқлоли давлатӣ рамзи гӯёи озодии миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аст. Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони мухторият масъулияти дучандро аз ҳар фарди ватандӯст тақозо дорад. Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон содиқонаву софдилона бо гузарондани дарсҳои тарбиявӣ дар дилу дидаи шогирдон меҳри марзу бум, ин сарзамини озод-ро ҷо намоем ва онҳоро талқин созем, ки ба қадри истиқлол, неъмати хуши зиндагӣ бирасанд. 
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ  дар ҷомеаи имрӯзаи мо меваи дӯстӣ, ҳамбастагӣ, якдилию ваҳдатро ба бор овардааст. Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро давлатҳои ба сулҳ ниёзманд меомӯзанд. Ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар тоҷики бедордил аст. 
Мо, омӯзгорони мактаб, бояд Ватани азизи худро самимона дӯст дорем, пайи ободию озодии он талош варзем, баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи озодию истиқлоли Ватани хеш ҳамеша омода бошем. Шукри Истиқлол мекунем! Суханҳои ҳакимонае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои парафшонии Парчами давлатӣ гуфтанд, аз хотир нахоҳанд рафт: «Миллате, ки Парчамаш дар фазои озод ҷилвагар аст, безавол мебошад». Беҳтар аз ин чӣ навъ метавон хулоса кард. 
 
Рухшона МАҲМУРОДОВА,
директори Гимназияи иқтисодии 
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед