logo

фарҳанг

АМИНАМО ТАБАРОВА. ҲУНАРМАНДЕ, КИ АЗ НАҚШҲОИ ХУРД ОБРАЗҲОИ ХОТИРМОН МЕОФАРАД

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид. 
 
Дар ташаккули шахсияти А. Табарова саҳми устодонаш хеле бориз мебошад. Вижагии асосии педагогикаи устодаш Малика Ҷӯрабекова, пеш аз ҳама, тарбияи шахсияти ҳамаҷониба ташаккулёфта мебошад. Устод ҳар кадоми онҳоро бо ҳисси боварии том ба истеъдоди фитрии хеш ба ҳаёти мустақилона раҳнамун сохтааст, аммо дар мисоли Аминамо мебинем, ки ҳисси ҳамеша ба истеъдоди худ шак доштан ӯро тамоми умр азият медиҳад. Аз ин ҷост, ки ҳар образи офаридааш бо заҳмати зиёд рӯйи саҳна меояд. Образҳои Ширин ва Тобон мисоли ин андешаҳост. 
Ширини бо ноз парвардаи Табарова бо ҳиссиёти нисбат ба дигар кас дар вуҷудаш пайдо гардида дар оғоз чи кор карданро намедонад. Ин ҳис азияташ медиҳад, нороҳат месозад, асабонӣ мекунад. Пасон, бо оҳистагӣ дарк мекунад, ки ин эҳсосоти ширин тамоми вуҷудашро фаро гирифта, ӯро дигар намуда истодааст. Ана ҳамин таҳаввулоти азими равонии аз дӯстдошта будан то дӯст доштанро ӯ дар намоиши «Хусрав ва Ширин» чунон боварибахш ва бо тамоми ҷузъиёташ офаридааст, ки кас на танҳо мафтуни ҳусну ҷамоли қаҳрамони ӯ мегардад, балки ба ақлу заковаташ низ қоил мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳунарпеша ин равандро хеле самимиву табиӣ ва бо тафсил офаридааст. 
Қаҳрамони дигари ӯ Тобон низ, ки дар давраи камолоти ҳунариаш офарид, ошиқ аст, аммо Тобон маҷбур аст барои ишқи хеш товони гароне бидиҳад. Ӯ бо душмани дӯстдоштааш бар ивази он ки ӯ аз қатли ҳаким Фирдавсӣ даст бикашад, издивоҷ мекунад. На грими хос, на сарулибоси фарқкунандае надорад ин қаҳрамони А. Табарова. Дар назари аввал ӯ аз дигарон на кам аст ва на зиёд, лек ҳамин, ки бо ниҳоди пок ва беолоишаш ошно мешавед, Тобон дар назаратон ба фариштаи заминӣ табдил меёбад. 
Аминаморо аз лаҳзаи нахустини шиносоӣ маҳз ҳамин гуна дарёфтам. Новобаста аз он, ки дар Кӯлоб хеле номдор буд, ӯро бори нахуст дар намоиши «Сомонхудот»-и Тӯрахон Аҳмадхонов дидам. Қаҳрамони офаридаи ӯ зани зебо ва дилрабои болобаланду ҷингиламӯе буд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои фоҷиавии тақдираш боварӣ ба хешро аз даст намедиҳаду аз кеши ниёгонаш рӯй наметобад. Баъди намоиш ба табрики ҳунарпешаҳо паси парда рафтам, дар назарам ӯ як зани резапайкару нозукандом намуд. Аминамо Табарова ана ҳамин гуна ҳунарпеша аст, ӯ саҳнаҳои азимро низ бо пайкари резааш пур карда, толорҳои бузургро ба ларза меорад! 
Намоишҳо аз саҳнаи театр мераванд, аммо наворҳои синамоӣ ҷовидонаанд. Хуб аст, ки коргардонҳои кинои тоҷик солҳои охир ӯро ба ин кор боҷуръатона ҷалб менамоянд. Дар синамо Аминамо он нақшҳоеро, ки дар театр иҷро карда натавонист, таҷриба намуд. Театр, ки омили асосиаш вақт аст, нисбат ба ҳунарпеша хеле бераҳм аст – он чизеро, ки имрӯз наофаридед ё нагуфтед, фардо гуфта наметавонед, нақшҳои хубатон низ бо ҳамон лаҳзаву соат бебозгашт пок мешаванд. Ҳунарпеша аз барномаи театр ва нақши ба ӯ боваркарда сахт вобаста аст, лекин нақшҳои хуб дар театр хеле камчинанд. Ин ҳунармандони бузург ҳастанд, ки аз нақшҳои хурд образҳои хотирмон меофаранд. Дар кино бошад, ҳам ҳар амалатон барои солиёни зиёд аст, ҳам тамошогарон бешумор. Агар театр ба ӯ нақшеро, ба мисли образи дар филми «Як ҷаҳон аз ману ту»-и Муҳаббат Сатторӣ офаридааш надод, тақдир ин ноадолатиро ҷуброн кард. Нақши дар филми «Зарандуд» - и ҳамин коргардон бозидаашро низ туҳфаи қисмат донистан равост. 
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 1137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед