энергетика
Истеҳсол 1,8 миллиард кВт-соат коҳиш ёфт
-Нерӯгоҳҳои барқи обии тобеи ширкат наздики 11, 5 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол карданд, ки ин нишондод ба сабаби камобӣ нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2007 ба миқдори 1,8 миллиард кВт-соат кам мебошад, -гуфт Шарифхон Самиев, раиси ШСХК «Барқи тоҷик». Истеҳсоли нерӯи барқ дар силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб ба андозаи 88,7, Бойғозӣ-89, Норак-87, Қайроққум-73,НБО-ҳои Вахш-82 ва дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 100,2 дар садро ташкил додааст. Ҳамчунин раис зикр кард, ки бо дарназардошти хариди нерӯи барқи НБО-и «Сангтӯда-1» дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта воридоти барқ ба шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ 1 миллиарду 210 миллион кВт-соат афзудааст.
Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба тайёрӣ ба давраи зимистони солҳои 2008-2009 гуфт, ки имсол ҳам ба сабаби камобӣ имкон пайдо нашуд, ки дар обанбори Норак то сатҳи муқаррарӣ об захира гардад. Дар аввалҳои моҳи сентябр баландии сатҳи об 902 метрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 8 метр паст аст.
Нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ 85,3 дар сад (367,4 миллион сомонӣ) иҷро шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 10,2 дар сад кам мебошад. Агар нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя аз рӯи реҷа ба ҷумҳурӣ интиқол ёбад, таъминоти аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо беҳтар гашта, бӯҳрони энергетикӣ коҳиш меёбад.
Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5060