logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. САД НАВГОНИИ ЯК ГӮШАИ ВАТАН

 
Имрӯз дар ноҳияи Файзобод корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мешавад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Мардуми заҳматпешаву заҳматқарини он ин ҳамаро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд, зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳия намои тоза касб намуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо кард. 
Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бо раиси ноҳия Холзода Бобишо Нарзулло суҳбат оростем, ки манзуратон менамоем.
 
ИСТИҚБОЛ АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ
- Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бояд беш аз 100 бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта шавад, ки, аллакай, қисме аз онҳо мавриди истифода қарор гирифт. Дар иншооти дигар бунёдкориҳо бомаром идома доранд. Бояд таъкид кард, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ низ назаррас мебошад. Созандагиҳо ба бахшҳои гуногун марбут буда, аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 11 иншоот, фарҳанг 2, тандурустӣ 5, варзиш 3, саноат 7-то рост меояд. Инчунин, бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳу маҳаллаҳо ва гузарондани хатҳои оби ошомиданӣ на танҳо дар маркази ноҳия, балки деҳоти он ҳам ҷараён доранд, - гуфт Бобишо Холзода.
 
ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» бояд сездаҳ деҳа дар чор деҳот бо фарогирии 2520 хоҷагӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шавад. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Инчунин, барои омода ва тарҳрезии нақшаи самаранокии лоиҳа, ҷудо намудани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 800 ҳазор евро низ пешбинӣ гашта, татбиқи он соли равон оғоз ёфта, мувофиқи нақша соли 2026 ба анҷом мерасад. 
Ҳамчунин, тайи ин давра дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ ба маблағи 6 миллиону 562,5 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид гардид.
 
РУШДИ КИШОВАРЗӢ ВА ЧОРВОДОРӢ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 106 миллиону 56,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  4 миллиону 919,5 ҳазор сомонӣ беш аст. 
Ноҳия бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Меваҳои ноҳия таъму лаззати дигар доранду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд, аз ҷумла себҳои нави “Стар кримсон”, “Семиренко”, “Голден”, “Хубонӣ”, “Крепсон” ва “Чаннатан”. Айни замон дар хоҷагиҳои ноҳия 6302 гектар боғу токзор парвариш меёбад, ки 424 гектари онро токзору тутзор ташкил медиҳад. Бештари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки зиёда аз 3728 ҳазорро ташкил менамоянд, ба боғдорӣ машғуланд. 
Соҳаи чорводорӣ низ аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Хоҷагиҳои ноҳия дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1318,5 тонна  гӯшт, 7283,5 тонна шир, 37 миллиону 750 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан гӯшт 207 тонна кам, шир 321 тонна ва тухми мурғ 1 миллиону 743 ҳазор дона зиёд мебошад. 
Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ 1691 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 оила зиёд аст. Инчунин, 19 хоҷагӣ ба моҳипарварӣ (амури сафед, пешонағафс ва зағормоҳӣ) машғул буда, то ин давра се тонна гӯшт истеҳсол шудааст. Саршумори чорвои калон дар давраи ҳисоботӣ ба 44 702 сар, чорвои хурд 111 325 сар, асп 1701 ва паранда 400480 сар расид, ки нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта саршумори ҳамаи онҳо афзудааст. 
Илова ба ин, роҳбарон, мутахассисон ва мутасаддиёни хоҷагиҳо ва деҳот барои боз ҳам баланд бардоштани маҳсулнокии чорво аз имкониятҳои мавҷуда  бояд самаранок истифода баранд,- таъкид кард раиси ноҳия.
 
ТАВАҶҶУҲ БА МАОРИФ  БЕШТАР МЕШАВАД
-  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Айни ҳол дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ – 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 4 кӯдакистон фаъолият дорад. Дар баробари ин, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва наврасону кӯдакон дар хизмати сокинони ноҳияанд.
Боиси таъкид аст, ки то охири соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия наздик ба 40 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, дар оғози соли хониш 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 4, 42, 58 ва китобхонаи МТМУ №63 ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни миллӣ дар деҳаҳои Шукурӣ ва Дараи Алов сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаҳои №№2 17, 23 бунёди майдони хурду толори варзиш идома дорад.
-  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ тамоми саъю кӯшиши худро барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона сохта, соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард, - гуфт дар хотимаи суҳбат Бобишо Холзода. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №: 168    Мутолиа карданд: 1780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед