logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН. АЗ НАЗДИК БИНЕД, НА АЗ ДУР БИГӮЕД!

 
Коршиносони иқтисодии хориҷӣ дар баъзе мавридҳо  дастовардҳои кишвари моро дар ҷодаи истеҳсолот ба инобат нагирифта, онро ҳамчун мамлакати, асосан, истеъмолкунанда медонанд. Вале омори бахши истеҳсолот, хусусан солҳои охир, дар пайи иқдомҳои саноатикунонӣ, нишон медиҳад, ки дар иқтисоди ҷумҳурӣ истеҳсолот ҷойгоҳи махсус касб дорад. Ҳисоботи шашмоҳаи вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дақиқ сохт, ки рушди саноати ҷумҳурӣ дар муқоиса бо давлатҳои дигари ИДМ пеш гузаштааст. 
 
Мусаллам аст, ки танҳо мамлакати рӯ ба тавлидот метавонад пешрафтаву обод ва мардумаш осудаву  дорои зиндагии арзанда бошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти масъала ҳанӯз аз рӯзҳои аввали муътадилшавии  вазъи иқтисодии кишвар ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамин аст, ки бо қабули чанд барномаи соҳавӣ, роҳандозии тадобири мушаххас, ислоҳот ва  ҳавасмандсозии соҳибкорони маҳаллию хориҷӣ тавассути муҳайё кардани шароиту имтиёзҳо ҳоло Тоҷикистон қадам ба қадам пеш меравад. Имрӯзҳо, аллакай, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла либосу хӯрока, сементу дигар маҳсулот бозори ҷаҳониро тасхир карда истодаанд. 
Яъне, аз кишвари мо акнун ба хориҷи дур сабзавоту меваҷот, молҳои тайёри сарулибос, маҳ-сулоти консервагӣ, рангҳои гуногуни сохтмонӣ, пӯшиданиҳои варзишӣ, нӯшобаҳои рангин бо навиштаҷоти “Истеҳсоли Тоҷикистон” содирот мешаванд. Аз ҷумла, дар корхонаҳои нави истеҳсолии  шаҳру навоҳии вилояти Суғд тавлиди бозичаҳои бачагона,  мебелҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, велосипед, автобусу трактор истеҳсол мегарданд. 
Гузашта аз ин, иқдомҳои навбатии саноатикунонии босуръат ва  Солҳои рушди саноат  (2022 - 2026) шароит фароҳам меоваранд, ки  дар ин ҷода иқтидорҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок гардонда шаванд.  Масалан, дар вилояти Суғд тавлиди қариб ҳамаи маводи ниёзи мардум роҳандозӣ шуда, ин раванд дар ҳолати боз ҳам, вусъат гирифтан аст. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Исфара, Бӯстону Гулистон ва  навоҳии Ҷаббор Расулову Спитамен низ, истеҳсоли маҳсулоти зарурии бозоргир барои Аврупо ба роҳ монда шавад.
 Дар ҷараёни сафари навбатии корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд боз дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Ҷаббор Расулову Конибодом корхонаву коргоҳҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки, асосан, ба содирот нигаронда шудаанд. 
Тибқи маълумоти  расмии раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд, давоми  моҳҳои январ - июни соли 2022 гардиши савдои хориҷии  вилоят 1 миллиарду 416,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,2 дарсад ва ё 391,3 миллион доллар зиёд мебошад. Ҳоло  вилояти Суғд бо 53 мамлакат муносибати савдои хориҷӣ дорад. Ин теъдод рӯ ба афзоиш мебошад.
Дур нест он рӯз, ки  воқеан ҳам, Тоҷикистон ба як  давлати рушдёфтаи истеҳсолӣ мубаддал мегардад. Вақте аз гӯшаю канори мамлакат бо чашми сар дидан мекунед, шоҳиди ин ҳама авҷи истеҳсолу созандагиҳо мешавед ва боваратон ба рушди саноати Тоҷикистон дучанд меафзояд.  Он гоҳ ба суоли мо чӣ истеҳсол мекунем, посухи рӯшан худ пайдо мешавад. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 936
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед