logo

Хабарҳо

ҲИСОР. ТАҚСИМОТИ ОДИЛОНАИ ЗАМИН БА НИЁЗМАНДОН

 
Бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мавзеи Ҳалқадашти деҳоти ба номи Турсунзода ба 121 нафар ниёзманде, ки солҳо дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд, ба таври озоду шаффоф ва тариқи қуръапартоӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, бо дастури раиси шаҳр ба омӯзгорону табибон, нафароне, ки ду фарзандашон адои хизматӣ ҳарбӣ намудаанд, маъюбон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бе навбат, бе иштирок дар қуръапартоӣ ва бо хоҳиши худашон ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳашон интихоб кардани қитъаи замин дода шуд. Дигарон ба тариқи қуръапартоӣ  соҳиби қитъаи замин гардиданд.
Аз ҷониби раиси шаҳр дар маъракаи тақсими замини наздиҳавлигӣ  иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ба нафароне, ки вазифаҳои давлатию хизматии хешро содиқона адо менамоянд, дар дастрасӣ ба замин ва дигар имтиёзҳои давлатӣ бартарият дода мешавад.
Раиси шаҳр шаҳрвандонеро, ки соҳиби замин шуданд, муборакбод гуфта, онро туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 31-солагии  Истиқлоли давлатӣ номид. Зимнан, зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандон пайвас-та тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ёдрас мешавем, роҳбарияти шаҳр зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомот дар нимсолаи аввал иброз дошта буд, ки дар ҳудуди шаҳр ҳоло 150,82 гектар майдони заминҳои тақсимношудаи фонди манзил боқӣ мондааст, ки барои ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда  ҳамкорӣ  ва корбарӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ идома дорад. Шумораи умумии аризаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 35 ҳазору 534 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии аҳолӣ (339915 нафар) 10,4 дарсад-ро ташкил медиҳад.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5056
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед