logo

Хабарҳо

ГИРИФТАНИ ВОЯИ ЧОРУМИ ВАКСИНА ОҒОЗ ШУД

 
Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла вазир, муовинони вазир, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳо, инчунин, муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе вояи чоруми ваксинаи зидди COVID – 19 гирифтанд,- иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорат.
Гуфта мешавад, тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. 
 
 
ИШТИРОК ДАР ҲАФТАИ ҶАҲОНИИ ОБ 
Дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шведсия Ҳафтаи ҷаҳонии об зери унвони «Дидани нодиданиҳо: Арзиши об» (Seeing the unseen: The value of water) оғоз гардид, ки то 1 сентябр идома мекунад. Дар он ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат таҳти роҳбарии Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазир, ширкат варзида, гӯшаи намоишии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об ташкил намуданд.
Ба иттилои Вазорат, дар чорабинӣ намояндагону коршиносон аз кишварҳои гуногуни олам ва созмону ташкилотҳои пешбарандаи масъалаҳои марбут ба иқлиму захираҳои оби сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ иштирок карда, дар доираи он ҷаласаҳои сатҳи баланд, семинару барномаҳои омӯзишӣ, муаррифии чорабиниҳои марбут ба об, ғурфаҳои намоишӣ ва наворҳо манзур гардида, меҳвари асосии муҳокимаву гуфтугузорҳоро мавзуъҳои алоқаманд ба арзиши об барои одамон ва рушд, табиат ва тағйирёбии иқлим ва ҷанбаҳои молиявию иқтисодии об ташкил хоҳанд дод.
 
 
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ МУШТАРАК БАРРАСӢ ШУДАНД
Дар ҳошияи Форуми  байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб – 2022» мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор шуд, ки зимни он  раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод.
Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳо ва ширкатҳои мухталифи Чин ҳамкории самаранок ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои истеҳсоли семент  «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна фаъолият мекунанд. Дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хатти интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити неруи барқи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар муҳим аст.
Аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  ва  ноҳияи  Данғара  корхонаҳои  истеҳсолию саноатӣ бунёд гардидаанд. Ширкатҳои кишоварзии Чин имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят мегузоранд.
 
 
ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶИИ СУҒД БО КОРЕЯ БА 36,6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР РАСИД
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вохӯрӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок иброз дошт, ки ду кишварро алоқаҳои дӯстонаи таърихӣ ба ҳам мепайвандад ва ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо сол ба сол мустаҳкам мегарданд. Соли гузашта гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Корея 36,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамзамон, изҳор дошт, ки вилояти Суғд барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти мошинсозиву истеҳсоли техникаи маишӣ ва гармхонаҳои инноватсионӣ омодаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Корея мебошад.
 
 
НАМОИШИ САЙЁРИ «ТОҶИКИСТОН –  КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ» ДАР ПАНҶАКЕНТ
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 15 сентябр идома меёбад. Кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳр имкон доранд бо осори гаронарзиши бамеросгузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, зикр намуд, ки  дар вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфтани шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» басе рамзӣ мебошад. Зеро экспозитсияи намоиши мазкур низ аз бозёфтҳои яке аз ёдгориҳои машҳури ҳамин шаҳр «Саразм» оғоз гардида, ин ва дигар ёдгориҳои намоиш дар самти шиносоии қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед