Хабарҳо
МУЛОҚОТИ ДУ САФИР
Дар вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сафири Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошкент) Ян Бори масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Ба иттилои Сафорат, ҷонибҳо масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, баргузории таҳқиқотҳои илмии палеонтологӣ, таъсиси ширкати муштараки истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва тақвияти ҳамкориҳои тиббиро, аз ҷумла дар самти муолиҷаи бемориҳои саратон, муҳокима карданд.
Ян Бори барои ташкили сафари гурӯҳи кории «Шурои содирот ва воридоткунандагони Словакия» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои иқтисодии кишвар ва вусъати савдои мутақобила изҳори омодагӣ намуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5491