logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУҲОФИЗОНИ ВАТАН МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ СУПУРДАНД

30-юми август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супурданд.
 
Қабл аз оғози маросим, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни миллии 31-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки, тибқи анъанаи нек, мо ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро барои далериву ҷасорат ва хизматҳои шоёни онҳо дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон қадр менамоем.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии олии ҳарбӣ сарфароз гардондани хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Барои амалӣ гардидани барномаву нақшаҳои созанда, яъне таъмини рушди устувор ва тараққиёти бомароми давлат, амнияту субот, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун омили муҳимтарин ба шумор мераванд. Ин вазифаи муҳим, яъне ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдорӣ, ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар гузошта шудааст.
– Мо имрӯз бо ифтихор иброз  медорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба халқу давлати Тоҷикистон ва савганди ёдкардаи худ иҷро карда истодаанд,– таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Даврони соҳибихтиёрӣ, яъне сиву як соли гузашта ва, хусусан, солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, солҳои озмоиши ҳисси миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва иродаву матонат буданд. Дар ин давраи бисёр мураккабу ҳассоси таърихи давлатдории навини халқи тоҷик афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, муборизаи беамон бар зидди хоинони Ватан ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши барҷаста бозиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳоло мардуми кишвар дар фазои сулҳу суботи комил ба хотири ободии Ватан ва пешрафти давлат заҳмат мекашанд. Дастовардҳое, ки то ба имрӯз ба онҳо ноил гардидаем, маҳз самараи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ нисбат ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иброз доштанд, ки барои идомаи бомароми раванди созандагӣ ва ҷиҳати боз ҳам пешрафта гардидани давлати соҳибихтиёри мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки сипари боэътимоди давлат ва ҳомии қонунияту тартиботи ҷамъиятанд, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омодаи ҳифзи амният, оромӣ ва суботи ҷомеа бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори Ҷашни миллӣ – 31-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки то имрӯз дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва волоияти қонун саҳми бузург гузоштаанд, бояд минбаъд низ барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ ва зиндагии осудаи мардум аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо омода бошанд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, беш аз 180 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус, қадр шуданд.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” се нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, як нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии генерал-лейтенанти милитсия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майори хадамоти гумрук ва генерал-майори хизмати дохилӣ супурда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат бо итминони комил изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо дар оянда низ тамоми қудрату тавоноии худро барои ҳифзи Ватани маҳбубамон, ки шуморо дар канори худ парвардааст ва халқи Тоҷикистон, ки шуморо ҳомии зиндагии осудаву ороми худ медонад, дареғ намедоред.
Таъкид гардид, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2022    №: 169    Мутолиа карданд: 663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед