logo

маориф

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАОРИФ ҲАМЧУН СОҲАИ ОЯНДАСОЗ

Дар саросари кишвар соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ, дар баробари дигар арзишҳои соҳибистиқлолӣ, меҳвари аслии пойдории давлат ва ҷомеа маҳсуб шуда, унсури асосии зиндагии осуда, хонадони ором ва пешрафти ҷомеаву давлат мебошад. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллие, ки дар Ватани маҳбубамон таъмин гардидааст, бо ҷонбозиву фидокориҳои фарзанди бонангу номуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва пойдории он ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил бамаврид ва амри қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Дар ҷомеаи мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дорад, зеро моҳияти дониш барои миллати тамаддунофар ва фарҳангиамон аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи ҷудонопазири маънавиёт маҳсуб шуда, ҳамчун ифодакунандаи чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм маънидод мегардад.
Давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил таҳким, рушд ва тақвияту идома дода истодааст. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.
Дар ин росто, бевосита бо иқдомоти маорифпарваронаи Пешвои миллат то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо назардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзуи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.
Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардондани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.
Чунин шароит ва дастгириҳои давлатӣ далели он мебошанд, ки имрӯз шумораи зиёди таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро муаррифӣ намудаанд.
Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон, монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд. 
Аз ҷумла, дар даврони истиқлолияти мамлакат маҷмуи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамоянд. Дар маҷмуъ, ҳамаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои дигаргунсозии низоми маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар байни аҳолӣ равона шудаанд.
Яъне, то ин муддат марҳилаи устувори танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим гузаронда шуда, санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии давравӣ қабул ва дар амал татбиқ гардиданд.
Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита қонунҳои махсуси соҳавӣ доир ба танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф қабул ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», «Дар бораи Парки технологӣ» ва ғайраҳо. 
Дар баробари ин, бо мақсади муттаҳидсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими якхелаву самараноки муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба соҳаи маорифи кишвар, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи Кодекси маориф ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати пешбинӣ намудани кафолатҳои давлатӣ ва дурнамосозии рушди соҳаи маориф бо истифода аз усулу воситаҳои қонунӣ ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи маориф қабул, татбиқ ва дар амал иҷро гардида истодаанд, аз ҷумла:
– Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиқ шудааст;
– Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №165 тасдиқ гардидааст;
– Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст;
– Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, №357 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2013, №27 тасдиқ шудааст;
– Барномаи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №254 тасдиқ шудааст.
– Консепсияи системаи иттилоотии идораи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №530 тасдиқ шудааст.
Дар маҷмуъ, бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Тараққиёти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
 
ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ  ҶАШНВОРАИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Пешвои миллат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ шахсан иштироку суханронӣ карда, соҳаи маорифро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои рушду инкишофи он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки ин барои пешравии соҳа такони хеле ҷиддӣ мебошад.   
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқотҳо доир карда, дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳими баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш медонанд. 
Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, маҳз таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсилот бо ташаббуси Роҳбари давлат танҳо дар соли таҳсили 2021 ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба истифода дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, зеро тарбия ва ташаккули инсони комил, инчунин, мавҷудияти ҷомеаи солиму созанда ба ин соҳа сахт алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.
Воқеан, маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гаштааст.
Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки «...дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд...».
Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин, ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ҳангоми Дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар руҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд».
Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.
Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.
Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст.
Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд.
 
СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАМЧУН ОМИЛИ САМАРАНОКИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон рушду инкишоф ёфт ва зиндагии шоиста насиби ҳар як хонадони мамлакат гардид. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар кишвар танинандоз гашт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятнок эълон ва ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани ояндасозони кишвар гардид.
Дар робита ба ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сохтану бунёди муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41-то расидааст.
Ҳамчунин, бо дастгирию ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муассисаҳои типи нав ба фаъолият шуруъ карданд. Дар ин давра 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда аз 94 ҳазор хонанда ба фаъолият оғоз кардаанд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани он диққати ҷиддӣ медиҳад.
Давоми 31 сол шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780-то расидааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1990 - 1991, 461-то зиёд мебошад.
Таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир ва таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат аз ҷумлаи дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар замони муосир ба шумор мераванд.
Ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1991-ум 35 муассиса зиёд мебошад.
Агар ба заминаи омодасозӣ ва ихтисосмандии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар дар давраҳои то бадастовардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ намоем, танҳо аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис омода карда мешуд, имрӯз дар муассисаҳои таълимии мамлакат тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 306 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Аслан, фаъолияти соҳаи маориф ба ду шохаи асосӣ – таълим ва тарбия равона шудааст. Агар мактаб ба насли наврас илм омӯзонад, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун ёрирасон бо тарбия, мукаммал гардондани дониши онҳо машғул гардида, дар интихоби касбу ҳунар мадад мерасонанд. Зимнан, таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди истеъдоди наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардондани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронда шудааст. Он маълумоти ибтидоӣ ва умумии хонандагонро пурра гардонда, барои интихоби касб замина мегузорад. Ҳоло дар кишвар 83 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо наздики 1500 маҳфил бо фарогирии 48646 аъзо фаъолият дорад. Ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 2491 адад зиёд мебошад.
Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис ёфт, ки самараи хуб ба бор овард. Он бо мақсади рушди истеъдодҳо, таъмин намудани хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ ташкил гардида, барои пешрафти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат шароит фароҳам намуд.
Илова ба ин, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар 9 муассисаи типи нави таълимии бо шароити замонавӣ таъмин, аз қабили Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе, мактаб ва литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат арзи вуҷуд намуданд. Маҳз шогирдони ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, шаъну шарафи мамлакатро дар дохил ва хориҷ аз он баланд мебардоранд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи кадрҳо, амалисозии ҳадафҳои имрӯзу ояндаи кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин кардани тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рӯйи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медоданд.
Имрӯз аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар доктор ва 3539 нафар номзади илм аз рӯйи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар натиҷа, ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 донишҷӯ таҳсил дорад.
Дар даврони истиқлол дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ин санадҳо ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 33 кишвари хориҷӣ беш аз 40 000 ҷавонони соҳибистеъдоди мо аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таҳсил карда истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо зиёда аз 10 шакли олимпиада: анъанавӣ, даставӣ, фосилавӣ, зеҳнӣ, байналмилалӣ, фаннӣ дар дохили кишвар ва берун аз он доир мешавад. Ҳар сол олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ дар 4 давр гузаронда шуда, хонандагони болаёқат метавонанд дар асоси барномаҳои таълимӣ донишу малакаи омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ояндаи обод, шукуфоӣ ва шинохти башарӣ унвон намуда, таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад, дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад». 
Паёми Роҳбари давлат дар умум субҳи саодату башорату шарофату ҳувияти миллатро давоми солҳои 2022 - 2026, яъне дар панҷ соли оянда, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шафақ бозтоб карда, дар ин самт иқдомҳои устувору пойдорро якояк мушаххас намуд. Бино ба тасдиқи институти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу озоди мо дар радифи давлатҳои рӯ ба рушд қарор дошта, дар як муддати кӯтоҳи таърихи давлатсозӣ, каме беш сӣ сол, расидан ба ин марҳалаи қиёснопазир аз матонату бузургии мардум ва роҳбару роҳнамои он, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат башорат медиҳанд.
Дар ин масир ин масъулият аст ва ин масъулияти баландро чунонки Пешвои миллат таъкид кардаанд, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд амиқ дарк намояд. Ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат аз таълиму тарбия дар хонавода, кӯдакистон, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва тамоми идораву муассисаҳову ҳар як шахси масъули ҷомеа вобастагии қавӣ дорад, то ҳар нафар дар кишвари азизи мо бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбуб, ба ғояҳои баланди Истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ тарбият ёбад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Бо ин мақсад, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки  роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.        
Қарнҳои гузаштаи таҷрибаи инсоният собит намудааст, ки иродаи мустаҳками давлат, ягонагиву муттаҳидӣ барои ташаккули шахсиятҳои худшинос ва беҳбуд бахшидани вазъ дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ҳамон гуна, ки меъморе тарҳи биноеро мекашад, ки сохтмони онро бо сифати баланд анҷом додан кори дастаҷамъонаву ҳамагон аст. Ҳамон тавре ҳаёт исбот кардааст, ирода бошад, роҳ ҳатман ёфт мешавад. Муттаҳидӣ бошад, пешравӣ мешавад, хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад, дӯстӣ ва рафоқати самимӣ мешавад, зеро комёбии ҳамешагӣ сарҷамъиро мехоҳад. Мо – мардуми куҳантамаддуну соҳибфарҳангу маорифпарвари Тоҷикистон, новобаста аз тафовути қишру кору фаъолият бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон муттаҳид шуда, Ватани худро бо истифода аз тамоми имкониятҳо обод намоем.
Дар ин замина, афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ номида шудани соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, воқеан, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба ин ду омили муҳим иртиботи ногусастанӣ доранд.
 
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,  узви вобастаи Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2022    №: 169    Мутолиа карданд: 2389
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед