logo

иҷтимоиёт

ПАЙРАВИ ПЕШВОЕМ

Ҳар гоҳ сухан аз боби истиқлолу озодӣ равад, ба худ меболам, ки ману ҳамсолонам зодаву парвардаи даврони Истиқлоли давлатӣ ҳастем ва дар шароите ба воя расидем, ки барои таҳсилу омӯзишамон тамоми шароит муҳайё аст. 
 
Ман шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ набудам ва аз рӯзе, ки худро мешиносам дар Ватани азизам сулҳу ваҳдат танинадоз аст. Вале дар ҳамин чанд рӯзи охир тавассути бастаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки оинаи тамомнамои таърихи давлатдории навини мост, ба умқи ҳодисоти солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ фурӯ рафтам. Ҳодисоти нангини он солҳо, ки тавассути филномаҳо низ дида будам, бори дигар зеҳнамро мағшуш кард. Даме худро дар ҷараёни даргириҳо гузоштам ва бо замони имрӯз қиёс кардам. 
Оре, мо аз як марҳилаи сахту сангин чӣ гуна ба даврони шоиста расидем? Дар ин замина, мурури давра ба давраи таърихи давлатдории навинамон шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бароям тобноку азизтар ҷилвагар сохт. Зеро маҳз талошу ҷонбозиҳои Сарвари маҳбуби давлат будааст, ки кишвари азизи мо аз гирдоби балоҳо вораста, ба марҳилаи рушду тараққиёт қадам гузошт. 
Омӯзиши таърихи 31 соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки баробари истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ ислоҳот ва рушди соҳаи маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, ки ҳадаф аз он тарбияи баркамоли насли ҷавону ояндасоз мебошад. Дар баробари ин, ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати татбиқи самараноки он институтҳои муҳими кор бо ҷавон дар сатҳои гуногун ташаккул ёфтанд. Ҳамзамон, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд, ки мо имрӯз меваҳои шаҳдбори онро мечашем. 
Сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олӣ дар мамлакат боиси он гардид, ки шумораи ҷавонони таҳсилдидаву соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии васеъ афзун гардида, феълан ин табақаи ҷомеа дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва умури давлатдорӣ иштироки фаъол доранд. Тавассути Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон аз гӯшаву канори дурдасти мамлакат яке аз иқдомҳои беназирест, ки дар умум ба маърифатнокии ҷомеа мусоидат намуда, сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ муаррифӣ кард. 
Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон насли ояндасози давлату миллатанд ва бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ба камол расанд. Ҳоло дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ин қишри ҷомеа дар ҳама соҳаҳо самимона дастгирӣ мешаванд, ки дар навбати худ чунин ғамхориҳо аз мо – насли ҷавони мамлакат масъулияти ватандориро талаб менамоянд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат моро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳо, ба қадри неъматҳои истиқлол, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошем.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2022    №: 169    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед