logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОР АЗ ИБТИКОР ВА ПАЙКОРҲОИ СОЗАНДА

 
Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб, интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ ва баъдан Президенти мамлакат барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ устуворона қадам гузошта, дар ҳалли масоили мубрами сатҳи минтақа ва ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, рамзи соҳибдавлатию ватандорӣ ба шумор меравад. 
Таърихи  навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати бунёдгаронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат шореҳи ин нуктаи муҳим аст, ки сокинони Тоҷикистон дар роҳи расидан ба се ҳадафи асосӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки самараҳои амалкарди ин барномаҳои бузург рушду таҳаввули Тоҷикистон маҳсуб меёбанд,  қадамҳои устувор гузошт. 
Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи навини давлатдории миллии мо, ки ба истиқлоли сиёсии кишвар пайванд мегирад, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ марҳилаи нави шукӯҳу зафарҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавиро дар Тоҷикистон оғоз бахшида, дар ин гардишгоҳи таърихӣ кишвари мо аз вартаи сангини сарнавишт бо ҳидояту иродаи қавии башоратовари сулҳу ваҳдат, ихтироъкори модели сулҳи арзиш ва аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, Пешвои миллат ва мардуми хирадманди худ наҷот ёфт. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз буҳрони шадид, барқарорсозӣ ва пешрафти зиндагии ҷомеа мусоидат намуданд. 
Агар ба сарчашмаи расидан ба ваҳдати миллӣ ва тантанаи сулҳ дар кишвар таваҷҷуҳ намоем, боз ҳам равшан мегардад, ки он ба баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ пайванд мегирад, зеро дар навбати аввал маҳз ҳамин Анҷумани тақдирсози миллат буд, ки ба Тоҷикистон Пешвои миллат, наҷотбахши давлат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд. Дар баробари ин, аз минбари баланди ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буд, ки Пешвои миллат ба мардуми хеш ваъдаи сулҳро дода, бо муроҷиат ба мардуми азизи хеш ва бо садоқати беназир ба қавлу қасами хеш изҳор доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ҳамин садоқат ба қавлу қасам омил бар он гардид, ки дар фосилаи начандон тулонӣ дар мамлакати мо сулҳ барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана намуд. 
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани шумораи зиёди иншооти ҳаётан муҳим ба пешрафти ҳамаи самтҳои давлатдорӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳи зандагии мардум дар маҳалҳо низ, мусоидат намуд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ барои таъмини рушди бомароми мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори дахлдори соҳа ва, ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин корҳои зиёд амалӣ гардиданд.  
Давоми солҳои 2018-2021 дар ҷумҳурӣ 25 ҳазору 372 иншоот ба маблағи беш аз 17,0 миллиард сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 78 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар таъмини баробарии рушди шаҳру деҳот, муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ ва қонеъгардонии ниёзҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2019-2022 сохтмони биноҳои нави 30 ҷамоати шаҳраку деҳот ба итмом расида, бинои 203 ҷамоати шаҳраку деҳот ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуд. Илова бар ин, сохтмони 7 бино ва корҳои таъмиру таҷдид дар 4 бинои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома доранд.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, давоми солҳои 2019-2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои махсус барои фаъолият ва нигоҳдории ҷамоатҳо 325 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои дурнамои Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, барои ташаккули ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар низ таъсири пурфайз гузошт. Бо мақсади рушди деҳот, дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти мавҷудаи оморӣ 449 деҳа бо шумораи 27296 хоҷагӣ бо барқ таъмин шуд, ки ин дастоварди муҳим, пеш аз ҳама, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон нақши муассир гузоштааст.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои таъмини ҳадафи муҳими Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард. Дар натиҷа дар деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин зиёда аз 432 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд гардид, ки барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, махсусан занону духтарон, коркарди маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ангур ва меваю сабзавот, нақши назаррас дорад. Дар канори ин, истифода аз имкониятҳои рушди боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани коргоҳҳои коркарди мева ва сабзавот дар деҳот имконият дод, ки дар баробари истифодаи босамари маҳсули маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, бештар аз ҳама бонувону занони хонашин бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, дар давоми се соли охир ба мақсади қонеъ намудани ниёзи аҳолӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар деҳот, таъмини зарурати иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар деҳоти мамлакат 1550 км роҳҳо мумфаршу таъмир ва 362 пул бунёд гардид. Таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо дар баробари мусоидат ба иҷрои барномаҳои муҳими яке аз ҳадафҳои дигари Ҳукумати Тоҷикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, барои беҳбудии шароити зиндагонии мардум ва таъмини рушди иқтисодии манотиқи деҳот низ таъсири матлуб гузоштааст. 
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат омадааст, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Раванди афзоиши аҳолии мамлакат, махсусан дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот моро водор месозад, ки ба бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру навсозӣ ва бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Боиси зикр аст, ки дар роҳи иҷрои ин амал дар ҷумҳурӣ 1380, аз ҷумла дар деҳот 813 муассисаи таълимӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки дар амалисозии он саҳми Вазорати маориф ва илм, сокинон, махсусан соҳибкорону шахсони саховатпеша, хеле назаррас мебошад. Муҳимтар аз ҳама имрӯз дар деҳот муассисаҳои соҳаи маориф дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот сохта ва ба истифода дода шуда истодаанд, ки ин раванд заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳа, боло рафтани сатҳу сифати таълимро фароҳам меоварад.  
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияҳои кишвар 326 иншооти фарҳангӣ, 785 иншоот дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ, 613 майдончаи варзиш, 335 бинои истиқоматӣ, 200 бинои маъмурӣ, 1862 иншоот дар соҳаи савдо ва хӯрока, 2045 дар соҳаи хизматрасонӣ ва 5621 иншооти дигар сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки маҷмуи ин ҳама самараҳои созандагиҳо барои зиндагии шоистаи мардум ва рушду дигаргунии симои куллии деҳоти мамлакат мусоидат намудааст.
Барои иҷрои ҳадафи асосӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарии шаҳру ноҳияҳо, саҳми лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва соҳибкорону аҳолӣ назаррас мебошад. Давоми солҳои 2019-2021 баҳри беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва инфрасохтори соҳа якҷо бо обёрӣ 838 миллион сомонӣ масраф гардид. 
Ба анҷом расидани чунин корномаҳои бунёдкоронаву созанда  аз ҷониби сокинони мамлакат баёнгари эътиқоду боварии ҷомеа ба сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, истиқболи самимона аз ин сиёсати фардосоз  маҳсуб ёфта, дар як вақт моро вазифадор менамояд, ки раванди корҳои бузурги дар ин самт оғознамудаи хеш суръат башида, ҷашнҳои бузурги таърихии дар қаламрави ин сол қарордошта– 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну санаҳои таърихиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол намоем. 
Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо итминони комил ва изҳори садоқати хеш ба миллату давлати худ аз замири қалб садо медиҳанд, ки барҳақ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда ва муҳим доранд. 
Сокинони Тоҷикистон барои чунин фидокорию заҳматписандӣ дар роҳи бақою шукуфоии давлат ва миллати тоҷикон бо Пешвои муаззами худ ҳамеша ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз рушду пешрафти ҷомеа, фазои орому осуда, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот сарҷамъона талош доранд, ки соли ҷориро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми бузург, татбиқи муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ, корсозиву бунёдкориҳои нав ба нав қадамҳои устувор гузошта, дар ин роҳ саҳми бузурги хешро гузоранд. Боварии комил дорем, ки ҳидоятномаҳои созандаи Пешвои миллат, садоқати халқи тоҷик ба ин сиёсати фардоафрӯзи хеш, кӯшишу талош дар роҳи мавриди амал қарор додани дастуру раҳнамоиҳои Сарвари кишвар моро ба кӯи мурод ва ҷодаҳои тавфиқ хоҳад расонд.
 
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2022    №: 170    Мутолиа карданд: 518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед