logo

Хабарҳо

«АМОНАТБОНК». ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ РАСМӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон - шаҳри Тошкент таҳти раёсати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид. 
 
Дар ҷаласа ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии раиси раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ иштирок ва суханронӣ намуд.  
Ширкатдорони ҳамоиш масъалаҳои марбут ба бонкдорӣ, сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои СҲШ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Ҳамзамон, раисони бонкҳои аъзо як қатор ҳуҷҷатҳо, аз қабили нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳои дохилиминтақавии иқтисоди кишварҳои аъзои СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022-2027 ва принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявии бонкҳои аъзои ИББ СҲШ-ро ба имзо расонданд. 
Иттиҳоди байнибонкӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои молиявӣ ва сармоягузории кишварҳои аъзои СҲШ нақши калидӣ дошта, фаъолияти молиявии бонкҳои аъзо, инчунин, баррасии муштараки лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ИББ СҲШ метавонад ба рушд додани ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳои аъзои СҲШ, заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зикр шуд, ки хуруҷ намудани бемории COVID - 19, боиси ба мушкилӣ дучор гардидани иқтисоди ҷаҳонӣ, номуайянии сиёсӣ ва болоравии таваррум гашт, ин ҳолат ҳукуматҳои кишварҳоро водор сохт, то ки дар хароҷоти буҷети давлатӣ ва сиёсати пулии қарзии худ роҳҳои гуногунро дарёбанд. 
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти судманди “Амонатбонк” бо Бонки миллии Ӯзбекистон гуфта шуд, ки Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва аъзои он дар фаъолияти худ, принсипҳои рушди иқтисоди миллиро дар заминаи дастгириҳои муштарак, машварат ва ба даст овардани суди молӣ бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамдигар дастгирӣ менамоянд.
Аз таҷрибаи муваффақи ҳамкории дуҷонибаи судманд оид ба маблағгузорӣ дар соҳаи тиҷорат гуфта шуд, ки айни замон, лоиҳаҳои соҳибкорони ватанӣ ба андозаи беш аз 12,8 миллион доллари ИМА, дар доираи ҳамкориҳои муштарак маблағгузорӣ гардидаанд ва мо омодаем, ки бо ҳамаи бонкҳои аъзои Иттиҳод чунин таҷрибаро амалӣ намуда, ба муҳокимаи самтҳои мухталифи ҳамкориҳои бонкӣ оғоз бахшем. 
Соли 2021 ҷаласа дар ҳошияи Ҷашни 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида буд ва акнун пас аз се соли дигар, 20-солагии таъсисёбии Иттиҳоди байнибонкӣ таҷлил хоҳад шуд.
Дар ин давра ҳадафҳои стратегии рушди Иттиҳоди байнибонкӣ муайян гардиданд ва нақшаҳои мушаххасу чорабиниҳо оид ба комёбиҳои ҳадафҳои мазкур таҳия шуда, дар ин замина механизмҳои зарурии ҳамкориҳои муштараки бисёрҷанба муайян гаштанд.  
Як нукта боиси зикр аст, ки пешниҳод ҷиҳати созмон додани базаи маълумот оид ба фаъолияти Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо ва эътимод дар оянда асоси созгору мусоид хоҳад гузошт ва “Амонатбонк” дар навбати худ омодааст, то ки дар амалигардонии лоиҳаи мазкур саҳми худро гузорад. 
Табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон низ дар ин масир муфид шумурда шуда, оид ба муносибати умумӣ дар баланд бардоштани тавоноии кадрӣ, ки барои дар оянда ба танзим даровардани ҳамкориҳои байнибонкӣ мусоидат менамояд, таъкид гардид. 
Оид ба фаъолияти “Амонатбонк” ҳамчун бонки низомсози иқтисодиёти кишвар, ки собиткунандаи устувории фаъолияти Бонк ба ҳисоб меравад  зикр гардид, ки ба ҳолати 31 июни соли 2022 даромади софи Бонк ба 27,8 фоиз зиёд гардида, афзоиши сармоя нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23,5 дарсадро ташкил медиҳад. 
Дар нимсолаи аввали соли 2022 афзоиши ҳаҷми қарзҳои додаи «Амонатбонк» ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 38 фоизро ташкил дода, самтҳои афзалиятноки қарздиҳӣ бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Таъкид гашт, ки ҳамасола баргузории ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои баррасии масъалаҳои муҳими соҳавӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳод дар самти маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои СҲШ  мусоидат менамояд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3198
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед