маориф
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ АЗ ҶОНИБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои Муассисаи таълимии Гимназияи ба номи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор дод. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия барои 480 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва фаъолияти 48 омӯзгору кормандон пешбинӣ гардида, аз чор ошёна иборат мебошад.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, бино дар асоси қарори раиси шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Фурӯзонӣ» бунёд гардидааст. Фармоишгар ҶДММ «АРТ-Иншоот» маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Партнёр» анҷом дода шудаанд.
Раиси шаҳр аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас буда, дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намоянд ва дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста кунанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Истаравшани ноҳияи Шоҳмансур Муассисаи томактабии № 30 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шудааст. Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳр бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ монда мешавад.
Рустами Эмомалӣ, инчунин, Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи № 5", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор дода, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия шинос гардид. Муассисаи мазкур аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 350 нафар пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои синфхонаҳои барҳаво – озмоишгоҳои химия, физика, синфхонаҳои таълими меҳнат, компютерӣ, биология, ҳарбӣ, ибтидоӣ, умумӣ, толорҳои варзиш, маҷлисгоҳ ва ошхона бо 120 ҷойи нишаст мебошад.
Раиси шаҳр ҳамаи масъулони муассисаҳоро вазифадор намуд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдошти кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2022 №: 171 Мутолиа карданд: 2116