logo

иқтисод

ПАНҶАКЕНТ. ШАҲР АЗ СОҲИЛИ ДАРЁ ТО МАРЗИ КӮҲҲО ДОМАН ПАҲН МЕКУНАД

 
Шаҳри Панҷакент солҳои Истиқлоли давлатии кишвар ба шарофати сиёсати ободкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат тараққӣ кард, зиндагии хубу шоистаи сокинони хушбахту сарбаландаш таъмин гардид. Имрӯз Панҷакент ба яке аз марказҳои калонтарини саноатӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии кишварамон табдил ёфтааст. Инро рақамҳои пешрафт бозгӯ мекунанд. Бунёди коргоҳи истихроҷи тиллои "Зарафшон", нақбҳои "Истиқлол" ва «Шаҳристон», навсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, пайваст шудани шабакаҳои барқии Панҷакент ба хатти баландшиддати ЛЭП – 500-и Ҷануб – Шимол, шинондани таҷҳизоти гаронарзиши тақсиму танзими барқ дар шабакаи зикршуда,  бунёди кӯчаю роҳҳои обод, муассисаҳои сершумори таъиноти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, майдонҳо, гулгаштҳои зебою фараҳбахш аз ҷумлаи корҳои муҳиму бузурги иҷрошуда мебошанд. 
Ба муносибати ҷашнҳои 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ  Панҷакент ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфт, зебо ва сарсабзу хуррам шуд. Дар ҷараёни омодагиҳо ба  ин ҷашнҳо ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр   447 иншоот ба истифода дода  шуд.   Навсозии майдони "Истиқлол"  бо бунёди фаввораҳо, гулгаштҳо ва дар ҳамин ҷо бо иштироки  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани муҷассамаҳои Шоҳ Исмоили Сомонӣ, сутунпояҳои Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон    муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти мардуми шаҳру деҳотамон мебошад. 
Баробари ин, ба муносибати  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда дар  шаҳру деҳоти Панҷакент беш аз ҳазор иншоот сохта мешавад.
Панҷакент дар асоси нишондодҳои тарҳи генералии навини шаҳр бунёд карда мешавад, ки соли 2017 ҶСК "Шаҳрофар" мутобиқи "Меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия намудааст. Марҳилаи аввали он то соли 2025 пешбинӣ гардида, соли 2035 анҷом меёбад. Мувофиқи тарҳи генералӣ, дар маркази имрӯзаи шаҳр ва соҳили рости дарёи Зарафшон биноҳои баландошёнаи манзилӣ ва таъиноти иҷтимоӣ сохта мешаванд. Бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар соҳили чапи дарёи Зарафшон низ дар назар мебошад. Дар хиёбони Рӯдакии шаҳр аз байн бурдани иморатҳои якошёнаи фарсудагардида ва дар ҳудуди заминҳои озодшуда сохтмони хонаҳои баландошёна ва миёнаошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои якуми биноҳои истиқоматӣ марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Иморатсозӣ бо инфрасохтори зарурии иҷтимоию муҳандисӣ бояд маҷмуӣ роҳандозӣ гардад. 
Дар тарҳи генералии шаҳри Панҷакент бунёди роҳи алтернативӣ ё худ дуюмин роҳи ҳалқавии атрофи Панҷакент кори аввалиндараҷа дониста шудааст. Яъне, дар шаҳр ҳаракати транзитӣ пурра тавассути роҳи давродавр ба роҳ монда хоҳад шуд.  
Айни ҳол лоиҳаи муфассали банақшагирии маркази шаҳр таҳия шуда истодааст. Корҳои лоиҳакашӣ то охири сол ба анҷом мерасанд. 
Мувофиқи тарҳи генералии қаблии шаҳри Панҷакент, ҳудуди мавҷудбудаи шаҳр 656,5 гектарро ташкил дода, дар давраи пешниҳодшуда ҳудуди лоиҳавии он 2833,7 гектарро дар бар мегирад. Ҳудуди шаҳр аз ҳисоби деҳаҳои Кабудсанг, Наврӯзтеппа (Қӯштеппа), Деваштич, Шӯрча, Савр, Зебон, Нуристон, Чорводор, Чинор, Дарвозакам ва деҳаҳои соҳили рости дарёи Зарафшон – Сари Камар, Ваҳдат ва Озодагон васеъ мешавад.
Соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент  иншооти гуногун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки бо суннату унсурҳои баланди меъмории миллӣ ва аз масолеҳи замонавии сохтмонӣ бунёд гардидаанд.     
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 нақшаи чорабиниҳои иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тартиб дода шудааст. Мувофиқи ҷадвали нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳодшуда, дар шаҳру деҳоти Панҷакент  ба  муносибати  ин  иди  фархунда солҳои 2022 – 2026 ҳар сол 196, дар умум 1000 иншоот бунёд меёбад. 
Дар нақшаи чорабиниҳо сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, китобхонаҳо, қасри фарҳангу боғҳои фароғатӣ, гулгаштҳо, беморхонаву муассисаҳои табобатӣ,  марказҳои савдову хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзиш, майдончаҳои бозии кӯдакон, меҳмонхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, бунёди роҳу пулҳо, боғҳои интенсивӣ ва ғайраҳо пешбинӣ гардидаанд. Аллакай, аз номгӯи иншооти зикршуда то ба имрӯз  як қатор иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ояндаи наздик кашидани хати роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент роҳандозӣ мегардад. Аз тарафи мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳавии шаҳр, аз ҷумла оид ба харитасозии роҳи оҳан, корҳои муштарак ҷараён доранд. 
Дар шаҳр, инчунин, бунёди коргоҳҳои пуриқтидори саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони коргоҳи коркарди мис дар назди ҶДММ КМ "Зарафшон" оғоз гардид. 
Дар умум, шаҳри Панҷакент дар ояндаи наздиктарин ба қисмати ғарбӣ ва соҳили рости дарёи Зарафшон доман паҳн мекунад. Аз рӯи тарҳи меъморӣ, дар минтақаҳои нав маҷмуи биноҳои таъиноти иҷтимоию хизматрасонӣ бунёд ёфта, барои сокинон тамоми шароитҳои хуби кору зиндагӣ  фароҳам оварда мешаванд. Бо қомат афрохтани  иншооти нав  ҳоло манзараи шабонаи шаҳр зебою диққатҷалбкунанда буда, сокинон ва меҳмонони  шаҳр  онро шабонарӯзӣ тамошо мекунанд. Бахусус, тамошои  майдонҳои муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчаму Нишони давлатӣ, гулгашти назди осорхонаи ҷумҳуриявӣ, майдони Деваштич ва Рамзи китоб  ҷолибу руҳнавоз аст. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боз ҳам барои зебою фараҳбахш ва ба ҷои дӯстдоштаи меҳмонону сокинони диёр табдил додани боғҳои мавҷудаи фарҳангию фароғатӣ, васеъ намудани ҳудуди онҳо иҷрои як қатор корҳоро пешбинӣ намудааст. Ҳамчунин, дар яке аз мавзеъҳои хушманзара ва қадимии шаҳр бунёди боғи нав дар нақша мебошад. Иҷрои нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва тамоми мардуми шарифи шаҳри Панҷакент муташаккилӣ, кордонию дилсӯзӣ, масъулияти баланди шаҳрдориро тақозо мекунад. Бовар аст, ки нақшаҳо дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд иҷро шуда, чун ҳамеша мояи рӯю сурху сари баланди аҳли Панҷакент мегарданд. 
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд: "Мо бояд дар панҷ соли оянда тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем".
Ин гуфтаҳо имрӯзҳо барои хурду бузурги мардуми ободкор, меҳнатдӯст ва фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент сармашқи кору шиори зиндагист. 
 
Абдухолиқ  ХОЛИҚЗОДА, раиси шаҳри  Панҷакент

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2022    №: 171    Мутолиа карданд: 889
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед