Хабарҳо
КӮШОНИЁН. ТУҲФАИ РАИСИ НОҲИЯ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста нисбат ба ятимони кулл ва оилаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷониби раиси ноҳияи Кӯшониён ба як гурӯҳ ятимон либос ва лавозимати мактабӣ тақдим гардид.
Раиси ноҳия ҳангоми суҳбат бо кӯдакон ва наздикони онҳо таъкид намуд, ки онҳо зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри зиндагии арзандаи онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯдакон ва наздикони онҳо миннатдории хешро ба Пешвои миллат баён намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри ободонӣ ва шукуфоии Меҳани хеш камари ҳиммат мебанданд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3643