logo

Хабарҳо

«АЗ САДОҚАТ, АЗ МУҲАББАТ...»

Бо ном ва навиштаҳои Башир Усмон чанд сол пештар тавассути матбуоти даврӣ ошно шудам. Чанд ҳикояи хурди ӯро барои нашр дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» омода намуда будам. «Кӣ аст ин Башир Усмон?» – мепурсидам аз худ ва аз баъзе ҳамкорон, аммо посухи дуруст гирифта наметавонистам. Номаш ба як нависандаи афғон монанд аст. Шояд худи ӯ бошад?», – мегуфтам ба бесабрӣ  дар пайи шинохти шахсияташ.
 
Чӣ маро во дошт, ки ҷустуҷӯро идома бидиҳам? Албатта, истеъдоди фитрӣ, ҷаҳонбинӣ, кӯтоҳбаёнӣ, забони содаву равони ҳикояҳояш. «Агар тоҷик аст, аз Тоҷикистон, на нависандаи Афғонистон, бурди адабиёти навини мо аст», – гузарондам аз зеҳнам.
Ин китоби тозанашраш ӯро бо ман шинос кард. Дар тааҷҷуб афтодам. Башир тахаллуси адабияш будааст. Охир, ин Маҳмудҷон Усмонов, як нафар ҷавони камгапу хоксор, мебошад, ки фаъолияти меҳнатияшро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» оғоз бахшида, баъдан, дар ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» идома дод. Дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҳсил дошт ва соли 2018 дар мавзуи «Бозтоби моҷарои Афғонистони асри XXI дар матбуоти тоҷик» рисолаи илмӣ дифоъ кард. Алҳол муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» мебошад. То ин муддат муаллифи китобҳои «Дидор», «Ҳадяи зиндагӣ», «Моҷароҳои «водии гургон»», «Агар ҷавонӣ медонист...» ва монографияи «Афганский конфликт XXI века и таджикская печать»-ро ба нашр расондааст. Ҳашт сол пеш барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дастовардҳо ва сабабҳои ба ин зудӣ ноил шудани ӯ чист? Ба ин пурсиш дар оғози китоб мо посухи возеҳу равшанро пайдо карда метавонем: «Бо муҳаббат сухан гуфтан, бо муҳаббат нигаристан, қалби саршор аз меҳр доштану аз он ба дигарон нисор кардан ва, дар маҷмуъ, бо муҳаббат зистану аз ҳодисаҳову рӯйдодҳои олами атроф танҳо зебоиҳоро дида тавонистан...». Бешак, ин гуна пиндору гуфтору кирдор касро ба  қуллаҳои мақсуд мебарад ва ҳам дар миёни хонандагон муаллифаш маъруф мегардаду маҳбубият пайдо мекунад.
Албатта, баъзе аз ҳикояҳои хурди ин маҷмуа иборат аз таҳияву гирдовардаҳои ӯ ба шумор мераванд, аммо дар баробари ин, навиштаҳои Башир Усмон низ китобро ҷолибу хонданӣ кардааст. «Аз садоқат, аз муҳаббат...» дар нашрияи «Шарқи озод» чоп шуда, туҳфаи арзишмандест ба хонандагон ва аҳли завқу ҳаводорони каломи бадеъ.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
«ҲАР ДАВРУ ҲАР МАРД»
 
Бо чунин унвон маҷмуаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда ва драмманависи шинохтаи тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо тавассути чопхонаи «Истеъдод» бо теъдоди 400 нусха аз чоп баромад.
 
Часпу талош ва гирудорҳо барои ҳақиқату адолат, саргардониҳои ба ҳадаф расидану сарнавиштҳои шикастаи инсонҳо, ҷовидон будани ҳисси ишқу муҳаббат чи дар дили пиру чи дили барно – ин аст мавзую муҳтавои қиссаҳо ва ҳикояҳои солҳои гуногун эҷоднамудаи Тоҳири Муҳаммадризо.
Китоб аз панҷ қисса: «Ғӯраи сармозада», «Ҷоду», «Муноҷот», «Зулмат», «Ҳар давру ҳар мард» ва 31 ҳикояи шавқангез мураттаб гаштааст.
Умед аст, ки мутолиаи қиссаву ҳикояҳои адиби хушнигор ба ҳаводорон писанд меафтад.
 
Умар АЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед