logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Яке аз омилҳои асосии буҳрон ва муқовимати шадиди сиёсӣ, ки оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ овард, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои идоракунӣ ва давлатдорӣ дар оғози истиқлол ба шумор меравад. Бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ, майдоншинӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, куштор, лату кӯби одамони бегуноҳ, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ ба давлату Ҳукумат, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон оварда буд, маҳз ҳолати фалаҷ гардидани фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, хосатан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. 
Қонуншиканӣ дар оғози марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ҳадде расида буд, ки Президенти нахустин Қаҳҳор Махкамовро тавассути фишор маҷбур карданд, ки ба истеъфо равад. Куштори ваҳшиёнаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев (24.08.1992) аз ҷониби силоҳбадастони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ далели он буд, ки қонун, шаъну эътибор ва ҷони инсон дар назди гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифин арзише надошта, онҳо омода буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз даҳшатноктарин васила - куштор, зӯроварӣ, таҳдид ва гаравгонгирӣ истифода баранд. Гаравгон гирифтани вакилони Шурои Олӣ ва аъзои Ҳукумат (муовини Сарвазири ҷумҳурӣ) далели беҳокимиятӣ, қонунпоймолкунӣ, фалаҷ шудан ва бетарафии сохторҳои давлатӣ маҳсуб мегардид. 
Бо таҳдиду зӯроварӣ, зери мили силоҳ маҷбур сохтан ва гирифтани аризаи Президенти ба тарзи овоздиҳии умумихалқӣ интихобшуда Раҳмон Набиев (6.09.1992) дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби ба истилоҳ “ҷавонони Душанбешаҳр”, ки дар асл силоҳбадастони ТЭТ ҲНИ буданд, нуқтаи олӣ ё ҳадди баланду ниҳоии қонуншикании гӯшношунид, бемисл ва билкулл фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. 
Террор  ва  куштори  як  зумра   ходимони   сиёсию   давлатӣ: Моёншо Назаршоев, Мунавваршоҳ Назриев, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, олимони намоён Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, нависанда Сайф Раҳимзода Афардӣ, журналистон Муродулло Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Владимир Никулин ва дигарон далели беҳокимиятӣ ва таҳдиди ошкорои олами ҷиноятӣ ба давлат буд. 
Дар як муддати кӯтоҳ ду президент (Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев), чор раиси Шурои Олӣ ва дигар роҳбарони баландмақоми ҳукумат бо роҳи фишору зӯроварӣ иваз карда шуданд, ки ҳамаи ин далели раднопазири бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои давлатдорӣ ва аз даст рафтани зимоми идоракунӣ аз ҷониби шахсони масъул ва олимансаби давлатӣ ба ҳисоб меравад. Хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон, пароканда шудани миллати тоҷик аз фарзандони баору номус ва ватандӯст тақозо менамуд, ки барои аз ин вартаи ҳалокат баромадан чораву тадбирҳои ҷасурона ва заруриро андешанд. 
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва сароғози таъмини ваҳдати миллӣ меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, бедодгарию ваҳшонияти гӯшношунид хотима гузошт, ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон аз нав барқарор намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, ки кафили ҳимояи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва оромиву амнияти ҷомеа мебошад, асос гузошта шуд. Аз минбари Иҷлосия Пешвои миллат зимни муроҷиати хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин таъкид доштанд: “Мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, дар пешорӯи таърих аслан арзише надорад”. 
Бо талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба шумор рафта, Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва маҳз ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол буда, он роҳи интихобкардаи мардумро дар амри бунёди давлати навини тоҷикон муайян ва мушаххас кард. Дар таҳия, баррасӣ ва қабули Конститутсия нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. 
Дар маҷмуъ, нақши бузург ва таърихии Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти бунёдгузории давлати навин ва соҳибистиқлоли  тоҷикон бо чанд далел метавон собит намуд: 
Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Дар рӯзҳои аввалини фаъолият дар назди Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкил ва сарнавиштсоз меистоданд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии кишвар буд, ки қадамҳои нахустин дар ин самт дуруст ба роҳ монда шуданд. 
Дуюм, роҳ ба сӯйи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Дар оғози давлатсозии навини тоҷикон интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат масъалаҳои калидӣ буданд. Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсиро ташкил медоданд, ки он оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда буд. 
Дақиқ ва саҳеҳ муайян намудани роҳи рушди минбаъдаи давлат ва нияту ормонҳои халқ, ба ҳимояи манфиатҳои мардум равона сохтани ҳадафу мақсадҳои давлату Ҳукумат яке аз амалҳои таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд. 
Сеюм, таҳияи низоми нави ҳуқуқии миллӣ. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун появу таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозорӣ, тантанаи демократия, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд амали созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад. 
Дар умум, таҳлилу баррасии раванди давлатсозӣ ва ташаккули давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ аз он медиҳад, ки баъди бештар аз ҳазор сол ба тоҷикон муяссар гардид, ки соҳиби давлати хеш гарданд. Аммо ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ ба осонӣ муяссар нагардид, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ монеаи ташаккули ин раванд шуда, ҳатто хатари адами давлати мазкур ва аз даст рафтани истиқлоли миллӣ эҷод кард. Хушбахтона, ба бахти мардуми тоҷик сиёсатмадоре ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардиданд. Хиради сиёсӣ ва такя бар таҷрибаҳои таърихии давлатдории тоҷикон ба Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки хатари нобудии ҳастии миллати тоҷикро аз миён бурда, Тоҷикистонро ба унвони як давлати соҳибистиқлол ба харитаи сиёсии ҷаҳони муосир тавассути ташаббусҳои созандаи хеш ворид намоянд. Дар тули 31 сол раванди давлатдории тоҷикон дар марҳилаи нави таърихӣ хеле такмил ва ташаккул ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки маҳсули хирад, андеша ва тадбиру  сиёсати  созандаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 
 
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,  муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 714
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед