logo

маориф

1 СЕНТЯБР. ВАҚТЕ СОЛИ ХОНИШ БО НАВГОНИҲО ОҒОЗ МЕШАВАД...

Дониш ва донишомӯзӣ муҳимтарин унсури маънавии инсон, ҷавшани башарият аз ҷаҳлу бадкирдориҳо ва омили истиқлолбахшӣ ҳоло дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифта, дар роҳи азхудкунии он  ҳамасола Рӯзи дониш кишвари моро навгониҳои беназир фаро мегиранд. Имсол  дар яке аз бахшҳои ниҳоятдараҷа муҳими мамлакат – соҳаи тибби ҷумҳурӣ, шоҳиди яке аз чунин туҳфаҳои мондагору ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем. Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дари боз як даргоҳи муҳташами илмомӯзӣ – бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба рӯи ташнагони илму маърифат кушоданд. Руҳи Синое, ки дар замони худ хорию зорӣ ва азобу уқубати алим дида буд, аз ин қадар шаҳомату шукуфоиҳо атрофи ному пайкораш акнун беандоза шод шуд. 
Ҳамон тавре мо, сокинони гӯшаю канори ҷумҳурӣ, огоҳ гардидем, он аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурию таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Баробари ин, фақат ҳамин сол ба муносибати оғози соли хониш бо иштироки Пешвои миллат иншооти зиёди соҳаи маориф ифтитоҳ ёфт, ки ин ҷо зикри ҳамаи онҳо имкон надорад. Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат садҳо иншооти наву замонавии  дигар ба фъолият оғоз намуданд, ки гувоҳи ғамхории доимию афзояндаи давлату Ҳукумат дар ҷодаи илму маориф аст. 
Бо чунин пешравиҳо ва таъмини шароитҳои нави таҳсил оғоз ёфтани соли хониш боис ба он мегардад, ки насли нав ҳар чи бештару хубтар аз малакаҳои нави замонавӣ баҳраманд гардад.  Бо вуҷуди он ки ҳамасола шумораи муҳассилин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ босуръат меафзояд, шароиту имконоти хониш барояшон аз ин бештар муҳайё гардида истодааст. Чунончи аз рақамҳо бармеояд, дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расидааст.
Дар ивази чунин ғамхориҳои бемислу барои насли имрӯзу оянда тақдирсоз фақат лозим аст, ки ҷавонону наврасон бо пайравии содиқона аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дучанд омӯзанду дар ҷомеа шахсияти созанда ва барои пешрафти Ватани азизи худ саҳим бошанд
 
Гуландом РАҲМОНОВА, 
Гулрафтор АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгорони Коллеҷи технологии 
шаҳри Душанбе,
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 2062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед