logo

маориф

АВВАЛДАБИСТОН

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ояндаи ҷомеа арзёбӣ карда, падару модарон ва муассисаҳои таълимиро дар мавриди тарбияи дурусти онҳо муваззафу масъул медонанд. Тарбияи кӯдак, воқеан ҳам, кори осон набуда, аз калонсолон дониш, малака ва таҳаммулпазирии зиёдро тақозо мекунад. Ҷараёни тарбияи кӯдаки синни томактабӣ дар аксар маврид барои волидон хеле душвор паси сар мешавад. Биноан, суоли меҳварӣ ин аст: “Чӣ гуна мебояд кӯдакро ба мактаб омода кард, ба чӣ мебояд диққат дод, фаҳмишҳои кӯдаки синни томактабӣ бояд ба чӣ талабот ҷавобгӯ бошанд, то ин ки ба донишандӯзӣ зуд унс гирифта, барномаи дарсиро роҳат аз худ карда тавонад?”
Фаромӯш набояд кард, ки кӯдак аз лаҳзаи ба дунё омадан то ба шомил шудан ба мактаб, масири мушкил, аммо хеле ҷолиби рушди зеҳнии аввалияро паси сар мекунад. Маҳз ҳамин марҳилаи ҳаёт кори кӯдакро дар мактаб осон ва ё баръакс душвор мекунад. Яъне, агар кулбори донишҳои аввалияи ӯ пур бошад, ҷараёни донишандӯзии ӯ дар мактаб беҳтар, бемушкил сурат мегирад. Барои ин, мебояд кӯдакро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба мактаб омода кард, бе баҳонаҳои бемаврид ба ҳар як суолаш ҷавоби дақиқ дод, бо ӯ дуруст муошират кард, ба ӯ имкони сухан гуфтан дод ва суханашро то охир гӯш кард, дар ҷамъият, яъне бо одамони дигар баробар зистанро ба ӯ ёд дод ва ниҳоят, мебояд бо гуфтору рафтори нек барои ӯ намуна буд. Ин аввалин, аммо асоситарин зинаи тарбияи кӯдак аст, ки бо таълимоти хурд тавъам ба роҳ монда мешавад. Агар ин марҳилаи умри кӯдак мувофиқи мақсад ё худ аз ҷиҳати педагогию психологӣ дуруст пушти сар шавад, он барои ҳамчун як шахсияти комил ба воя расидани ӯ ба таври хеле фаъол мусоидат мекунад. 
Тарбияи томактабӣ дар кӯдакистон идома пайдо мекунад. Фарқи тарбия дар кӯдакистон аз хона дар он аст, ки ба як ё якчанд ҷузъи тарбия: муошират, ғизохӯрӣ, қазои ҳоҷат, бозӣ ва гирифтани донишҳои аввалия як шахси алоҳида – мураббӣ вобаста аст. Дар назари аввал кори мураббияҳо нисбат ба падару модар осон аст, лекин, агар инро, ки онҳо якбора бо чанд кӯдак сару кор мегиранд ва ҳаҷми корҳои иҷромекардаашон зиёд аст, ба назар гирем, дарк мешавад, ки масъулияти мураббияҳо низ бемуҳобот сангину душвор аст. Барои осон шудани кори онҳо бояд парасторони кӯдак низ тарбияи ӯро дар хона ба таври фаъол идома диҳанд. 
Дар ҷараёни тарбия се тарзи таъсиррасонӣ ба кӯдак маъмул аст: ҷазо додан, ҳавасмандӣ ва нишон додани намунаи фардӣ. Таъсиррасонии тарзи сеюмро аксар педагогҳо аз ҳама таъсирбахш мегӯянд, зеро кӯдак дар он айёми беғамии умр ҳамеша ба калонсолон тақлид карда, оҳиста-оҳиста гуфтор, рафтор, амал, ҳатто ҳунар ва донишҳои падару модар, аҳли хонавода ва дигар атрофиёнашро чида мегирад. Дар лаҳзаҳое, ки кӯдакон бо ҳам мемонанд, ё умуман дар вақти фориғ аз ҳузури калонсолон, ҳама тифлон бо бозиҳояшон ошкоро он чиро, ки аз ҷамъият дидаанд, шунидаанд, омӯхтаанд, такрор мекунанд ва ҳатто бо сухану ҳаракатҳои ширину ҷолиб нақш меофаранд. 
Дар мавриди усули ҷазо бояд донист, ки, агар он аз ҳад зиёд бошад, метавонад, кӯдакро дамдузд, канораҷӯ ва аз ҳама бадтар – беирода ва тарсу кунад. Ҳавасмандсозӣ низ дар шакли ваъда кардани ширинӣ, бозича, лӯхтак бояд меъёр дошта бошад, вагарна тифл манфиатҷӯ, найрангбоз, танбал ва тайёрхӯр ба воя мерасад. 
Як ҷузъи дигари тарбия, ки аксар вақт мо онро фаромӯш мекунем ё нодида мегирем, ин таваҷҷуҳ кардан ба кӣ будани дӯстони фарзандонамон аст. Шояд шумо бигӯед, ки он ҷӯраю дугонаҳо ҳам тифланд, тифли бегуноҳ. Дуруст, лекин онҳо низ дар зери таъсири муҳите қарор доранд. Бояд ин воқеияти талхро бипазирем, ки дар баъзе оилаҳои мо, мутаассифона, сухани зишт гуфтан, дашном додан, хархаша, бо асабоният аксуламал нишон додан ба як кори маъмулӣ табдил ёфтаанд. Дар кӯдакистону мактаб чунин гуфтору рафторҳо аз ҷониби мураббияву муаллимон то қадри имкон пешгирӣ ва назорат мешаванд. 
Бепарвоии дигари баъзе аз падару модарон ин аст, ки онҳо худро аз тарбияи фарзандашон дар кӯдакистону мактаб фориғ меҳисобанд ва ё дидаю дониста канор мегиранд. Муҳим аст, ки падар, модар ё дигар парастори кӯдак гоҳе бо мураббӣ ва муаллими фарзандаш ҳамсуҳбат шавад, аз сатҳи ахлоқу дониши ӯ огоҳ шавад ва, агар лозим аст, дар мавридҳои зарурӣ ба тарбиятгарони кӯдакистону мактаб дар ин ҷода ҳам дар хона ва ҳам дар дигар ҷойҳо мадад расонад. Чунки хушахлоқ, хушрафтор ва донишманд, мушаххасан як инсони комил ба воя расонидани атфол, кори як-ду нафар не, балки дастаҷамъист.  
 
Мадина САФАРОВА, 
мудири Муассисаи томактабии № 7-и ноҳияи Кӯшониён  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 2061
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед