logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ДУНЯВӢ

Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин неъмати бебаҳо меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва бахту саодати миллиро таъмин намуд. Соҳибистиқлолӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 
Имрӯз аз файзи Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷикро тамоми дунё чун миллати тамаддунофар эътироф мекунад. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун таҳсил ва фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи мамлакатҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама аз файзи истиқлол аст.
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон чунин таъкид карданд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Воқеан, назаре ба вазъи ҷаҳони имрӯза, бахусус, кишварҳои гирифтори низоъҳои гуногун моро ҳушдор медиҳанд, ки ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ беш аз пеш бирасем ва онро ҳифзу таҳким бахшем. Зеро, замоне буд, ки диёри тоза ба истиқлолрасидаи мо низ бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ ба гирдоби ҷангу парешониҳо кашида шуд. Ва танҳо талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат дар роҳи барқарории сулҳ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои орому осуда дорад ва суръати рушду пешрафти иқтисодӣ дар мамлакат таъмин аст. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ низ ба муваффақиятҳои қобили мулоҳиза даст ёфта, дар шахси Роҳбари башардӯсти худ ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ном баровард.
 
Мубиншех ҚУРБОНОВ, 
прокурори раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед