logo

иқтисод

КӮШОНИЁН ДАР МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

 
Дар замони муосир таҳкими амнияту субот ба вазъи муътадили иқтисодӣ сахт марбут аст. Роҳбарону меҳнаткашони ноҳияи Кӯшониён бо дарки ҳамин нукта вазифаҳои дар пешашон гузоштаи Ҳукумати мамлакатро бо садоқат иҷро карда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуданд.
 
ОМОДАГИҲО БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ   
 
– Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо иборат аз 252 банд тасдиқ гашт. Яъне, дар рафти корҳои ободониву созандагӣ 252 бинову иншооти таъиноатшон гуногун сохта мешавад, ки аз ин 17 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ мебошад, – иброз дошт Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён.
Дар давраи амалишавии нақшаи чорабиниҳо сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, 18 маркази саломатӣ, 3 сартарошхона, 67 синфхонаи иловагӣ, 4 коргоҳи хурди дӯзандагӣ, корхонаи коркарди сангу шағал, корхонаи мевахушккунӣ, корхонаи нассоҷӣ, коргоҳи хурди истеҳсоли хиштҳои сементӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти офтобпараст, корхонаи коркарди меваю сабзавот, коргоҳи консерв, 2 сардхона, 84 мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ва маркази хизматрасонӣ, 2 майдончаи варзиш, 2 дорухона, таъмири 4 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 31,2 километр роҳ ва 3 пул, насби 11 трансформатор, чароғонсозии 4,2 километр роҳ ва бунёди  биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, сомон дода мешаванд, ки дар натиҷа зиёд аз 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Соли равон бунёди 22 иншоот дар нақша аст, ки то имрӯз 19-то ё ин ки 86,4 дарсадаш мавриди истифода  қарор  гирифт.  Аз ҷумла, 3 мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, 2 трансформатор, бинои баландошёна, нуқтаи таъмир, нуқтаи шустушӯи автомобил, дукони хидматрасониҳои компютерӣ, толори саққобозӣ, дорухона, сехи хурди дӯзандагӣ ва корхонаи мевахушккунӣ, бандубасти меваю сабзавот ва маркази логистикӣ аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Достиев бо маблағгузории грантии USAID ACTED ба 2 миллиону 484 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа зиёда аз 20 сокини ноҳия бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин гашт. 
Инчунин, дар арафаи Ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти корхонаҳои сохташаванда” - и Вазорати нақлиёт барои сохтмони пул дар шаҳраки Бӯстонқалъа дастур дода шуд. Маблағи лоиҳавии пул 3 миллиону 85 ҳазору 186 сомонист, аллакай, 3 миллиону 42 ҳазору 693 сомонӣ аз худ гардид. Пудратчии сохтмон ҶДММ “Аҳмадиён” аст. Дарозии пул 85 метр, паҳноиаш 3,2 метр буда, иқтидори бардоштани 15 тонна вазнро дорад.
 
ИҶРОИ БАРНОМАИ РУШД
 
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Кӯшониён бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардида, 193 лоиҳаро ба маблағи умумии 212 миллиону 182 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 35 миллиону 528 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 15,78 миллион сомонӣ, буҷети ноҳия 9,45 миллион сомонӣ, соҳибкорону шаҳрвандон ва маблағҳои худӣ, ташкилоту идораҳо 67 миллиону 354 ҳазор сомонӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 94,07 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, барои солҳои 2021-2025 дар соҳаҳои кишоварзӣ 13 лоиҳа ба маблағи 13,94 миллион сомонӣ, саноат – 4 лоиҳа  – 37,5 миллион сомонӣ,  таъминот бо барқ – 7 лоиҳа – 2,773 миллион сомонӣ, соҳибкории хурду миёна – 29 лоиҳа – 16 миллиону 918 ҳазор сомонӣ, нақлиёт, роҳ ва алоқа – 6 лоиҳа – 12,01 миллион сомонӣ, меъморӣ ва сохтмон – 8 лоиҳа – 15,6 миллион сомонӣ, маориф ва илм – 35 лоиҳа – 40,43 миллион сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ – 24 лоиҳа– 17 миллиону 178 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 33 лоиҳа – 15,6 миллион сомонӣ, таъминоти оби ошомиданӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ – 7 лоиҳа – 10,61 миллион  сомонӣ,  ҳифзи  муҳити зист – 9 лоиҳа – 11,86 миллион сомонӣ ва таъминоти захиравӣ 6 лоиҳа ба маблағи 263 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Тибқи маълумот, аз аввали амалишавии барнома ба ҳолати 1 июли соли 2022-юм 13  лоиҳа ба маблағи 34 миллиону 769  ҳазор сомонӣ ё ин ки 15,7 дарсад, аз ҷумла дар соҳаҳои соҳибкории хурду миёна 2  лоиҳа ба маблағи 3,903 миллион сомонӣ, маориф ва илм 5 лоиҳа ба маблағи 22,433 миллион сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳа ба маблағи 4,73 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1 лоиҳа ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, таъминоти барқ 1 лоиҳа ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ҳифзи муҳити зист 1 лоиҳа ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ, меъморӣ ва сохтмон 1 лоиҳа ба маблағи 3 миллион сомонӣ пурра таъмин гардидааст. 
Айни замон дар соҳаҳои соҳибкории хурду миёна татбиқи 2 лоиҳа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  3 лоиҳа, таъминот бо барқ лоиҳаи маориф 1 лоиҳа, фарҳанг ва варзиш 4 лоиҳа, нақлиёт ва роҳ лоиҳаи, таъминоти оби нӯшокӣ 1 лоиҳа ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 1 лоиҳа идома дорад.Таҳлил нишон дод, ки аз 193 лоиҳа 13-тоаш ба маблағи 31,869 миллион сомонӣ  пурра иҷро гардида, баҳри иҷрои 14 лоиҳа тадбир меандешанд. 
 
САНОАТ ТАВОНМАНДӢ МЕГИРАД 
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҳадафҳои асосӣ масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардид, ки мутобиқи он дар назди саноатчиёни ноҳияи Кӯшониён роҳандозӣ намудани тавлиди молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашударо тақозо намуда, бо мақсади рушди соҳа ҷиҳати амалигардонии занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ – бозори фурӯш” андешидани тадбирҳо зарур шумурда мешавад. Бо дар назар доштани он, ки солҳои охир тавассути дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда мароқи зиёд зоҳир гардид, масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ дар масъалаи ба кор даровардани корхонаҳо ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ якҷо бо бахши хусусӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ноҳия 40 корхонаи саноатӣ ва 2 корхонаи саноатии навъи хизматрасонӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 56 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад.
Дар ноҳия дар маҷмуъ, 543 тонна нахи пахта, 7579 тонна орд, 1671 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 2622 тонна равғани рустанӣ, 28202 метри мукааб масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), 1 миллиону 574 ҳазор дона хишти сементӣ, 475 тонна риштаи пахтагӣ ва дигар намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 780 тонна орд, 27,6 тонна равғани рустанӣ ва 122 тонна риштаи пахтагӣ зиёд мебошад.  
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 158 миллиону 980 ҳазору 800 сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 миллиону 362 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда 69,8 дарсадро ташкил менамояд. Саҳми корхонаҳои саноатӣ дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 16,3 дарсадро ташкил менамояд.
 
КИШОВАРЗОН ПАРЧАМИ ЗАФАРРО ПАРАФШОН МЕНАМОЯНД 
Фаъолияти кишоварзон дар асоси дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат гирифта, тибқи маълумот ба 1-уми августи соли 2022 дар майдони 1 ҳазору 412 гектар ғалладона, 188 гектар ҷуворимакка барои дон, 180 гектар шолӣ,  1 ҳазору 722 гектар сабзавот, 453 гектар картошка, 180 гектар полизӣ, 11 ҳазору 454 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 11 ҳазору 321 гектар пахта ва 2 ҳазору 699 гектар зироатҳои хӯроки чорво кошта шуд.
Ҷамъоварии маҳсулот идома дошта, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 16 ҳазору 186 тонна ғалла, 18 ҳазору 109 тонна картошка, 108 ҳазору 480 тонна сабзавот, 7 ҳазору 401 тонна полизӣ, 8 ҳазору 613 тонна мева ва 1 ҳазору 430 тонна ангур ҷамъ оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,1 то 135,4 фоиз зиёд мебошанд. Дар майдони 7 ҳазору 813,7 гектар кишти такрорӣ анҷом ёфт, ки 109 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.         
Аз ноҳияи Кӯшониён ба хориҷи кишвар 4 ҳазору 501 тонна маҳсулоти кишоварзӣ: сабзавот, пиёз, полизӣ ва мева содирот гардид, аз ҷумла 1934,5 тонна тавассути нақлиёт ва 2567 тонна тариқи роҳи оҳан. Имрӯзҳо ғунучини пахта ва гирифтани маҳсулот аз 81 оилаи занбӯриасал идома доранд.  Заркорон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, баҳри рӯёндани ҳосили фаровон ҷадал доранд. 
 
ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ САРДӢ
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023» ситоди ноҳиявӣ ба фаъолияти густурда оғоз намуд. Нақшаи чорабиниҳо аз 19 банд иборат буда, иҷрои онҳо зери назорати махсус қарор дорад.
Барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида ба  соҳаи маориф 460 ҳазору 400 сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 37 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ин маблағ ангишт, ҳезум ва дигар маҳсулот мехаранд. Ҳамчунин,  таъмири 10 кашари фермаи гӯсфандпарварӣ дар арафаи иҷро аст. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 1125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед