logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

Садрнишини ҷадвал иваз шуд
 
4 сентябр «Истиқлол» дар бозии марказии даври 14-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар «Файзканд» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, бо касби 27 хол ба мавқеи аввали ҷадвал баромад. 
Дар вохӯрии дигари давр «Равшан-К» ба дарвозаи КМВА як голи беҷавоб зад.
Натиҷаи қувваозмоиҳои дигар: «Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0, «Истаравшан» – «Равшан-З» – 2:2 ва «Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0.
 
 
СУПЕРЛИГА
«Истиқлол» ба зинаи якум баромад 
 
Футзалбозони бошгоҳи «Истиқлол» дар зӯрозмоии марказии даври 13-уми Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Сипар»-ро шикаст дода (4:2), бо 32 хол ба зинаи аввал баромаданд.
Рақобат миёни дастаҳои «Пойтахт» ва «Истаравшан» бо ҳисоби 5:7 хотима ёфт.
«Соро компания» бошад, бар «Самандар» пирӯз омад (9:2).
Пас аз ин давр дастаҳои «Сипар» ва «Соро компания» бо 31-холӣ ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд.
Дар даври оянда «Истаравшан» бо «Истиқлол», КМВА бо «Самандар» (10 сентябр), «Пойтахт» бо «Равшан» ва «Соро компания» бо «Сипар» (11 сентябр) неру месанҷанд.
 
 
ГИМНАСТИКАИ БАДЕӢ
Панҷ медали наврасони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ 
 
Варзишгарони навраси тоҷик дар VI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ (Актау, Қазоқистон, 23 – 28 август) сазовори 5 медали биринҷӣ гаштанд. 
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, кишварро 4 дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд. Нишонҳоро Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода (ду медал), Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода ба даст оварданд.  
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3081
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед