logo

Хабарҳо

Кумаки Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди пойтахт

 
Дар арафаи Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба имзо расид, ки тибқи он, дар маҷмуъ, ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин, кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳр кумакҳои пулию моддӣ расонда шуд.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, мувофиқи қарор, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати расондани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо низ тадбирҳо андешанд.
 
 
Супурдани нусхаи эътимоднома 
Сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ супурд, - хабар дод Вазорат.
Зимни маросим перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
 
 
Душанбе – дӯстдоштатарин макони шаҳрвандони Россия
Фурудгоҳи бузурги Москва– Внуково маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро интишор кард. Тобистони соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Внуково «Хатсайри Москва– Душанбе» ба қатори панҷгонаи маъмултарин самтҳои байналмилалӣ шомил шуд,- иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Агентии хабарҳои шаҳрии «Москва».
Ба ҳамин тариқ, парвозҳо аз фурудгоҳи Внуково ба Душанбе, Анталия, Ереван, Истанбул ва Дубай дар мавсими тобистон самтҳои маъмултарини хориҷӣ гардиданд.
Агентии «Москва» хатсайри SZ 334 «Москва – Душанбе»-ро, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад ва хатсайри UT 803 «Москва – Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Россия «ЮТэйр» амалӣ мегардад, дар назар дорад.
 
 
Санги асоси бинои  нави факултети Академияи ВКД гузошта шуд
Бо мақсади таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳудуди бинои маъмурии факултети №4-и Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода, сардори раёсати ВКД дар вилоят Абдулло Навҷувонов, сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода, раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.
Бинои маъмурӣ аз таҳхона ва шаш ошёна иборат буда, дар он хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 ҷои нишаст, ҳуҷраҳои корӣ ва иншооти ёрирасон бунёд мешаванд. Интизор меравад, ки иншоот моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
 
 
 
Гузаргоҳи марзии Ҷартеппа муваққатан баста мешавад
Аз 5 то 16 сентябр  гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки бо мавзеи Саразми шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон  ҳаммарз мебошад, муваққатан баста мешавад, - иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ, инчунин, басташавии фурудгоҳи Самарқанд   ба баргузории нишасти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 15 – 16 сентябр дар шаҳри Самарқанд доир мегардад, иртибот дорад. 
Гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо деҳоти Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир аст. Аз ин гузаргоҳ, асосан, сокинони шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнии Тоҷикистон, ки ба тамошои Самарқанду Бухоро мераванд ва  онҳое, ки аз тариқи фурудгоҳи Самарқанд ба Россия сафар мекунанд, истифода мебаранд.
Инчунин,  5 – 16 сентябр барои ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин нуқтаи гумрукӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мегардад. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2525
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед