logo

иҷтимоиёт

МАҲСУЛОТИ ХАВФНОК ВА МУШКИЛОТИ ФАРБЕҲӢ

 
Агар ба сокинони кишвари азизамон назар афканем, фарбеҳӣ ба онҳо таҳдид намекунад, чун онҳо нисбатан серҳаракатанд. Вале рақамҳои зер баръакси ин гуфтаҳо мебароянд, яъне дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 17 дарсади синни калонсол вазни зиёдатӣ дошта, ин зуҳур дар кӯдакони аз синни 6 то 17-сола 4,7 дарсад рост меояд. Мутахассисони тиб, баробари камҳаракатӣ, ғизои носолимро омили фарбеҳӣ медонанд, ки он боз ба касалиҳои дигари хавфнок оварда мерасонад. Махсусан, хӯрокҳои равғании тезпаз ва нӯшокиҳои газдори ширин маъмул гаштаанд, ки боиси пайдо шудани бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мегарданд.
 
ҒИЗОИ БЕСИФАТ ВА ИСТИФОДАИ  БАРЗИЁДИ КОНСЕРВАНТҲО
Ҳама гуна маҳсулот, хусусан маҳсулоти гизоӣ, пеш аз ба рафи дукону мағозаҳо гузошта шудан, аз чанд ташхиси бехатарии маҳсулот ва назорати сифат мегузарад. Яъне, бо анҷом додани ин корҳо, ба мизоҷон маҳсулоти ҷавобгӯ ба талабот пешниҳод мешавад, ки солимии аҳолӣ аз он маншаъ мегирад. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо, ҳатто, аз оғози коркард то истеҳсолот риояи меъёрҳои бехатарии маҳсулот сарфи назар мешавад ва он зери хатар мемонад. Махсусан, агар маҳсулот аҳамияти саноатӣ пайдо карда, зарурати тавлиди хаҷман зиёди он ба миён ояд, шумораи ками истеҳсолгарон қоидаю талаботи бехатариро риоя мекунанд. Пеш аз хама, барои зиёд кардани муҳлати истифода ва пешгирӣ аз вайроншавӣ ба таркиби маҳсулот аз меъёр зиёд иловагиҳои нигоҳдоранда, ба монанди консервантҳо, зам карда мешаванд. Консервант моддаи кимиёиест, ки дар микроорганизмҳои зинда ва дигар ашё бо мақсади нигоҳдории тулонии маҳсулот истифода мешавад. Мисоли равшан, қаймоқи “Файзи Расул”, ки пӯшида нест, бе яхдон соатҳо дар як ҳолат меистад. Ё маҳсулоти ширию гӯштии истеҳсоли “Азизӣ”, “Покиза-М”. “Афзали зарзамин” ва амсоли инҳо.
Корҳои назоратию ташхиси аксари сохторҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки дар таркиби ҳасиб ҳамагӣ то 10 – 12 дарсад гӯшт мавҷуд буда, боқимонда иловагиҳои гуногун, ба монанди чарбуи сунъӣ, фарши лӯбиёӣ ва дигар иловагиҳои хӯрокӣ, ташкил медиҳанд. Ин аст, ки аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 400 тонна маҳсулоти гайристандартӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор маҳсулоти гӯштӣ 4645, равған 5621, қаннодӣ 1316, ширӣ беш аз 300, иловагиҳои ғизоӣ 16984, қанду набот ва асал 700 килограмм, ҳамчунин намак, ғалладонагӣ, тухм, консерв, меваи хушк дар ҳаҷми муайян мебошад. 
Мувофиқи маълумоти Исмоил Андамов, сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи давлатии бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ, аз ҷониби мутахассисони Кумита зимни гузарондани корҳои назоратӣ дар анбори ҶДММ “Ширинтоҷ”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, 150 кило хокаи равғани сунъии думба ва 3900 кило хокаи тетрасодиум пирофосфат, ки дар истеҳсоли ҳасиб истифода мешаванд, муайян гардида, бинобар хатарнок будан ба саломатӣ, аз муомилот бароварда шуд. Дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода низ 14300 кило панири мутааллиқ ба ҶДММ “Мақсудҷон М”, истеҳсоли Федератсияи Россия бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторӣ-беҳдоштӣ ва дар гузаргоҳи “Панҷи Поён”-и ноҳияи Ҷайҳун 9600 кило сирпиёзи мутааллиқ ба ҶДММ “Сорои Сафар” бозпас гардонда шуд.
Маҳз истеъмоли ҳамин гуна маҳсулоти бесифат, ки дар бисёр ҷойҳо аз онҳо хӯрокҳои зудпаз низ омода мекунанд, ба саломатӣ зарари калон мерасонад. Албатта, раванди ҷаҳонишавии саноати хӯрокворӣ солҳои охир барои ғизохӯрии аҳолии кишвари мо низ тағйироти ҷиддӣ ба амал овард, вале дар ин миён танзими раванди таъсиргузории маҳсулоти хавфнок имконпазир аст. Хусусан, барои Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки назорати ҳолати санитарию гигиении аз коркард то истеҳсоли маҳсулотро ҳамчун омили бехатарӣ ба уҳда дорад, бояд фаъолияти худро беҳтар ба роҳ монад. 
 
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ПЕШГИРИИ  ФАРБЕҲӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024 буда, ҳифзи солимии аҳолӣ бо назардошти пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим ба зиммааш мебошад. 
Тавре маълум гардид, аз солҳои аввали татбиқи барнома аз ҷониби Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии ба номи Ҳ. Мансуров" танҳо чанд банди барнома иҷро гардидаасту халос. Акнун, татбиқи барнома ба уҳдаи Маркази ҷумҳуриявии ғизо вогузор шуда, аз тарафи он низ корҳои назаррас дида намешаванд. 
 
Яъне, амалишавии барномаи пешгирии фарбеҳӣ алҳол дар ҳаво муаллақ мондааст. Ба таври зарурӣ татбиқ нашудани Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим сарфакоронаю мақсаднок истифода шудани маблағҳои дар ин самт ҷудошударо зери шубҳа мебарад. То ин дам аз ҷониби мақомоти марбута ошкор гардидани ҳолатҳои сарфи ғайримақсадноки маблағҳо низ дар ин ниҳод кам нестанд. Маблағҳои барои татбиқи барномаи болозикр ихтисоргардида низ дар пайи ин хоҳад буд. Ё масалан, маблағҳои барои таъмини ғизои мактабӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи Россия беш аз 80 миллион доллар аз соли 2013 инҷониб ҷудогардида, номаълум ба куҷо рафтааст.
Дар барнома мувофиқи маълумоти расмӣ, оварда шудааст, ки дар байни аҳолии ҷумҳурӣ афзоиши гипертонияи барвақтӣ ба 100 000 нафар аҳолӣ соли 2007 зиёда аз 280 ва соли 2017 қариб 590 ҳолатро ташкил  додааст. Ин нишондиҳанда барои бемории ишемияи дил соли 2010-ум 185 ҳолат, соли 2016 бештар аз 250 ҳолат мебошад. Дар мавриди диабети қанд солҳои зикршуда мутаносибан 52,6 ва 56,5 ҳолатро фаро гирифтааст. Сар задани ин ҳама намуди бемориҳо аз фарбеҳӣ сарчашма мегирад. 
Агар нишондоди фарогирии бемориҳо дар солҳои пешӣ, тавре мебинем, баланд аст, пас давоми панҷ соли охир рақамҳои болозикр бо назардошти паҳншавии бештари ғизои носолим эҳтимол ба таври чашмрас тағйир ёфта, боло рафтааст.
 
ИДОРАҲОИ НАЗОРАТӢ  ЧОРА МЕАНДЕШАНД, ВАЛЕ...
Пеши роҳи раванди босуръати тағйирёбии саноати хӯроквориро гирифтан мушкил аст. Чӣ бояд кард? Ягона воситаи танзими паҳншавии ғизои хавфнок ин пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат ва ҳам роҳ надодан ба истеҳсоли дохилии он мебошад. 
Барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ғизои хавфнок дар ҷумҳурӣ алҳол чанд сохтору идораҳои назоратӣ, ба монанди Агентии “Тоҷикстандарт”. Кумитаи давлатии бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад, ки ҳар кадом аз рӯйи ваколат санҷиш мегузаронад. Тавре иттилоъ додем, Агентии “Тоҷикстандарт” давоми шаш моҳи аввали сол беш аз 400 тонна маҳсулоти гайристандартӣ ошкор намуд. Кумитаи давлатии бехатарии озуқаворӣ низ зимни ташхиси маҳсулотҳои ба истеъмол ҷавобгӯ набударо аз фурӯш боздошт. Хадамоти санитарию эпидемиологӣ дар навбати худ ҳолати ғайрисанитарӣ ва гигиении бароришу фурӯши маҳсулоти ғизоиро ошкор кардааст.
Вале дар баробари ошкор сохтани маҳсулоти бесифат, ниҳодҳои болозикр чаро наметавонанд ба таври чашмрас пеши роҳи паҳншавии чунин ғизоро гиранд, ҳанӯз суоли матраҳ боқӣ мемонад. “Тоҷикстандарт”, баробари иҷозат-номадиҳӣ ба ин ё он коргоҳи истеҳсолӣ ё нуқтаи фурӯши ғизо, инчунин, боз онҳоро ҷарима мекунад, мақоли “як бому ду ҳаво”-ро мемонад. Кумитаи давлатии бехатарии озуқавориро низ зарур аст, дар самти пеш бурдани сиёсати таъмини бехатарии ғизо чораҳои қатъӣ андешад. Зеро аз маълумот бармеояд, ки ғизои бесифат ошкоргардидаи сохторҳои назоратӣ ғизои ниёзи аввалия мебошад. Яъне, гӯшт, шир, равғани рустанӣ, тухм маҳсулоти полизӣ ва, ҳатто, меваю сабзавоте, ки ҳамарӯза истеъмол мекунем, метавонанд бесифату ба саломатӣ зараровар бошанд! 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед