logo

иқтисод

РОҒУН. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ!

 
Имрӯзҳо дар шаҳри Роғун ба шарофати бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ – НБО “Роғун” корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳр низ дар авҷанд. Симои шаҳр сол ба сол зеботар мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёди саноатию муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар шаҳр далели ин гуфтаҳост.
Мардуми заҳматпешаи шаҳр ҳамаи ин пешрафтро натиҷаи сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, дилгармона ба сӯи фардои дурахшон гом мениҳанд. Бовар аст, ки дар ояндаи наздик Роғун ба як шаҳри бузурги замонавӣ, босуръат рушдёбандаи саноатию энергетикӣ табдил ёфта, дар миёни қуллаҳои баланди сарбафалак ва канори баҳри оби мусаффо чун гулбоғи навини Тоҷикистон дили ҳазорон ҳамватану сайёҳони хориҷиро мафтун хоҳад сохт.
 
БЕШ АЗ 100 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар робита ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бо раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода суҳбат оростем.
Тавре ӯ иброз дошт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳамаи гӯшаву канори кишвари азизамон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат корҳои созандагӣ идома доранд. Роғун яке аз шаҳрҳои зебоманзари Ватан, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои мусаффо, аз ҳама муҳим макони ҷойгиршавии иншооти аср – НБО  “Роғун”, мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷӣ, қарор дошта, дар ин ҷо ба муносибати ҷашни таърихӣ иншооти хуштарҳу замонавӣ бунёд гардида истодаанд.
Иншооти нав, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳамзамон, навсозии роҳу маҳаллаҳо на танҳо дар маркази шаҳр, балки дар деҳоти атрофи он ҳам бомаром сурат гирифта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ хоҳанд пайваст. Ҳамзамон, сокинони шаҳр аз ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат истиқбол намуда, дар эҳё ва рушди соҳа камари ҳиммат бастанд.
Инчунин, роҳи Роғун, ки солҳои зиёд таъмирро надида буд ва мардум бо мушкилӣ рафтуомад мекарданд, имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъмиру навсозии он оғоз гардида, тибқи нақша, 9 км буда, корҳо, аллакай, дар ин самт бо суръати баланд идома доранд.
-  Дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин дам қисме аз онҳо ба истифода дода шуданд, ки бештар ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои хизматрасонӣ ва пулу роҳҳои мошингузар марбутанд, - иброз дошт Сунъатулло Саидзода.
 
РУШДИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲР
Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати деҳқонон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, афзуд. Бо мақсади таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ, кишти зироатҳо ба 1017,5 гектар расонда шуд. Аз ин ғалладона наздики 560 гектар, зироатҳои техникӣ 35 гектар, картошка беш аз 110 гектар  ва хӯроки чорво 279 гектарро ташкил медиҳад. 
Дар ин давра аз 15,3 гектар боғи нав бунёд, инчунин, 3,4 гектар боғҳои куҳна барқарор шуданд. Хоҷагиҳои ноҳия ин давра 443,6 тонна гӯшт, 863,5 тонна шир ва 428,9 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд. 
Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ 3 ҳазору 840 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Инчунин, 19 хоҷагӣ ба моҳипарварӣ (сазан ва гулмоҳӣ) машғуланд. Роҳбарон, мутахассисон ва мутасаддиёни хоҷагиҳо барои боз ҳам баланд бардоштани маҳсулнокии чорво аз имкониятҳои мавҷуда дар оянда боз ҳам самараноктар истифода хоҳанд бурд, - таъкид кард раиси шаҳр.
 
САЙЁҲӢ ОЯНДАДОР АСТ
Агар ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз мавқеи ҷуғрофии маҳал назар афканем, шаҳри Роғун дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад. 
Бо назардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва мавзеъҳои истироҳатӣ, шаҳр барои рушди сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ тавсия дода мешавад. Инчунин, минтақаҳои дигари мувофиқ барои сайёҳӣ бо номи Гули Сурх, дараи Луғур, кӯҳи Яхдон, мақбараи хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ва дар оянда обанбори Неругоҳи барқии обии «Роғун» низ мувофиқи мақсад мебошанд. 
Имрӯзҳо барои сайёҳон дар шаҳр, шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 40 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 4 меҳмонхона, 7 осоишгоҳ, 5 тарабхона, 7 истироҳатгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр, ширкати сайёҳии «Нур – 76» ва  панҷ  хатсайри нави сайёҳӣ:  «Хоҷа Ҷунайд», «Ёнахш», «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» таъсис ёфтанд. Хатсайри «Хоҷа Ҷунайд» мавсимӣ буда, барои саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Хатсайри «Ёнахш» бошад, аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ, сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Чормағз, Пору, Фаррух, Ғофилобод  ва Ғашён дидан намоянд. Хатсайрҳои «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» бошанд, барои сайёҳии пиёдагардӣ нигаронда шудаанд. 
Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр боғи фарҳангии «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб мавқеъ гирифтааст ва он сабзу хуррам буда, ба кас ҳаловати хоса мебахшаду рамзи шаҳри нурофар будани Роғунро ифода менамояд.
Таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахшанд, ҷалб месозанд. Обҳои мазкур барои буғумдард, пӯст ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
- Дар оянда Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим дорад, ки тамоми мавзеъҳои мувофиқ барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатиро омӯхта, шароитҳои заруриро барои сайёҳон дар ин минтақаҳо муҳайё намояд, то ба ин васила гӯшаҳои биҳиштосои диёрро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем,- гуфт раиси шаҳр.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дуконҳои табақтарошӣ, заргарӣ, бофандагӣ, дуторсозӣ, дӯзандагӣ ва тоқидӯзӣ дар маркази шаҳр бунёд гардид. Инчунин, дар шоҳроҳ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфта, ҳоло қисми зиёди бонувони шаҳр ба дӯзандагӣ, бофтани ҷуробу жемпер, заргарӣ, муҳракашӣ, тайёр кардани гарданбандҳои бадахшонӣ, кокулҳои муҳрадор, адрасбофӣ, қӯроқдӯзӣ ва гулдӯзӣ машғуланд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, соли 2022-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард, - гуфт дар хотимаи суҳбат Сунъатулло Саидзода.
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед